Занони минаҷӯ

№44 (3190) 01.05.2014

ин иқдом дар ҷумҳурӣ назир надорад

A

Аз соли 2003 инҷониб БРСММ дар доираи лоиҳаи Маркази Тоҷикистон оид  ба масъалаҳои минаҳо чорабиниҳои вобаста ба амалиёти минаҳо ва ташаккули иқтидори миллиро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Давоми даҳ соли охир БР СММ дар идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва банақшагирӣ, инчунин мониторинг ва арзёбии ҳамаи қисматҳои (тозакунии заминҳо, нобудсозии захираҳо, маълумотдиҳӣ оид ба хатари минаҳо, кумак ба ҷабрдидагон ва ташвиқоту таблиғот) Барномаи амалиёти минаҳо дар Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст. Бевосита бо масъалаҳои тадқиқот ва безараргардонии минаҳо дар Тоҷикистон зери назорати Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо се агентии безараргардонии минаҳо -Ташкилоти Фонди Швейтсарӣ оид ба безараргардонии минаҳо, Дастаи безарарсозии башардӯстонаи минаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти «Кумаки мардуми Норвегия (NPA)» машғул мебошанд.

Иқтидори амалиёти ин ташкилотҳо аз гурӯҳҳои тадқиқоти ғайритехникӣ, поксозии дастӣ, сагҳои минаҷӯй ва мошинҳои безараргардонӣ иборат мебошад. Ҳайати шахсии гурӯҳҳоро ғайринизомиён ва хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ, ба мисли Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил медиҳанд.

Инчунин аз соли 2010 бо дастгирии молиявӣ ва техникии САҲА Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи сапёрони Тоҷикистон» таъсис ёфт. Он ягона ташкилоти миллӣ, гуманитарист, ки ба поксозии минаҳо машғул аст.

Ҳамаи кӯшишҳои мавҷуда ба харҷ дода мешавад, то ин ки Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалии худро дар чорчӯбаи Конвенсияи Оттава иҷро намояд. Тоҷикистон дорои мушкилиҳои аз ҳама бузурги вобаста ба минаҳо ва боқимондаҳои таркандаи ҷангӣ дар Осиёи Миёна мебошад, ки дар он масоҳати зиёда аз 8,9 километри мураббаъ (152 майдони хатарнок дар саросари сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи марказӣ) боқӣ мондаанд. Илова бар ин, зиёда аз 110 харитаи майдонҳои минадор вуҷуд дорад, ки дастрасӣ ба онҳо мушкил мебошад ва бояд зери тафтишот қарор дода шаванд. Дар асоси маълумоти мавҷуда, давоми 15 соли охир 847 нафар одамон аз ҳодисаҳои нохуши бо минаҳо ва боқимондаҳои таркандаи ҷангӣ алоқаманд осеб дидаанд. Ҷабрдидагон ва аъзои оилаҳои онҳо аз СММ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ дастгирӣ меёбанд.

Дар асоси мушоҳидаҳо гуфтан мумкин аст, ки мавҷудияти минаҳо дар кӯҳҳо ва майдонҳои обёришаванда на танҳо ба мардон, балки инчунин ба занон ва кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад, зеро онҳо низ дар киштукори замин, ҷамъоварии ҳезум ва чаронидани чорвои худ дар деҳоти дурдаст ба таври мавсимӣ иштирок мекунанд. Кӯшишҳои бузург ба харҷ дода шудаанд, то ин ки маълумотнокӣ дар бораи хатарҳои мина ва боқимондаҳои таркандаи ҷангӣ дар байни аҳолии маҳаллӣ баланд бардошта шавад. Чорабиниҳои огоҳонии аҳолӣ аз хатари минаҳо дар ҷамоатҳо ва мактабҳо гузаронида мешаванд. Илова бар ин, шабакаи мустаҳками маълумотдиҳӣ оид ба хатари минаҳо дар асоси садҳо нафар ихтиёриён ва муаллимон таъсис  дода шуд, ки барои баланд бардоштани маълумотнокӣ байни кӯдакон ва калонсолон дар 330 деҳа равона шудааст. Маълумотдиҳӣ оид ба хатари минаҳо  якҷоя бо безараргардонӣ ва назорати сахттари сарҳад ба пасткунии назарраси шумораи ҳодисаҳои нохуш аз 88 талафоти соли 2000 то ба танҳо як ҳодиса дар соли 2013 оварда расонд, ки хушбахтона, талафоти ҷонӣ ё зарари ҷисмонӣ боқӣ нагузошт.

