102 иншоот ба истифода дода мешавад

№49 (4789) 19.04.2024

20211026_095603Ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ корҳои созандагӣ идома дошта, соли 2024-ум 102 иншоот  ба истифода дода мешавад.

Тавре аз мақомоти иҷ­роияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, тибқи нақша, 408 иншооти таъйиноти гуногун бояд ба истифода дода шавад.

Дар ноҳия солҳои 2022-2023 беш аз 160 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои сохт­монӣ идома доранд. Варзишгоҳи маркази ноҳия барои 20 ҳазор ҷойи нишаст яке аз онҳо мебошад.

Тибқи омор, соли 2025 ба истифода додани 85 иншоот ва соли 2026 мавриди истифода қарор гирифтани 55 иншооти таъйиноти гуногун дар нақша аст.

Гуфта шуд, ки бештари иншоот бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва мардони саховатпешаи ноҳия бунёд хоҳанд гашт.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»