15 санади ҳамкорӣ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ

№ 29.08.2022

Чунин аст натиҷаи Форуми байналмилалии иқтисодии Кӯлоб — 2022

27 августи соли равон дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб — 2022» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Арабистони Саудӣ, Туркия, Қазоқистон ва соҳибкорони кишвар иштирок намуданд.

Дар он раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи — Саъдӣ Қодирзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака иштирок ва суханронӣ намуданд.

Саъдӣ Қодирзода, оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар вобаста ба ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти минтақаи Кӯлоб, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ибрози андеша кард.

 Қурбон Ҳакимзода таваҷҷуҳи соҳибкорону сармоягузоронро ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоб ҷалб намуд.

 Дар Форум навори видеоии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон намоиш дода шуда, иштирокчиёни Форум аз корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва МОИ «Кӯлоб» боздид намуданд.

 Дар доираи чорабинӣ 15 санади ҳамкорӣ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, технологияи иттилоотӣ ва дигар самтҳо ба имзо расид.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»