21 миллион сомонӣ қарзи барқ дар Муъминобод

№45 (4465) 12.04.2022

Афзудани қарзи истифодаи неруи барқ, симчӯбҳои куҳнаю фарсуда ва напардохтани маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби корхонаҳои буҷетӣ аз мушкилотест, ки солҳо боз кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияи Муъминободро нигарон кардааст. То якуми апрели соли 2022 қарзи истифодаи неруи барқ, ки аз солҳои 1990 ҷамъ шудааст, танҳо аз ҳисоби аҳолӣ 21 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои сардори Шабакаҳои барқи ноҳия Ҳабибулло Абдулозода, алҳол қарзи корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, ки аз соли 2018 боқӣ мондааст, беш аз 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

- Корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, ки қарздори аслӣ дар ноҳия мебошанд, ду сол боз умуман қарз пардохт накардаанд. — Борҳо ба унвони роҳбарони ташкилоти ноҳиявӣ огоҳӣ ирсол кардем, вале натиҷа надод. Ҳоло КВД фаръии хоҷагии манзилию коммунали ноҳия 83 ҳазор сомонӣ, комиссариати ҳарбӣ — 10 ҳазору 972, беморхонаи марказии ноҳия — 252 ҳазору 395, маркази саломатӣ — 20 ҳазору 979 ва мактаб — интернати ноҳиявӣ 53 ҳазору 916 сомонӣ қарздоранд, — гуфт Ҳ. Абдуллозода.

Вобаста ба ин масъала хостем бо сардори шуъбаи молияи ноҳия Тоҷиддин Мирзобаротов ҳамсуҳбат шавем. Мутаассифона, ӯро дар ҷойи кораш пайдо накардем.

Дар ноҳияи Муъминобод маҳаллаҳои нав­бунёдро вохӯрдан мумкин аст, ки аз бебарқӣ азият мекашанд. Ҳ. Абдуллозода вобаста ба ин ­масъала гуфт, ки алҳол сокинони 16 деҳа аз барқи доимӣ маҳруманд. Ба қавли ӯ, дар деҳаҳои бебарқ аз 5 то 10 оила истиқомат мекунанд.

Вобаста ба дуздӣ ва истифодаи пинҳонии неруи барқ масъули бахши тиҷорати Шабакаҳои барқи ноҳия Мусоев Шералӣ изҳор дошт, ки нисбат ба 30 сокини ноҳия санади қоидавайронкунӣ тартиб додаанд, ки маблағи онҳо 12 ҳазору 440 сомониро ташкил медиҳад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»