25 иншоот ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолият

№120 (3600) 20.09.2016

Ба истиқболи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом 25 иншоот мавриди истифода қарор гирифт.

 

Манзилҳои истиқоматӣ дар кӯчаи Айнӣ (аз ҷониби соҳибкорон Акмалҷон Шокиров, Мансурҷон Аҳмадов, Домуллоҷон Баротов сох­та шуданд), толор ва майдонҳои варзишӣ, коргоҳҳои коркарди нефт, меваи хушк, истеҳсоли шағалу қум, дорухона ва дармонгоҳи байторӣ, бинои маъмурӣ дар кӯчаи ба номи Ю. Ёдгоров, маркази ташхисию муолиҷавӣ дар деҳоти ба номи Р. Ҳамробоев, ҳаммом дар деҳоти «Пӯлодон» аз ҷумлаи ин иншоот мебошанд.

 Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»