Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бунёди 232 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Ҷамшед Латифов аз ҷамъи иншооти дар нақшабуда 62 адад ба маблағи 37 миллиону 274 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо зиёда аз 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар 72 иншооти дигар, аз қабили парки технологӣ – инноватсионӣ, мактаб барои 640 хонанда дар як баст, чор бунгоҳи тиббӣ, ду толор ва се майдончаи варзишӣ ва синфхонаи иловагӣ, корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, баъд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 70 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»