хабарҳо аз минтақаҳо

Хабарҳо аз минтақаҳо

№176 (3477) 24.12.2015

 Иншооти нав ба ҷашни Наврӯз

Соли 2015 дар вилояти Суғд «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо» эълон карда шудааст. Дар боғи истироҳатию фароғатии ноҳияи Ашт сохтмони Қасри фарҳанг, ки моҳи марти соли 2014 оғоз шуда буд, идома дорад. Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 800 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчӣ ҶДММ «Сохтмончӣ- муҳандис-созанда» мебошад. Ҳамчунин дар ҳамин мавзеъ сохтмони чойхонаи миллӣ бо маблағгузории Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо харҷи як миллиону 600 ҳазор сомонӣ дар арафаи анҷомёбист. Чойхона барои 170 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз як толори калон, як толори хурд ва чор утоқи алоҳида иборат мебошад. Тибқи маълумоте, ки аз роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Хушнуд Маҳматқулов гирифтем, ҳар ду иншоот дар остонаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

 Табибон сипосгузоранд

Бино ба иттилои сардухтури Маркази саломатии деҳаи Маҳрами шаҳри Конибодом Насиба Сайфиддинова, бо дастгирии раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ва соҳибкор — вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Асрор Дӯстматов Маркази саломатии деҳа таъмири хушсифат шуд.

- Биное, ки соли 1966 бунёд гардида, ба таъмири ҷиддӣ эҳтиёҷ дошт, симои нав гирифт. Сокинони деҳа аз ин амали хайри раиси шаҳр ва соҳибкори маҳаллӣ хеле хушнуд гардиданд, — мегӯяд Насиба Сайфиддинова.

Н. Ҳусейн, «Садои мардум»

Занон дар ноҳия фаъоланд

Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара баҳри татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2011 — 2020», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва  ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2006 — 2016» корҳои назаррасро амалӣ намуда истодааст. Дар робита ба ин, дар деҳоти ноҳия оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, ҷалби духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва касбӣ, муносибатҳои хонаводагӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва маърифати гигиении занони деҳот суҳбату вохӯрӣ ва семинарҳо гузаронида шуд.

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар «Соли оила» дар маркази ноҳия ва деҳот аз рӯи усули «Хона ба хона» марбут ба мавзӯъҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба бар кардани сарулибосҳои миллӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва пешгирии никоҳи хешутаборӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои деҳот ва шӯроҳои занон 68 суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ва озмуни  сарулибоси миллӣ — «Хандаи  ҳусн» бо иштироки фаъолонаи занону духтарон дар сатҳи зарурӣ доир гардид.

Мафҳили хотирмон

Бо ибтикори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба «Соли оила» маҳфили бошукӯҳ доир гардид. Муовини раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо ва мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод Гулнисо Саидова оид ба паҳлуҳои гуногуни оиладорӣ, роҳҳои мустаҳкам намудани оилаҳо, таълиму тарбияи насли сазовори замон суханронӣ карданд.

Дар чорабинӣ раиси ноҳия Ҳусейн Ализода ширкат ва суханронӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2015 «Соли оила» аз ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбат ба оиладорӣ ва бақои он, тарбияи фарзандони солеҳ дарак дода, дар назди ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеа масъулияти бузург вогузор мекунад, зеро оилаи солим бунёди ҷомеаи солим аст.

Қироати шеъру иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ, намоиши сарулибоси мактабӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1-и деҳаи Тоҷикобод ва №2 -и деҳаи Фатҳобод хотирмон буд.

Маҳфилро ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия боз ҳам рангин карданд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»