Мукофотҳои Ғалаба

№52 (3353) 11.04.2015

(Идома аз шумораҳои гузашта)

МЕДАЛИ «БАРОИ МУДОФИАИ ЛЕНИНГРАД»

leningrada копияБо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 22 декабри соли 1942 якчанд медалҳои ҷангӣ таъсис ёфт. Дар ин номгӯй медали «Барои мудофиаи Ленинград» (муаллифи лоиҳаи медал рассом Н.И.Москалёв) низ дохил буд.

Бо ин медал ҳамаи иштирокчиёни мудофиаи Ленинград- хизматчиёни қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу том ва идораву муассисаҳои Армияи Сурх, Флоти ҳарбӣ- баҳрӣ, қӯшунҳои НКВД, умуман шахсоне, ки дар муҳофизат ва мудофиаи «Гаҳвораи револютсия» иштирок кардаанд, мукофотонида шудаанд.

Ҳамчунин бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» коргарон, хизматчиён ва дигар шаҳрвандон, ки баҳри ҳимояи шаҳр дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сохтмони  иншооти муҳофизаткунанда, муҳофизати хоҷагиҳои коммуналӣ ва зиддисӯхторӣ, таъмину ташкил намудани  хизматрасонии алоқа, нақлиёт, ҷамъиятҳои хӯроки умумӣ, таъминот ва хизматрасонии маданӣ- маишӣ, нигоҳубини маъюбону беморони ҷанг, кӯдакон ва дигар чорабиниҳо баҳри мудофиаи шаҳри Ленинград саҳм гузоштаанд, сарфароз гардидаанд.

Медали «Барои мудофиаи Ленинград» дар тарафи чапи сина, дар баробари дигар медалҳои СССР, баъди медали «Барои наҷоти ғарқшудагон» насб мешавад.

Шахсоне, ки бо медали мазкур мукофотонида шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки бо медали ҷашнии «Ба хотираи  250- солагии Ленинград»  (баъдҳо таъсис ёфт) сазовор гарданд.

То соли 1985 бо ин медал 1 470000 нафар қадрдонӣ шудаанд. Аз мукофотгирандагон 15 ҳазор нафар кӯдакону наврасони дар муҳосираи Ленинград буда мебошанд.

ОРДЕНИ БОГДАН ХМЕЛЬНИЦКИЙ ДАРАҶАҲОИ I, II ВА III

хмелниыцкий
Тобистони соли 1943 Армияи Советӣ ба озодкунии Украинаи Советӣ аз фашистони истилогар омодагӣ медид. Дар ин байн бо пешниҳоди режиссёри машҳури кино А.П. Довженко ва шоир Микола Бажан таъсиси мукофоте, ки бояд номи ходими машҳури давлатӣ ва сарлашкари номвари Украина Богдан Хмельницкийро гирад, ба миён омад.

Барои ордени нав лоиҳаи пешниҳоднамудаи Пащенко беҳтарин дониста шуд. Маводи асосӣ барои ин орден тилло барои ордени дараҷаи I ва нуқра барои дараҷаҳои II  ва III пешбинӣ шуд.

Низомномаи (статути) орден бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 10 октябри соли 1943 тасдиқ гардид. Аввалин бор ордени мазкур 28 октябри соли 1943 ба генералҳо ва офитсерони диловари Армияи Советӣ тақдим гардид. Ордени нави ҷангӣ ба ҷанговарон ва командирони Армияи Сурх, инчунин партизанҳо, ки дар муҳорибаҳои ҷангӣ баҳри озод намудани сарзамини ишғолнамудаи советӣ аз фашистони истилогар ҷасорату диловарӣ нишон додаанд, супорида мешуд.

Бо ордени Богдан Хмельницкий дараҷаи I фармондеҳони фронт ё армия барои амалиётҳои бобарор, ки дар натиҷаи он шаҳр ё ноҳия аз душман озод шуда, дар баробари ин ба қувваҳои душман ва техникаи он зарбаҳои ҷиддӣ расонида шудаанд, сазовор мегардиданд.

Ордени Богдан Хмельницкий дараҷаи II ба офитсерон (аз командирони корпус то командирҳои полк), ки ҳангоми рахна кардани  минтақаи мустаҳкамнамудаи душман ва ҳангоми рейди бобарор дар ақибгоҳи душман ҷасорату мардонагӣ нишон доданд, тақдим мешуд.

Ордени Богдан Хмельницкий дараҷаи III дар баробари ҳайати офитсерон ва партизанҳо, инчунин ба  сержантҳо, старшинаҳо, ҳайати ҷанговарони қатории Армияи Сурх ва отряди  партизанҳо, ки дар муҳорибаҳо ҷасорату далерӣ зоҳир намуда, супоришҳои ҷангии дар наздашон гузоштаро сарбаландона иҷро намудаанд, дода мешуд.

Бо ордени Богдан Хмельницкий (дараҷаҳои I, II ва III ) 8451 нафар ҷанговарони ҷасуру диловари Армияи Сурх сарфароз гардидаанд.

МЕДАЛИ «БАРОИ МУДОФИАИ ОДЕССА»

odessi копияМедали «Барои мудофиаи Одесса» бо Укази Президиуми Совети Олии СССР 22 декабри соли 1942 (муаллифи лоиҳа рассом Н.И.Москалёв) тасдиқ гардид.

Бо ин медал ҳамаи иштироккунандагони мудофиаи Одесса- хизматчиёни ҳарбии Армияи Сурх, Флоти ҳарбӣ- баҳрӣ ва ҷузъу томҳои НКВД, инчунин шаҳрвандоне, ки бевосита дар мудофиаи шаҳр иштирок кардаанд, мукофотонида мешуданд. Мудофиаи шаҳри Одесса аз 10 август то 16 октябри соли 1941- ро дар бар гирифта буд.

Тарзи тақдими медал аз номи Президиуми Совети Олии СССР, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иштирок дар мудофиаи шаҳри Одесса, сурат  мегирифт.

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро командирони қисми ҳарбӣ, сардорони муассисаҳои табобатии ҳарбӣ, Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳр ва вилояти Одесса медоданд.

Медали «Барои мудофиаи Одесса» дар тарафи чапи сина, дар баробари дигар медалҳои СССР, баъди медали «Барои мудофиаи Москва» насб мешавад.

То соли 1985 бо медали «Барои мудофиаи Одесса» 30000 нафар мукофотонида шудаанд.

Фароҳамсоз Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

(Идома дар шумораи оянда)