Соли 2014 ташаббуси дигаре оид ба мусоидат ба устувории иқтидори маҳаллӣ аз ҷониби Ташкилоти «Кумаки мардуми Норвегия (NPA)» оғоз гардид. Бо мақсади мусоидат ба тавозуни гендерӣ дар чорабиниҳои безараргардонӣ ташкилоти «Кумаки мардуми Норвегия» якумин дастаи занонаи безараргардонии минаҳоро қабул намуд.

Директори Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Муҳаббат Иброҳимзода дар ҳамоиш, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии огоҳсозӣ ва кумак ба амалиёти зидди минаҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гашта буд, аз ин хусус иттилоъ дод. Дар Стратегияи байнисохтории Созмони Милали Муттаҳид оварда шудааст, ки нақшаҳои кории худро вобаста ба занон, духтарон, писарон ва мардон баррасӣ намуда, кӯшиш мекунад, ки онҳо то ҳадди имкон дар банақшагирӣ ва татбиқнамоии ташаббусҳо оид ба амалиёти минаҳо ҷалб карда шаванд.

-Дар давоми бисёр солҳо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо барои фароҳам овардани муҳити мусоид ҷиҳати таъсиси гурӯҳи занонаи безараргардонии минаҳо кӯшишҳои назаррас намуд. Соли 2010 Ташкилоти «Кумаки мардуми Норвегия (NPA)» дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла ноҳияи Қумсангир, ба поксозии заминҳо аз минаҳо шурӯъ намуд, ки он дар кори таъсиси гурӯҳи занонаи безараргардонии минаҳо як андоза саҳми арзанда гузошт. Тавре маълум аст, ин ташкилот дар таъсис ва дастгирии гурӯҳҳои занонаи безараргардонии минаҳо дар кишварҳои гуногуни аз минаҳо осебдида нақши муҳим дорад. Таҷрибаи Ташкилоти «Кумаки мардуми Норвегия (NPA)» исбот кардааст, ки дар манотиқи аз минаҳо осебдида занон баробари мардон тавонмандии зарурӣ нишон додаанд, — гуфт Муҳаббат Иброҳимзода.

Баҳори соли 2014 тавассути дастгирии Ташкилоти «Кумаки мардуми Норвегия (NPA)» ҷомеаи Тоҷикистон шоҳиди ташкили гурӯҳи нави  занонаи безараргардонии минаҳо гардид. Дар аввал аз ҳисоби занону духтарони ноҳияи Қумсангир 25 номзад интихоб шуда, сипас, баъди гузаронидани машғулиятҳои омӯзишии назариявӣ, амалӣ ва санҷишҳо, аз онҳо даҳ нафар боқӣ монд. Тамоми хароҷоти зарурӣ аз ҷониби ин ташкилот пардохт карда мешавад. Алҳол гурӯҳи занонаи безараргардонӣ бо принсипҳо ва методологияи аз ҷониби Ташкилоти «Кумаки мардуми Норвегия (NPA)» таҳиягардида шинос шуда, стандарт ва қоидаҳои зарурии таҷҳизоти безараргардониро истифода бурда, талаботи бехатарӣ ва низоми аломатгузориро аз худ менамояд.

Дар амал татбиқ шудани фаъолияти занони сапёр қадаме ба пеш дар ноилшавӣ ба баробарии гендерӣ дар соҳаи амалиёти минаҳо дар кишварамон буда, нишон медиҳад, ки занон қодиранд аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна корҳо баробари мардон бароянд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»