Инсон ягона мавҷуди соҳибхирад аст, ки табиатан мехоҳад ба ҳама рӯйдод аз вуҷуд шурӯъ намуда, то ба раванди дигар ҳодисаву воқеаҳо ҷавоб ҷӯяд. Ҳамин боис ба он гардидааст, ки маърифат, шинохт ва маънавиёти башар шакл гирад ва зинаҳои таҳаввулу такомулро аз сар гузаронад.
Баҳси бовармандӣ, фалсафа ва илм низ бархоста аз табиати ҷустуҷӯгари инсон аст. Зеҳни инсон аз замони тавлид ҳамеша саволҳоеро матраҳ месозад, ки ман кистам ва ҷаҳон чист, ин ҳама ҳаводис чӣ гуна шакл гирифтаанд, ба кадом самт равонаем ва зиндагиву марг аз ҳам чӣ тафовут доранд ва ё зиндагиро чӣ гуна дармеёбем? Чунин вижагии пурсишгарӣ хоси ҳама инсонҳост, зеро фарқи инсон аз мавҷудоти зинда дар он аст, ки мехоҳад аз роҳи хирад ба ҳама он чӣ ки ӯро иҳота намудаанд, сабаби мавҷудашонро ҷӯё шавад ва аз роҳи зеҳн ба онҳо посух биҷӯяд. Чунин раванди ташаккулёбии посухҷӯӣ дар баробари кисти худи инсон ва чисти ҷаҳон, барои шакл додани навъи ҷаҳонбиниаш мусоидат мекунад. Ин равандро метавон ҳам дар зеҳни фарде, ки нав ба дунё меояд ва ҳам дар зеҳнияти ташаккули инсоният дар дарозои таърихи мавҷудияташ татбиқ ва мавриди муқоиса қарор дод.
Мусаллам аст, ки вақте як фард зода мешавад, дар ӯ ҳеҷ гуна огоҳӣ аз дониш ва тасаввурот дар бораи кӣ буданаш ва чӣ будани ҷаҳон вуҷуд надорад. Олами ношинос ё нопайдо бо он ҷавобҳое, ки аз ҷониби афроди тарбиятгари ӯ ироа мешаванд, ҷаҳонбинии фардро шакл медиҳанд. Ба ибораи дигар, дар аснои тавлид фард аз лиҳози забонӣ, қавмӣ, динӣ ба ҳеҷ миллат, фарҳанг, забон, дин ва навъи ҷаҳонбинӣ тааллуқ надорад. Ин ҳама пас аз тавлид, дар аснои раванди зиндагӣ ва чигунагии бароварда кардани ниёзҳои моддиву маънавии инсонӣ шакл мегиранд. Муҳити иҷтимоиву фарҳангӣ ва тарбият дар оянда чӣ гуна рақам хӯрдани мансубияти миллӣ, фарҳангӣ, забонӣ, динӣ ва навъи ҷаҳонбинии фардро муайян месозад.
Агар ҳамин тарзи андешаро бар таҳаввули рӯзгори башар татбиқ намоем, хоҳем дарёфт, ки дар бомдоди рӯзгори башар, ки ҳанӯз муқаддимаю собиқаи зиёди замонӣ ва тафаккурӣ дар баробари худу ҷаҳон надорад, барояш ин олами нопайдоканор, ношинос ва пур аз асрор ба назар мерасад. Ва барои дарёфти посух ба суолҳои гузошта ба ҳар роҳе сар мезанад. Чизҳои давру барашро ламс мекунад, мебӯяд ва ҳатто маза мекунад ва аз ин роҳ мехоҳад дар бораи ашё маълумот пайдо кунад. Нигаронӣ, тарс, изтироб, ,дар баробари ҳама ҳодисаи олам, ки аз онҳо огоҳӣ надорад, ӯро афсурда месозад. Ҳар чӣ замон бештар мегузарад ва дар бораи вуҷуди баъзе аз ҳаводис инсон огоҳтар мегардад, тарси вуҷудиаш дар баробари ҳаводиси кушандаи табиӣ, аз қабили тӯфон, зилзила, обхезиву борону барф, зиёдтар мегардад. Рафторҳои беморгунае анҷом медиҳад ва эҳсоси пучӣ мекунад. Рафта — рафта дар сиҳатии вуҷудаш шак меварзад ва саломатии фикриаш дучори тардид мегардад. Саволҳои будану набудан, зиндагию марг ӯро ҳеҷ гоҳ ором намегузорад. Ин ҳолу аҳвол то абад давом намекунанд. Чаро ки зиндагӣ ба хотири бақояш инсонро водор месозад, то барои рафъи ин мушкилот тадбирҳоеро амалӣ созад. Ниёзҳои ҳамешагии моддӣ ва ҷинсиву равонии инсон, дар баробари рафторҳои ноҳинҷораш, ба по мехезанд ва барои зери назорат даровардани ин вазъи парешон ба ёрии фард мешитобанд ва инсонро мутаҳаррик месозанд, то инсоне, ки ташна мондааст, дар ҷустуҷӯи об равад. Инсони аз гуруснагӣ ранҷкашида барои сер кардани шикам ба ҳар хатаре тан диҳад, то ниёзҳои ҷисмиву равониашро бо роҳе қонеъ созад. Ин ҳама инсонро маҷбур месозанд, то тадбир андешад ва ноилоҷ пайи баровардани ниёзҳояш ба ҳаракату тағйирот майл намояд. Сохтан, пардохтан, ихтироъ ва дар