110 тонна қулфинай ҷамъоварӣ шуд

№68 (4651) 22.05.2023

Вахш. ҚулфинайҚулфинайпарварони ноҳияи Вахш соли равон дар 300 гектар парвариши ин меваи хуштамъро ба роҳ мондаанд, ки дар 50 гектари он зери плёнка кишт шудааст.

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш Қаюм Алимов гуфт, ки гарчанде кишти қулфинай нисбат ба соли гузашта 150 гектар кам аст, аммо ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар як маротиба бештар аст. Барои мисол, агар соли гузашта аз ҳар як гектар 5 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шуда бошад, имсол ин нишондиҳанда то 10 тонна расид.

То ҳол деҳқонони соҳибтаҷрибаи ­ноҳияи Вахш 110 тонна қулфинай ҷамъо­варӣ намуданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»