Гусели ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ
ДАРВОЗ. (Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Саҳни комиссариати ҳарбии ноҳия намуди идона дошт. Масъулини комиссариат як гурӯҳ ҷавононро ба хизмати Ватан –Модар раҳсипор сохтанд, ки аксарияташон бо хоҳиши хеш омада буданд.
Дар рӯзи гусели наваскарон собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст, волидайни ихтиёриён ва пирони рӯзгордида иштирок ва баромад намуданд.
Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳони Саидабдураҳмон ба ҷавонон роҳи сафед ва хизмати аъло таманно намуд.
Оғози муташаккилонаи кишти пунбадона
ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Пахтакорони соҳибтаҷрибаи ноҳия нахустин шуда, миёни навоҳии минтақа ба маъракаи кишти пунбадона муташаккилона оғоз намуданд. Барои сари вақт ва босифат гузаронидани кишт онҳо 113 адад тракторҳои тухмипошакро сафарбар карда, ба ин васила имкон пайдо намуданд, ки то оғози боронҳои пай дар пайи рӯзҳои охир майдони киштро ба 822 гектар расонанд. Рақами мазкур дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 792 гектар зиёд аст.
Деҳқонони фархорӣ азм доранд, ки дар майдони 10000 гектар кишти пунбадона гузаронанд.
Таваҷҷуҳ ба парвариши пиёз меафзояд
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Имрӯз дар ҳудуди минтақа дар майдони 1914 гектар навъҳои гуногуни пиёз парвариш карда мешавад, ки 914 гектари он мансуби кишти тирамоҳист. Солҳои охир ба пиёзпарварӣ аслан деҳқонони ноҳияҳои Данғараю Фархор, Кӯлобу Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонию Темурмалик рағбату таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда истодаанд. Нисбат ба соли гузашта 268 гектар афзудани майдони кишти ин намуди зироат шаҳодати возеҳи ин гуфтаҳост.
Хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад
ШАҲРИНАВ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар деҳаи Гулободи деҳоти ба номи А. Ҳасанови ноҳия дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Наврӯз як бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Бунгоҳи мазкур дар масофаи 45 километр аз маркази ноҳия ҷойгир буда, ба 450 нафар аҳолии ин деҳа хизмати тиббӣ мерасонад.
Тавре сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав Дилбар Буракова иброз дошт, рӯзҳои наздик дар бунгоҳи мазкур сафи мутахассисони ботаҷриба зиёд шуда, хизматрасонӣ ба сокинон боз ҳам беҳтар мегардад. Барои муоина ва ташхиси беморон таҷҳизоти замонавии тиббӣ дастрас гардидааст.
Ҳунар — беҳ аз ганҷи падар
ЗАФАРОБОД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Тавре сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Зафар Одинаев гуфт, дар яке аз хонаҳои истиқоматии маҳаллаи ба номи Ҷӯра Зарифови шаҳраки Зафаробод таҳти роҳбарии соҳибкорзан Мавлуда Ҳотамова курси кӯтоҳмуддати бофандагӣ фаъолият мекунад, ки дар он 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо кор фаро гирифта шудаанд. Аксари онҳо аллакай бофтани ҷӯроб, дӯхтани сарпӯши чойникҳо, куртачаҳо, рӯймолҳои рангоранг ва нимтанаҳои духтаронаю писаронаро аз худ кардаанд. Бонувони ҳунарманд Ҳикоят Каримова, Истад Муродова, Гулноза Ҳотамова ва дигарон сирру асрори ин ҳунари зеборо ба шогирдон омӯзонида истодаанд.
Дастоварди хурсандибахш
ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии юнонӣ-румӣ доир шуд. Дар он панҷ нафар паҳлавонони истаравшанӣ таҳти роҳбарии мураббии шинохта, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Отамуродов ширкат варзиданд.
– Хушбахтона, дар ин мусобиқа ду нафар варзишгарони мо — Шаҳзод Ҳомидов дар вазни 59 килограмм сазовори медали тилло ва Бахтиёр Эргашев дар ҳамин вазн сазовори медали биринҷӣ гардиданд, — гуфт директори Мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳри Истаравшан Эраҷ Муҳсинов.
Маорифчиён картошкапарварӣ мекунанд
РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Имсол кормандони шуъбаи маорифи ноҳия тасмим гирифтаанд, ки дар майдони ҳашт гектар картошка кишт намоянд. Барои иҷрои ин амали хайр аз ноҳияи Ғончӣ бо нархи арзон тухмии хушсифат дастрас шудааст.
-Соли гузашта шуъбаи маориф дар заминҳои обии деҳоти «Ясман» се гектар картошка кишт карда, ҳосили хуб ба даст оварда буданд, — гуфт дар суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Холмаҳмад Ортиқов ва идома дод: -Имсол майдони киштро зиёд намудем. Ҳосили бадастомада бо нархи арзон ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ фурӯхта мешавад. Як қисми он ба таври ройгон ба ихтиёри марказҳои таълимии томактабии ноҳия вогузор мегардад. Маблағи аз фурӯши маҳсулот бадастовардаамонро барои харидани тухмии соли оянда сарф хоҳем кард.
Кишоварзон аз об танқисӣ нахоҳанд кашид
ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Омодагӣ ба кишти баҳорӣ, аз ҷумла тоза кардани каналу заҳбурҳо дар ноҳия идома дорад. Бояд тазаккур дод, ки заминҳои кишоварзии ноҳия асосан ба воситаи каналҳои Ғулама, Сартало, Ҷилондӣ, Пиёзӣ, Ҷонқирғиз ва Муқур обёрӣ карда мешаванд. Масофаи каналҳо 94 километрро ташкил медиҳад ва тавассути ин каналҳо 3 ҳазору 91 гектар заминҳои корам, ғаллазор, боғҳо ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳия обёрӣ карда мешаванд. Як қисми каналҳо ҳанӯз фасли тирамоҳ тоза ва таъмир карда шудаанд.
-Мо боварии комил дорем, ки кишоварзони ноҳия тобистони имсола аз об танқисӣ намекашанд,- гуфт дар суҳбат сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Азиз Диёров.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.