Ёздаҳуми марти соли равон дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик доир гардид, ки дар он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумъахон Файзуллозода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода, директори Академияи ВАО Саъдӣ Исматов, собиқадорони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иштирок намуданд.
Нахуст Масрур Абдуллозода аҳли қаламро ба иди касбӣ табрик намуда, нақши онҳоро дар рушду тараққиёти мамлакат баланд арзёбӣ кард.
Сипас, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода рӯзноманигоронро ба 109-солагии матбуоти тоҷик муборакбод гуфта, намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо мукофоту сипосномаҳо сарфароз гардонид. Аз ҷумла, 53 нафар бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», 44 — «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», 34 — бо «Ифтихорнома» ва 36 кас бо «Сипоснома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Тибқи натиҷаҳои назарпурсӣ аз рӯи 10 номинатсия: «Нашрияи сол» ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», «Телевизиони сол» — «Варзиш», «Радиои сол» — «Радиои Тоҷикистон», «Сармуҳаррири сол» — сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асоев, «Маҷаллаи сол» — «Бонувони Тоҷикистон», «Маҷаллаи соҳавии сол» — «Молия ва иқтисод», «Коршиноси сол» — Ораш Алоӣ, «Нашрияи соҳавии сол» — «Инсон ва табиат», «Ношири сол» — КВД КТН «Шарқи озод», «Журналисти сол» корманди телевизиони «Ҷаҳоннамо» Фатҳиддини Замон дониста шуданд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода собиқадори соҳа Гулчеҳра Фозилова, журналистон Абдурофеъ Рабиев ва Камоли Қурбониёнро бо Ҷоизаи ифтихории Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ намуда, баъдан эълон кард, ки соли равон Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро дар се номинатсия шаш нафар баранда шуданд. Дар бахши матбуот Ноилшо Нуралиев, Ҳақназар Каримзода, Тағоймурод Нуралиев, Абдулвоҳид Оев, дар бахши радио Худоёр Валиев, дар бахши телевизион Муҳаммадраҷаби Ҳанафия.
Зимнан, боиси ифтихори ҳайати эҷодии рӯзномаи «Садои мардум» аст, ки баробари сарвари идора, даҳ нафар корманди нашрия бо мукофоту ҷоизаҳои гуногун қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, сармуҳаррири рӯзнома Самариддин Асоев бо медали «25-солагии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини якуми сармуҳаррир Маҳмудҷон Усмонов бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», муовини сармуҳаррир Далер Мерганов бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистону медали ҷашнии «25-солагии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон», хабарнигори махсус дар минтақаи Рашт ва ноҳияи Сангвор Диловари Мирзо, сармуҳосиби рӯзнома Муҳаммадёқуб Бобоев бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», мудири шуъбаи умумӣ Тоҷиддин Алиев, муовини котиби масъул Аброрҷон Ҷабборов, хабарнигори махсус дар навоҳии тобеи марказ Ёқуб Содиқов бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа Бурҳониддин Каримов бо «Сипоснома»-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва хабарнигори рӯзнома Шариф Атобуллоев бо «Раҳматнома»-и вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби нашрияи Маҷлиси Олии мамлакат — «Садои мардум» ба чанде аз нашрияҳо ва кормандони матбуот туҳфаҳои хотиравӣ супорида, ёздаҳ нафар собиқадори матбуот бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»