«Журналист» барои журналистон имкони омӯзиш муҳайё кард

№80 (3717) 06.07.2017

Чанде пеш бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» ва дастгирии дафтари САҲА дар Тоҷикистон барои рӯзноманигорони ҷавон семинар доир гардид.

Таи ду рӯз раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» Қироншоҳ Шарифзода, коршиносон Суҳроби Зиё ва Исфандиёри Одина оид ба нозукии жанрҳои рӯзноманигорӣ дар матбуоти даврӣ, телевизион ва радио омӯзиш гузарониданд. Асосҳои ҳуқуқию ахлоқии фаъолияти ВАО ва рӯзноманигорон, ҷанбаҳои фаннӣ ва шеваи кор бо воситаҳои техникии фаъолияти рӯзноманигорӣ низ аз мавзӯъҳои семинар буд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки айни замон дар мамлакат 376 рӯзнома, 319 маҷалла, 11 агентии иттилоотӣ фаъолият доранд, ки аксари онҳо хусусианд.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»