Зарурати аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ

№14 (4597) 18.01.2023

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ва тамоми сокинони Тоҷикистон ироа гардид, ҳуҷҷати барномавию сарнавиштсоз буда, ҳар сатри он оҳанги некбинонаю ҳидояткунанда дорад. Президенти мамлакат дар Паёмашон тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла вазъияти байналмилалӣ, сиёсати хориҷӣ, вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро амиқу ҳамаҷониба таҳлил ва бозгӯ намуданд.

Дар Паёми навбатӣ, хусусан, ба ­масъалаҳои рушду таҳкими самти иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Чунончи, таъкид мешавад: «… дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст».

Албатта, афзудани шумораи муҳассилини тамоми зинаҳои таҳсилот, тайёр кардани кадрҳо, таъсиси муассисаҳои таҳсилотии нав, бунёди биноҳои нави таълимӣ, озмоишгоҳу пойгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ сарфи маблағҳои нав ба нав ва хароҷотро дар пай доранд. Аз ин ҷост, ки соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки он нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, тақрибан 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил додааст.

Имрӯз ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки нақши дастовардҳои илмии олимони кишвар дар пешравии иқтисодиёти миллӣ чандон назаррас нестанд. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назаррас набудани ҳиссаи олимони кишвар дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат изҳори нигаронӣ карда, чунин даъват ба амал оварданд: «Бо истифода аз имкониятҳое, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилотӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ, техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд». Воқеан, Президенти мамлакат аз олимони кишвар интизории бештаре доранд, зеро сатҳу савияи таҳқиқоти илмӣ дар мамлакат ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Зимнан, фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баҳогузории таҳқиқоти диссертатсионии олимони кишвар иртибот дорад. Мутаассифона, бояд қайд намуд, ки аз таҳқиқоти диссертатсионии дар шӯроҳои диссертатсионӣ ҳимояшаванда (рисолаҳои илмии докторӣ ва номзадӣ) ҳанӯз таҳқиқоти илмии дорои дастовардҳои беназир, ки илми ватанӣ аз он ифтихор карда, миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд, ба майдон наомадааст. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ба вазорату ниҳодҳои дахлдор амалӣ сохтани табдирҳоро ҷиҳати «… васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисиони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ» таъкид карданд.

Таҳлилу хулосабарорӣ ва бардошт аз таҳқиқоти диссертатсионии олимон нишон медиҳад, ки таҳқиқоти илмӣ ба беҳбудӣ ниёз доранд. Аксар мавзӯъҳо, таҳқиқоти анҷомдодашуда аз мубрамӣ дур буда, ҷанбаъҳои илмиашон хеле заифанд. Дар баъзе шӯроҳои диссертатсионӣ ба ин тарафи масъала кам аҳамият дода, диссертатсияҳои номукаммалро бидуни муҳокимаи ҷиддӣ ва ҳамаҷониба ба ҳимоя роҳ медиҳанд. Роҳбарони илмӣ ба шогирдон ва корҳои диссертатсионии онҳо кам таваҷҷуҳ намуда, навиштаҳояшонро бодиққат намехонанд.

Алҳол дар назди комиссия 70 шӯрои диссертатсионӣ амал мекунад, ки аз рӯи зиёда аз 169 ихтисос диссертатсия қабул карда метавонанд. Зиёда аз ин, аз рӯи он ихтисосҳое, ки дар мамлакат бо сабаби нарасидани мутахассисон имконияти таъсиси шӯрои диссертатсионӣ нест, комиссия метавонад дар шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи ҳамҷавор барои довталабони чунин ихтисосҳо ҳимояи якдафъаина ташкил намояд.

Мутаассифона, баъзе олимони кишвар мавҷудияти «КОА»-и миллиро як навъ омили осонию сабукбории ҳимояи диссертатсияҳо қабул кардаанд, ки ин мутлақо ғалат аст. Илм, дастовардҳои нави илмӣ ҳар ҷое, ки бошад, кори саҳлу сода нест ва он меҳнату машаққат, бедорхобию аз худ гузаштанҳоро дар пай дорад. Ба таъсиси «КОА»-и миллӣ Президенти мамлакат мушкилоти сарсонию саргардонии ҷавонони илмдӯсти миллатро ҳаллу фасл карданд, вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки корҳои таҳқиқоти илмии бебунёду камарзиш ба шӯроҳои диссертатсионӣ роҳ ёфта, бо ҳар роҳу василаи осон аз ҳимоя гузаранд. Баръакс, таҳқиқоти диссертатсионии ҷавонон бояд ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳаллу амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат равона шуда бошанд.

Ҳарчанд аз ҷониби комиссия борҳо таъкид мегардад, ки ба сифати таҳқиқоти диссертатсионӣ мавзӯъҳои мубрам, муносиб ба рушди иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои стратегии мамлакат интихоб карда шаванд, вале ҳамоно ба комиссия диссертатсияҳое ворид мешаванд, ки ба ниёзҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ нестанд.