маҷмӯъ, тадбирандешӣ ӯро маҷбур месозад, то барои оромиш бахшидан ба рӯҳу равон саҳм дошта бошад. Яъне, барои раҳоӣ аз тарс ва дилнигаронӣ маҷбур аст, аз ҳолатҳои таскинбахши хаёлӣ кор бигирад. Ин дигаргуниҳо низ дигар тӯл намекашанд, зеро дар ҷараёни кӯшиш барои шинохт бо мавҷудоти ҳаммонанд, яъне инсонҳои дигар, иртибот пайдо мекунад. Дарки умумият ва манфиати гурӯҳиву ҷамъӣ дар он сурат мегирад. Дар ҳамбастагӣ ва ҳамзистӣ ба онҳо ба мушкили ҳамдигарӣ расидагӣ мекунанд ва дар равобити иҷтимоӣ умумиятҳои забониву фарҳангӣ ташаккул меёбад. Ин ҷост, ки нахустин саволҳоеро, ки инсони иҷтимоӣ матраҳ месозад ман кистам, шумо кӣ ҳастед, ин ҷо куҷост, аз куҷо меоем, ба куҷо меравем ва амсоли инҳо ӯро ва дар маҷмӯъ, ҳаммонандҳояшро барои ҷавоб гуфтан ба пурсишҳои зайл савқ медиҳанд. Яъне, дар зеҳнияти онҳо низ ҳамин гуна суолгузорӣ ҷой дорад. Инсонҳои дигар низ ба хотири зистан ҳамин мушкилиеро доранд, ки як фард дар ҷомеаи ибтидоӣ он ҳолатро дорад. Онҳо низ барои ҳифзи зиндагӣ ва боқӣ мондан дар баробари ҳаводиси мавҷудаи табиӣ, бо тамоми кӯшишашон ҷиҳати таъмини ниёзҳо ва мондагориашон дар сафаҳоти таърих мубориза мебаранд ва тамоми неруро барои раҳоӣ аз ҳаводиси кушанда ва қонеъ кардани гуруснагию ниёзҳо сарф мекунад. Онҳо низ худро ба фазои ношинос ва нопайдоканор маҷбур мутобиқ менамоянд.
Агар меҳвар ва такондиҳандаи ин ҳама амалро хулоса кунем, он ба мафҳуми маргу зиндагӣ, дақиқан, мушкили зиндагӣ ва асрори маргу даҳшати нобудӣ иртибот мегирад. Ба ибораи дигар, инсон, аз замоне ки мирандагӣ, хатарпазирӣ ва нобудиро шинохт, маҷбур шудааст, то роҳҳои гуногунро ҷиҳати бақояш тадбирҷӯӣ намояд. Гоҳо барои ба фаромӯшӣ супоридани он ҳама тарс ва пурсишҳои бепосух ба корҳои гуногун даст задааст. Худро бо ниёзҳо, ангезаҳои ҷисмию рӯҳию иҷтимоӣ ва талош барои ёфтану раҳоии аз ин ниёзҳо машғул намудааст. Бо коре ё фикре машғул доштааст, то ин пурсишҳои бепосухашро аз ёд барад. Инсонҳо дар ҷомеаи аввалия низ барои таскини нигарониҳо ва изтироботи воқеияшон барои бурунрафт аз ин ҳолати дилгир, ба зеҳнияту хаёл, яъне ба сохтаҳои зеҳнӣ рӯ меоваранд, то ба ҳама он воқеияте, ки ҷавобашро намеёбанд, аз роҳи зеҳнӣ ва хаёлот бо онҳо ҷавоб биҷӯянд.
Иддае аз инсонҳо дар дарозои таърих хостаанд, то нооромиҳои равониро бо маводи таскиндиҳандаву мухаддир оромиш бахшанд. Ҷамъе ҳам ҷамъоварии молу сарватро ҳадафи умдаи зиндагӣ табдил додаанд. Қисме ҳам дар шуҳрати ҷинсият ва қудрату сиёсат ғарқ шудаанд. Гурӯҳе низ аз роҳи паноҳ бурдан ба дин ба суолоташон посух ҷустанд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳар кас дар дарозои таърих ҷиҳати оромиш, дар баробари хатари маргу нобудӣ, аз як ё чанд гузинаи оромбахши зеҳнӣ роҳ ҷустааст, то аз пурсишҳои беҷавоби фалсафӣ дар мавриди чӣ будани зиндагӣ ва марг раҳо бошад. Яке мастӣ мекунад, яке бо истифодаи маводи мухаддир роҳи халосӣ меҷӯяд ва дигаре ҳам таслими маҳзи боварҳояш мегардад.
Ба хотири ҷавоб ҷустан ба ин ҳама, ҳар кас аз ҳар роҳе, ки барояш содаву осон аст, ба он часпидааст ва навъу қисмҳои оламро тариқи боварҳои зеҳнияш ҷиҳати таскин додан ва хуш кардани лаҳзаи худ ба бофтаҳои зеҳнӣ маънӣ дода, дар баробарашон асотир офаридааст.
Инсони имрӯзӣ низ, агарчи ба иддае аз посухҳои хеш ҷавобҳои мантиқиву илмӣ дастрас намудааст ва дар дараҷаи ниҳоят баланди кашфиёту созандагӣ қарор дорад, аммо бисёре аз насли нави инсонӣ ҳанӯз ҳам таҳти таъсири зеҳниятсозиҳои таърихӣ вомондаанд.
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа,
мудири кафедраи гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон