100 СОЛАГИИ ПОЧТАИ ТОҶИК С. ҲАМИД: «НАҚШИ ПОЧТА ДИГАР ШУД»

№ 10.10.2024

почта САИД9-уми октябр, ки ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии почта маҳсуб меёбад, кормандони КВД «Почтаи тоҷик» 100 — солагии рӯзи таъсисёбии ташкилоти худро маҳз ҳамин рӯз ҷашн мегиранд.

Вобаста ба фаъолияти рӯзмарраи кормандони ин соҳа хабарнигори рӯзнома бо директори маркази алоқаи «Почтаи тоҷик» дар шаҳри  Турсунзода  Саодат Ҳамидзода суҳбат намуд.  ник

- Муҳтарам Саодат Ҳамид, Шумо ва тамоми кормандони соҳаро бо иди касбӣ ва солгарди ташкилёбии  КВД «Почтаи тоҷик» табрик менамоем.

- Ташаккур! Ин рӯз барои тамоми кормандони почта, воқеан ҳам, санаи басо арзишманд аст. Мо ифтихор аз он дорем, ки ин як соҳаи барои ҷомеа хеле муҳим аст ва кӯшиш менамоем, то он анъанаҳои неке, ки гузаштагон ба мо мерос гузоштаанд, сарбаландона  идома диҳем. Хадамоти почта дар ҷомеа ҳамеша ташкилоти бениҳоят зарур маҳсуб меёфт ва аз ин рӯ, моро лозим аст, ки мавқеъи баланди онро дар замони муосир низ нигоҳ дорем. Зеро сарфи назар аз рушди бесобиқаи технологияҳои рақамӣ, почта як қисми муҳими ҷомеа  боқӣ мемонад.

- Аз нигоҳи Шумо дар давоми 10-15 соли охир кори почта то кадом ҳад дигаргун гашт?

- Бешубҳа, дар ин муддат дигаргуниҳои зиёд рух доданд, ки онҳо,  пеш аз ҳама, бо рушди босуръати Интернет ва технологияҳои рақамӣ вобастагии амиқ дошта, нақши почтаро ба куллӣ дигаргун намуданд. Ҳамагон хуб огаҳанд, ки дар гузаштаи начандон дур вазифаи асосии кормандони мо иборат аз интиқол додани мактубхо, телеграммаҳо ва дигар шаклҳои мукотибаи хаттӣ иборат  буд. Ҳоло бошад, фаъолияти асосие, ки мо анҷом медиҳем, иборат аз қабулу фиристодани мактубҳо, қабул ва пардохти ирсолпулиҳо, қабул ва фиристодани равонаку пакетҳои хурд ва гузаронидани маъракаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва сари вақт дастрас намудани он ба корхонаю идораҳо ва аҳолии шаҳр мебошад.

- Оё имрӯз ҳам мактуб менависанд?

- Бале, лекин нисбат ба пештара хеле кам. Ҷараёни асосии мукотибаи коғазӣ аз  мактубҳои расмӣ, огоҳиномаҳо ва ҳуҷҷатҳои гуногуни коргоҳу идораҳо иборат мебошанд, аммо бо вуҷуди ин, махсусан дар байни насли калонсол ҳастанд нафароне, ки ҳанӯз ҳам дастӣ мактуб мефиристанд.

- Оё дар шароити кории хаткашонҳо чизе тағйир ёфтааст?

- Албатта, шароити кории онҳо тадриҷан беҳтар мегардад. Акнун  барои тезтар расонидани баъзе аз таҷҳизоти ҳозиразамон коргарон бо велосипед, мототсикл ва агар зарур шавад, бо автомашина низ таъмин карда мешаванд, вале дар ҳама давру замон вазифаи асосии хаткашонҳо иборат аз  таъмин намудани иртибот байни одамон буд.  

- Дар кишвари мо ягон муассисаи таълимие, ки мутахассисони соҳаи почтаро омода намояд, вуҷуд дорад?

- Бале, дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон коллеҷи алоқа мавҷуд аст, ки барои соҳаи мо мутахассисони сохибихтисос тайёр мекунад. Мо бо ин муассисаи таълимӣ робита дорем ва бисёре аз дастпарварони он дар гӯшаҳои гуногуни кишвар бо кор таъмин карда мешаванд.

- Ба назари Шумо, хаткашони хуб бояд кадом хислатҳоро доро бошад?

- Ӯ, пеш аз ҳама, хушмуомилаю пурсабр бошад, кори худро дӯст дорад, дар муомила бо одамон иштибоҳ содир накунад.

- Барои бурда расонидани маводҳои мухталиф муҳлат муайян карда мешавад?

- Оре, дар дохили кишвар 3 рӯз ва хориҷ аз он то 30 рӯз.

- Барои обунашавӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳо наздатон меоянд?

- Ростӣ, пеш аз Шумо имом-хатиби яке аз масҷидҳо ба ҳамин мақсад омада буданд ва худ иброз доштанд, ки танҳо мутолиаи мунтазами матбуоти даврӣ  бо се забон ба он кас имкон медодаанд, ки бо ашхоси  воқифи ҷомеа   дар мавзуъҳои гуногун суҳбатҳои баробар дошта бошанд.

- Ташаккур барои сухбат ва бори дигар Шуморо бо иди касбиатон табрик мегӯям!

- Сипос!  

Мусоҳиб Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»