- чунин аст андешаҳои мардуми шаҳри Истаравшан
Дар дафтари корӣ машғули мутолиа будам, ки ба наздам ҳамсинфам Наим Баҳридинов даромад. Дар даст як шумораи рӯзномаи «Садои мардум» ва чанд адад рӯзномаи дигар дошт.
Наим аз рӯи ихтисос муҳандиси сохтмон буда, тӯли фаъолияти беш аз 40-сола дар вазифаҳои гуногун кор кардааст ва имрӯз сарварии як гурӯҳи меъморонро ба уҳда дорад. Ҳамеша аз вазъи ҷаҳону кишвар огаҳ аст.
Ӯ рӯзномаи «Садои мардум»-ро кушода гуфт:
- Ин Саидюнус, ки худро Истаравшанӣ муаррифӣ мекунад, боз ба ҳарзагӯйӣ даромадааст. Ана, дар шумораи 120 аз 20-уми сентябр дар мақолаи «Сафсатаҳои Саидюнуси Истаравшанӣ» муаллиф Исмоил Ҳамзаев навиштаҳои ӯро маҳкум карда менависад, ки «Пешравию музаффариятҳои кишвари мо на ба ҳама писанд аст. Аз ҷумла, барои як қисми онҳое, ки солҳо дур аз Тоҷикистон қарор доранд, сулҳу субот ва оромии кишвар мисли устухон дар гулӯ аст. Саидюнуси Истаравшанӣ аз зумраи чунин инсонҳои носипос мебошад. Номбурда то ҳол мавқеи худро иваз накардааст. Дар навиштаҳояш аз Ҳукумат ва Президент интиқод мекунад. Чашмаш пешравиҳои кишварро намебинад, танҳо ягона коре, ки метавонад, зери танқид қарор додани ин ё он шохаи ҳокимият ё роҳбарияти кишвар мебошад».
- Ман ин мақоларо хондам. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки андешаҳои нопоку муғризонаи ин «файласуф»-ро фош намояд. Кори дуруст кардааст. Саидюнуси Истаравшаниро имрӯз аҳли ҷамъияти мо ҳамчун хоини Ватан ва шахси ҳарзагӯ хуб мешиносанд.
Душман ҳамеша аз зери нохун чирк мекобад, зеро муқтазои табиаташ ҳамин аст, — ҳамсуҳбатамро таскин доданӣ шуда, гуфтам ман.
- Дуруст, ман ҳам ин чеҳраи манфурро хуб мешиносам, — гуфт ҳамсинфам ва илова кард:
- Перорсол дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Минбари халқ» Шодӣ Атоӣ-корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, бо номи «Кимёгари бадбахтиҳо ва иғвогари ватанбезор бо тахаллуси Истаравшанӣ» мақолаи хуби таҳлилие навишта, баён дошта буд, ки «Мутаассифона, чунин нафарони «рӯшанфикр» — и иғвоангез пайдо шудаанд ва мехоҳанд, ки арзиши қиматтарини моро бо номи сулҳу субот аз мо бирабоянд ва дар назди хоҷагони худ, ки фарҳангу сарвати моро рӯиҳамрафта ба тороҷ бурдаанд, аз нокомии мо бори дигар ҳисобот диҳанд. Чунин «рӯшанфикр» — и «кимёгар» — у «саодатхоҳ» шаҳрванди давлати мо Саидюнуси Истаравшанӣ мебошад, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон умр ба сар мебарад ва бо гуфти худаш устоди фалсафа аст. Дар матлабе, ки 30 сентябр (соли 2014 дар назар аст) дар торномаи «Кимиёи саодат» — аш бо номи «10 октябр поёни як достон ё оғози як достон» ҷой додааст, мехоҳад бо суханбозиву иғвоангезӣ ҷомеаро ба гумроҳӣ барад…».
Нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрамон — «Паёми Истаравшан» мақолаеро бо номи «Даъвоҳои манқуртӣ дар бораи адолат ва пешрафт» аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бознашр карда, дар он аз номи муаллифи мақола Ҳафиз Холиқзода, корманди дигари маркази дар боло зикршуда Саидюнус ва Муҳиддин Кабириро «манқуртони исломӣ» номида, навишта буд, ки «Даъвои манқуртҳои исломии мо ҳамин аст, ки ҷаҳони сохташудаи хоҷагони арабӣ аз нав барқарор карда шавад. Аз ин нуктаи назар, онҳо 1400 солро ба 70 соли шӯравӣ муқоиса мекунанд. Асрҳои миёнаро давраи «такомулу пешрафти фаровон» ва 70 соли замони шӯравиро «доғи сиёҳи миллӣ» меноманд».
- О, ин худаш чӣ гап аст?, — гуфт ошуфтаҳолона дӯсти ман ва афзуд:
- Мардуми имрӯзаи мо дигар он гумроҳони 25 соли пешина нестанд. Дигар касе ба сафсатаҳои чунин «мунаққидон» гӯш намекунад. Хуб, матбуот озод аст, ҳар чизе, ки гӯянд, гуфтан гиранд. Вале мо — истаравшаниҳо аз он дар хиҷолатем, ки Саидюнус аз Истаравшан будааст ва шарм надошта, Истаравшанӣ буданашро таъкид мекунаду ба шаъни мардуми шуҳратманди ин шаҳри бузург иснод меорад.
Сухани дӯсти ман ҷон дорад. Истаравшаниҳо баробари шунидани номи қаҳрамонон ва донишмандони истаравшанӣ, яъне ҳамдиёрони худ, ба мисли Шиблии Истаравшанӣ, Афшини Истаравшанӣ, Озари Истаравшанӣ, Зуфархону Суҳайлии Истаравшанӣ шод гардида, ифтихор мекунанд, вале баробари шунидани номи касифе, чун Саидюнус рӯяшон турш мешаваду табъашон хира.
Бо чанд тани дигаре, ки дар ин робита ҳамсуҳбат шудам, айнан ҳамин ҳолро мушоҳида кардам.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»