Дар деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ корхонаи истеҳсоли хишти пухта ба фаъолият шурӯъ намуда, дар он 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Тавре муовини раиси ноҳия Сабур Султонзода иттилоъ дод, дар семоҳаи аввали соли 2024 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 24 миллиону 984 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 4,5 миллион сомонӣ зиёд буда, 121 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои номбурда, айни замон дар ноҳия 42 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд, ки қисми зиёдашон мавсимӣ мебошанд.
С. Султонзода гуфт, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъсис додани ҷойҳои нави кор аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Барои мисол, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ду коргоҳи саноатӣ – истеҳсоли хишти сементӣ ва мебел ба истифода дода шуд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»