8-уми ноябри соли 2016 сайти хабаргузории «Озодагон» матлаберо дар нишонии электронии: http://www.ozodagon.tj/28322-korshinosi-eron-teron-dasti-imoyat-az-dushanbe-bardoradu-ba-dunboli-tosh kand-boshad.html бо номи «Коршиноси эронӣ: Теҳрон дасти ҳимоят аз Душанбе бардораду ба дунболи Тошканд бошад» чоп намуд, ки мақсади он иғвоандозӣ ва тира намудани робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои дигари минтақа мебошад.
Ба навиштаи «Озодагон»: «Хабаргузории нимарасмии «Форс»-и Эрон ёддоште аз Сайидмуҳаммад Алавизода, коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ дар муассисаи мутолеоти «Ирони шарқӣ»-ро бо унвони «Равобити Эрон — Тоҷикистон пас аз марги Каримов» нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, Эрон бояд дар муносибати худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷдиди назар ва барои муносиботи хуб бо Тошканд иқдом кунад. Аз назари ин коршинос «Эрон дар гузашта барои ҳимоят аз Душанбе муносиботи хубе бо Тошканд «кишваре, ки дорои нақши меҳварӣ дар ин минтақаи истротежик аст», надошт.
Саволе ба миён меояд, ки хабаргузории «Форс» чӣ гуна хабаргузорист ва аз мавқеи кадом кишвар дар сиёсати байналмилалӣ ҳимоят мекунад?
Тибқи маълумоти «Донишномаи озод» (tg.wikipedia.org): «Хабаргузории «Форс» — яке аз хабаргузории эронӣ аст, ки ба вобастагӣ ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шуҳрат дорад. Хабаргузории «Форс» дар ҳоли ҳозир ба чаҳор забон — форсӣ, арабӣ, инглисӣ ва туркӣ мунташир мешавад. Дар ин хабаргузорӣ сервисҳои мухталифе роҳандозӣ шуда, ки ҳар кадом ба сурати мустақил иқдом ба фаъолият карда, ахбор ва матолиби худро дар бахшҳои марбута мунташир мекунанд ва дар ниҳоят муҳимтарин ахбор дар сафҳаи аввали сомона намоиш дода мешавад».
Аз ин маълумот пайдост, ки хабаргузории мазкур ҳимоят аз кадом ниҳод мекунад ва ҳадафаш чист? Пас ҳар масъалаеро ин расона матраҳ мекунад, дар мувофиқа бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст.
Аз навиштаҳои ин нафаре, ки худро коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ дар муассисаи мутолеоти «Ирони шарқӣ» муаррифӣ кардааст, маълум аст, ки ҳадафаш ҳимояти идеологияи мазҳабии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Сайидмуҳаммад Алавизода бо мақсади ҳимоя намудани манфиатҳои сиёсӣ — мазҳабии Эрон, бо такя ба фурсати мавҷуд (пас аз марги Каримов) талаб намудааст, ки Теҳрон аз ҳимояти Душанбе даст бардошта, ба ин васила Тошкандро ба ҳамкорӣ ҷалб намояд. Аммо бояд Сайидмуҳаммад Алавизода фаҳмида бошад, ки Тоҷикистон давлати мустақил буда, тибқи сиёсати дарҳои боз ва манфиатҳои худ кишварҳоро барои амалӣ намудани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию низомӣ озодона интихоб менамояд. Кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон набояд арзишҳо ва идеологияи худро ба кишвари мо таҳмил кунанду ба мо хатар эҷод намоянд. Ҳол он ки маҳз ҳукумати кунунии Эрон бо дастгирӣ ва ҳимоят аз роҳбари ҳизби террористии наҳзати исломӣ собит намуд, ки ҷонибдори кӣ аст ва бо кадом мақсад ҳамкориҳо дорад. Баъдан, агар муносибати Эрон бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна ва минтақа дуруст набошад, гуноҳи Тоҷикистон чист? Эрон то ҳол натавонист ҷойгоҳи дурусти худро дар Осиёи Миёна пайдо намояд ва ба ин шакли ҳамкории характери таблиғи идеологияи мазҳабидоштаи худ минбаъд низ наметавонад равобити худро бо Ӯзбекистон рушд диҳад.
Бисёр содалавҳона ва хандаовар аст, ки ин коршинос барои номуваффақ будани сиёсати хориҷии Эрон дар минтақаи мазкур ҷониби Тоҷикистон санг меандозад. Дар сиёсати байналмилалӣ кишварҳое, ки нуфузи зиёд доранд, ҳамеша аз кишварҳои ҳамвазн дастгирӣ мекунанд ва дар ин росто ҳамзабонию фарҳанги муштарак мавқеи муҳим надорад. Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили байналмилалӣ дар интихоби шарикони тиҷоратию иқтисодӣ озод аст ва агар сарварони сиёсии ҳозираи кишвари Эрон мехоҳанд бо дигар кишварҳои Осиёи Миёна муносиботи фарҳангӣ ва иқтисодӣ барқарор кунанд, низ соҳибихтиёранд. Ин сухан дурӯғи маҳз аст, ки Эрон ба хотири дастгирӣ аз Тоҷикистон бо Ӯзбекистон муносибати хубе надошт. Проблемаи асосӣ кишвари мазҳабӣ будани худи Эрон аст, зеро собиқ Президенти Ӯзбекистон бо кишварҳое, ки таблиғи мазҳаб мекунанд, робитаи хубе надошт.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар шароити ҳозира муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама самт инкишоф меёбанд. Ғайр аз ин, дар доираи якчанд ташкилоти минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай, робитаҳои кишвари мо бо Ӯзбекистон хуб ба роҳ монда шудаанд. Аз ин рӯ, мақолаҳое, ки чунин коршиносони ғаразнок, ба мисли Сайидмуҳаммад Алавизода таълиф мекунанду расонаҳои ғаразнок онро нашр месозанд, ба муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон халал расонда наметавонанд.
Шерзод Бобоев