23 феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласа баргузор ва масъалаҳои вобаста ба таъин намудани интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Бахтиёр Тавар ёдовар шуд, ки бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2017 ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3 Абдураҳмонзода Саидумрон Назар ва бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017 ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Б. Ғафуров №14 Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бинобар ба вазифаҳои давлатӣ таъин шуданашон пеш аз муҳлат қатъ гардидааст.
- Аз ин хотир, — афзуд ӯ, - тибқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи миёнадаврӣ гузаронда мешавад. Мутобиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаҳои зикргардида 23 апрели соли 2017 муқаррар гардид.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар ҳавзаҳои интихоботии зикршуда комиссияҳои ҳавзавиро ташкил ва нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботро тасдиқ кард.
К. Бурҳониддин, «Садои мардум»