Дар ин раванд баъзан олимон дидаю дониста, ба саҳлангорӣ, шитобкорӣ ва баъзан ба сохтакорӣ ҳам даст мезананд, диссертатсияҳоро дуруст ва то охир таҳлил намекунанд. Шӯроҳои диссертатсионӣ гоҳе хунукназарӣ карда, таҳқиқоти хому камарзишро ҷиддӣ муҳокима намекунанд ва ба ҳимояи онҳо иҷозат медиҳанд.

Чаро олимон бо шогирдонашон он масъалаҳои мубрамеро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ишора карданд, мавриди пажӯҳиш қарор надиҳанд? Ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ дар лобалои муборизаҳои геополитикии абарқудратҳо, бархӯрди пуршиддати тамаддунҳо, ҷангҳои иттилоотию мафкуравӣ ва дар ин шароит ҳифз намудани фарҳанги пурғановату арзишҳои миллӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои диниву экстремистӣ, таъсири мусбату манфии ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷомеа, иқтисодиёти саб­зу рақамӣ, энергияи бозтавлидшаванда, гарм­шавии иқлим ва таъсири он ба инсон ва табиат, ҳифзи пиряхҳо ва даҳҳо мавзӯъҳои мубраме мавҷуданд, ки пажӯҳишгарони худро интизоранд. Вале афсӯс, ки олимони мо камҳавсалагӣ намуда, ба ин мавзӯъҳо камтар рӯ меоранд. Гоҳе таҳқиқоти диссертатсионие ба комиссия ворид мешаванд, ки бо асосҳои конститутсионии давлат мухолифат карда, омили сулҳу суботи ҷомеа нестанд ва дар онҳо ангезаҳои тарғибу ташвиқи мазҳабию динӣ бештар мушоҳида мегардад, ҳоло он ки илм бояд ба таҳқиқоти дунявӣ ва бунёдӣ такя карда, ба қувваи истеҳсолкунанда табдил ёбад, яъне муҳаррике гардад, ки ҷомеаро ба пеш бурда, зиндагии хубу шоистаеро барои мардум пешкаш менамояд. Рисолати илму олимони кишвар бояд чунин бошад.

Яке аз масъалаҳои дигари ­мубрам, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд, ба зинаҳои гуногуни таҳсил фаро гирифтани занону бонувон буд.

- Дар 21 соли охир, — қайд гардидааст дар Паём — беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон зинаҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.

Инчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки аз теъдоди умумии 5294 дорандаи дараҷаи илмӣ 1453 нафарашон (27%) занҳо буда, 128 нафари онҳо (15% аз ҳиссаи умумии докторон) докторҳои илм мебошанд. Танҳо дар 4 — 5 соли охир дар шӯроҳои диссертатсионии «КОА»-и миллӣ 394 нафар занону бонувон бомуваффақият рисолаҳои илмӣ ҳимоя карда, аз онҳо 15 нафар соҳиби дараҷаи доктори илм, 355 нафар сазовори дараҷаи номзади илм ва 24 нафари дигар соҳиби дараҷаи доктор PhD шудаанд. Аз ин шумора 47 нафар дар самти илмҳои дақиқу техникӣ, 91 нафар дар самти илмҳои тиббӣ — биологӣ ва 256 нафар дар самти илмҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ рисолаи илмӣ ҳимоя кардаанд. Ба баёни дигар, аз теътоди умумии занҳое, ки рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд, 12% ба самти илмҳои дақиқу техникӣ, 23% ба самти илмҳои тиббӣ — биологӣ ва 65% ба самти илмҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ рост меояд.

Қобили  қайд аст, ки аз миқдори умумии рисолаҳои илмии дар «КОА»-и миллӣ ҳимояшуда 14% диссертатсияҳои докторӣ, 30% диссертатсияҳои номзадӣ ва 27% доктор PhD ба занҳо иртибот дорад. Вале ин теъдод ҳанӯз кифоя нест.

Ҳоло дар иқтисоди миллии кишвар бисёр соҳаҳое мавҷуданд, ки дар онҳо кадрҳои баландихтисосу дорои дараҷаҳои илмӣ ё намерасанд ё ангуштшуморанд. Ихтисосҳое мавҷуданд, ки дар онҳо мо тамоман мутахассис надорем. Муассисаҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакатро зарур аст, ки сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд. Маҳз хамин нуктаи муҳимро ба назар гирифта, Роҳбари давлат дар Паёми имсола ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд: «… вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд».

Инчунин, дар Паём барҳақ таъкид шудааст, ки «…равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ мондааст…» ва онҳо «…боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад».

Дар чунин шароит Тоҷикистон бо ­кадрҳои баландихтисосу олимони пурмаҳсулу фидокор, заҳматталабу ватандӯст ва дорои ҳисси баланди миллӣ, беш аз ҳарвақта, ниёз дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид карданд, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо: «…мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бун­ёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем».

А. РОЗИҚЗОДА,

раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон