Ҳар гоҳ, ки ба Ҳоит биёям, беихтиёр байтҳои машҳури шоири ибтидои қарни бист Шарифхӯҷаи Кӯҳистонӣ ба ёдам мерасад, ки гуфтааст:
Замоне Ҳоити ман шаҳр будӣ,
Зи одам пур ба сони баҳр будӣ,
Ба гуфти он муаррихони пешин,
Макони ҳокимони даҳр будӣ.
Оре, замоне Ҳоит шаҳр буд ва бо номи Дижрошт ҳамчун маркази маъмурии Рашт маъруф. Бо мурури солҳо чандин бор вайрон шуд ва фарзандони барӯмандаш дигарбора пайи ободии он талош карданд. Баъди Инқилоби Октябр ва барқарории Давлати Шӯравӣ дар кишвари тоҷикон Ҳоит яке аз ободтарин ноҳия буда, миқдори аҳолиаш ба 70 ҳазор нафар расид. Дар ин давра фарзандони фарзонаи Ҳоит Мунаввар Шогадоев, Шарифхӯҷаи Кӯҳистонӣ, Ғайрат Сияҳаков, Ҳоким Хошоков, Салим Шарифов, Ҳасан Манонов, Гирдак Мурассаев, Подабон Шукуров, Абдулҳай Наимов, Валаъмат Мусоева, Ҳалим Миров, Муддин Бадриддинов, Тоҳирбеки Иброҳим, Садод Хучов, Зафар Нозимов, Саймуддин Бурҳонов, Абдулло Раҳимов, Саноат Усмонова, Давлатхӯҷаи Ҳоитӣ, Амирҷон Ҳасанов, Ҳабиб Сафоев, Илҳом Сафаров, Эмаҳмад Қаландаров ва даҳҳо нафари дигар дар манотиқи гуногуни кишвар баҳри ободии Ватани азиз саҳм гузоштанд.
Заминларзаи соли 1949 ин ноҳияи овозадорро аз харитаи кишвар маҳв намуд. Ҳоит ба чарогоҳ табдил ёфт. Беш аз 35 сол аз ин минтақа ба ҷуз овози парандаву чаранда ва даранда ба гӯш садое намерасид. Хушбахтона, дигарбора фарзандони Ҳоит барои ободии хокдони бобоӣ камари ҳиммат бастанд. Оғоз аз солҳои ҳаштодуми қарни гузашта деҳаҳо пайи ҳам обод шуданд. Солҳои навадуми асри XX ҷамоати деҳоти «Ҳоит» таъсис ёфт.
Баъди ба даст овардани истиқлолият ва барқарории сулҳ дар кишвар суръати бунёдкорӣ дар Ҳоит афзуд. Теъдоди аҳолӣ низ хеле зиёд шуд. Соли 2002, аз ҳисоби кам кардани ҳудуди деҳоти «Ҳоит» дар ҳудуди собиқ ноҳияи Ҳоит деҳоти дуюм — «Ясман» таъсис ёфт.
Моҳи августи соли 2002 Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳоит сафари корӣ дошт. Шаб меҳмони ҳоитиҳо буд. Мардум аз хурсандӣ ҷои нишаст намеёфтанд. Баъди сафари Сарвари давлат соҳаҳои хоҷагии халқ дар Ҳоит бештар рушд ёфтанд. «Қадами муборак дорад, Сарвари мо», — мегӯянд бо хурсандӣ сокинони Ҳоит. Давоми даҳ соли охир шумораи деҳаҳои обод дар ҳудуди деҳоти «Ҳоит» хеле зиёд шуд. Шумораи аҳолӣ ба 7014 нафар расид. Дар ҳудуди деҳот се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ду муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва ду муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 1116 нафар хонандагон, аз ҷумла 532 нафар духтарон таълиму тарбия мегиранд. Шасту ду нафар омӯзгорон (11 нафар муаллимаҳо) ба онҳо сабақ мегӯянд. Сокинони деҳоти «Ҳоит» имрӯз масъулияти хешро дар тарбияи фарзанд хуб эҳсос намудаанд ва бо таълимгоҳҳо робитаи зич доранд. Соли равон дар таъмиру тармими синфхонаҳо саҳми босазо гузоштанд.
Дар деҳоти «Ҳоит» чор муассисаи тандурустӣ — як беморхонаи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ ва як бунгоҳи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар беморхонаи минтақавӣ се нафар духтурони соҳиби таҳсилоти олӣ кор мекунанд. Айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ду нафар ва дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт даҳ нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҳоит таҳсил менамоянд. Беморхонаи минтақавии Ҳоит 20 кат барои табобати беморон дорад. Деҳоти «Ҳоит» аз маркази ноҳия дар масофаи 63 километр ҷойгир аст.
Сокинони деҳоти «Ҳоит» ба кишоварзӣ ва чорводорию занбӯриасалпарварӣ машғуланд.
Соли 2015 кишоварзони деҳоти «Ҳоит» дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 257 гектар зироат кишт намуданд. Аз ҷумла дар майдони 129 гектар ғалладона, 116 гектар картошка, панҷ гектар сабзавот ва чор гектар зироатҳои техникӣ киштанд. Ҳамчунин ҳашт гектар боғи нав бунёд гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда се гектар зиёд мебошад. Картошкапарварон аз ҳосили гирифтаашон қаноатманд буда, ният доранд, ки соли оянда майдони кишти картошкаро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида зиёд намоянд. Кирмакпарварони деҳоти «Ҳоит» нақшаро барзиёд иҷро намуда, дар ноҳия ҷои дуюмро соҳиб шуданд.
Сокинони деҳоти «Ҳоит» дар ҳама давру замон суннатҳои ниёгон, аз ҷумла сарулибоси миллиро муқаддас медонистанд ва имрӯз низ барои тарғиби он кори зиёд ба анҷом мерасонанд.
Масъалаи таъмини занону духтарон ба ҷои кор ҳамеша мадди назари роҳбарияти ҷамоати деҳот мебошад. Дар маркази деҳот сехи дӯзандагӣ ташкил шуда, зиёда аз 25 нафар духтарон соҳиби кори доимӣ гардидаанд. Дар сехи коркарди мева низ якчанд нафар занону духтарон кор мекунанд.
Духтарони Ҳоит дар ҳама давру замон паҳлуи мардон барои ободии кишвар саҳм мегузоранд. Ҳанӯз замони барқароршавии Ҳукумати Шӯравӣ панҷ нафар духтарони ҳоитӣ аз аввалин машъалафрӯзони соҳаи маориф буданд. Номи Чиллабибӣ Ҳакимова, Оламбибӣ Гадоева, Маълумбибӣ Қосимова, Сайрамбибӣ Абдуллоева ва Файзинисо Шоназароваро имрӯз ҳам сокинони Ҳоит бо эҳтиром ба забон меоранд.
Имрӯз ҳам дар деҳоти «Ҳоит» шумораи занони фаъол зиёд аст. Давоми ду соли охир 15 нафар духтарони ҳоитӣ Коллеҷи тиббии ноҳияро хатм карда, ба зодгоҳи худ баргаштанд.
Масъулини Ҷамоати деҳоти «Ҳоит» барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору супоришҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият намуда, дар ин давра кори зиёдро ба анҷом расониданд.
Роҳбарияти ҷамоати деҳот ба қабули шаҳрвандон диққати ҷиддӣ медиҳад ва ба аризаҳои онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда сари вақт ҷавоб мегардонанд.
Дар ҷамоати деҳот барои дар ҳаёт татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Раиси Ҷамоати деҳоти «Ҳоит» Ҳикматулло Мирзоев ҷавонмарди кордону масъулиятшинос аст. Ӯ дар оилаи омӯзгор — Хайрулло Мирзоев, ки баъди заминларза барои обод намудани харобаҳо ва ташкили муассисаи таълимӣ дар Ҳоит хизмати шоиста намудааст, ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 ба номи Каримҷон Ҳусейнзода оғоз намудааст. Солҳои 2006 — 2008 мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт ва аз соли 2008 то соли 2009 директори муассисаи таълимии мазкур буд. Аз соли 2013 раиси Ҷамоати деҳоти «Ҳоит» мебошад. Дар муддати кӯтоҳ ӯ худро ба ҳайси роҳбари эҷодкору ҷӯянда нишон дода тавонист.
Ҳоло дар кӯчаи марказии деҳаи Ҳоит қадам мегузораму мебинам, ки мардум осуда пайи кору зиндагии хешанд. Биноҳои хурду калон қад афрохта, ба деҳа ҳусни дигар зам намудаанд. Соҳибкорони маҳаллӣ аз ҳисоби даромади худ фурӯшгоҳҳо сохтаанд, ки дар хизмати мардуманд. Боварӣ дорам, ки баъди чанд соли дигар Ҳоит боз шуҳрати пешинаро соҳиб мешавад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»