Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии якдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардидааст.
Зимни таҳия ва қабул кардани қонуни мазкур пешниҳодоти қишрҳои аҳолӣ, ҳамчунин таҷрибаи мамолики суннимазҳаби равияи Имоми Аъзам ба назар гирифта шуда, мақсади қабули он пешгирии исроф ва дастгирии шахсони камбизоат мебошад. Қабули қонуни мазкур ба исрофкорӣ хотима дода, шаҳрвандонро аз «уҳдадорӣ»- ҳои беасос озод намуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ободии кишвар, тараққиёти босуръати иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон тақозо мекунад, ки мо расму оинҳои худро аз урфу одатҳои номатлуб, хурофот, ки таърихан хоси мардуми мо нестанд ва ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонанд, ҳифз намоем. Бинобар ин, дар асоси моддаҳои 6, 9, 10, 11, 12 ва 13 қонуни мазкур як қатор ҷашну маросимҳо, аз қабили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ» ва ғайра манъ карда шуд.
Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки аз даври қадим ходимону уламои дин, шоирону бузургон исрофкориро маломат мекарданд.
Прокуратураи вилояти Хатлон иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар солҳои 2007-2016 ва давраи сипаришудаи соли равон мавриди санҷиш қарор дод.
Муайян гардид, ки бо мақсади татбиқи қонуни зикршуда дар вилоят 26 комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 154 комиссияи доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолият менамоянд. Инчунин дар корхонаю ташкилотҳое, ки зиёда аз 30 корманд доранд, 2459 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо амал менамояд.
Санҷиши прокурорӣ дар ноҳияи Мӯъминобод муайян намуд, ки аз фаъолияти сусти комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот истифода намуда, аз тарафи масъулини ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис дода нашудааст. Чунончӣ, Гулчеҳра Шомадова дар вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Мӯъминобод фаъолият намуда, дар муассисаи таълимии мазкур, ки шумораи кормандонаш 86 нафар мебошад, комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис надодааст. Чунин камбудӣ дар фаъолияти директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 Пулод Латипов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 Хайринисо Салимова низ ошкор шуд.
Бинобар ин, аз тарафи прокурори ноҳияи Мӯъминобод нисбат ба Г. Шомадова, П. Латипов ва Х. Салимова бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, тибқи талаботи моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Мӯъминобод ирсол ва бо қарорҳои суд ҳар кадомашон 1600 сомонӣ ҷарима шуданд.
Санҷиши прокурорӣ муайян намуд, ки аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар 28 апрели соли 2011 нисбат ба сокини ноҳияи Бохтар, деҳоти «Меҳнатобод» Ш. Шодмонов барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи талаботи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, парвандаи мазкур барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Бохтар ирсол нагардида, нисбат ба қонунвайронкунанда ҷазо дар намуди огоҳӣ татбиқ шудааст. Чунин камбудӣ зимни санҷиши прокурорӣ дар фаъолияти комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Вахш ва Шаҳритуз низ ошкор гардид.
Мувофиқи моддаи 8-уми қонуни мазкур, зодрӯз таври ихтиёрӣ дар доираи оила гузаронида мешавад. Аммо талаботи мазкур аз тарафи сокини деҳоти «Ватан»- и ноҳияи Темурмалик А. Бобоқулов риоя нагардида, 18 апрели соли 2010 дар манзили истиқоматиаш, бо даъвати ашхоси зиёд зодрӯз барпо намудааст. Биноан, 18 апрели соли 2010 аз тарафи прокурори ноҳияи Темурмалик нисбат ба А. Бобоқулов бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, бо қарори Суди ноҳияи Темурмалик номбурда ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисоб, баробар ба 3500 сомонӣ, ҷарима шуд.
Мувофиқи тафсири моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», агар се бародар се ё чор писарро хатнасур кунанд ҳам, то 60 меҳмон бояд даъват намоянд. Дар ин ҳолат ҷойи зисти писарбачаҳо ва ҷудо будани мавқеи сукунати волидон нақш намебозад. Маъракаи гаҳворабандон танҳо дар доираи оила баргузор мешавад. Вале санҷиш дар ноҳияи Қубодиён муайян намуд, ки ин ҳолат аз тарафи сармутахассис оид ба дин ва танзими ҷашну маросимҳои деҳоти «Тахти сангин»-и ноҳияи Қубодиён риоя нагардида, ба шаҳрванд Замира Каримова барои баргузор намудани хатнасури наберааш К.Каримов 12 ноябри соли 2016 аз соати 10 то соати 13 ва ба модари директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 Н.Сурхакова барои баргузор намудани хатнасури наберааш Ю. Каримов 12 ноябри соли 2016 аз соати 18 то соати 20 тавсиянома дода шудааст. Дувоздаҳуми ноябри соли 2016 хатнасури шаҳрванд З. Каримова мавриди санҷиш қарор дода шуда, муайян гардид, ки номбурда, дар манзили истиқоматии модараш Н. Сурхакова, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, деҳоти «Тахти сангин», деҳаи Х.Файзулло, дар ду дег шӯрбо ва дар як дег ош пухта, талаботи моддаҳои 9 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намудааст. Вобаста ба ин ҳолат, аз тарафи прокурори вилоят нисбат ба З.Каримова бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, бо қарори суд нисбат ба номбурда ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи 4000 сомонӣ татбиқ гардид. Ҳамчунин, ба сармутахассис оид ба дин ва танзими ҷашну маросимҳои деҳоти «Тахти сангин»-и ноҳияи Қубодиён Ҳ.Алохонов танбеҳ дода шуд.
Ҳамин тариқ, дар ҷараёни 265 санҷиш вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят 1367 қонуншиканӣ ошкор гардида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоргашта 412 пешниҳод, 50 амр ирсол гардида, нисбат ба 588 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба қарорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор 14 эътироз оварда, аз рӯи баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 303 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки барои боз ҳам мукаммал шудани қонуни амалкунанда ба масъалаҳои зерин эътибор диҳанд:
- Дар моддаи 14-уми қонун, вобаста ба фаслҳои сол, бахусус тобистон, тағйирот дароварда шавад, зеро дар фасли тобистон субҳ барвақт медамад. Бинобар ин, дар ин фасл аз соати 6-и субҳ муқаррар гардидани оғози ҷашну маросимҳо барои онҳое, ки дар саҳро кор мекунанд, мувофиқ аст.
- Дар моддаи 10 қонун дар қисмати шумораи автомашинаҳое, ки меҳмонҳоро ба хонаи домод ё арӯс мекашонанд, тағйирот дароварда шавад. Чунки нозирони БДА талаботи моддаи 10-уми қонуни мазкурро асос намуда, нисбат ба чунин ронандагон бо моддаи 328 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳанд.
Дар тафсири моддаи 9-уми қонуни мазкур қайд гардидааст, ки соҳиби тӯй метавонад дар манзили хеш ва ё тарабхона барои то 60 нафар шӯрбо ва ош омода намояд. Бинобар ин, зарур аст, ки дар моддаи 9-уми қонун, дар қисмати додани хӯрок, яъне як хӯрок, тағйирот дароварда шавад.
Насрулло МАҲМУДЗОДА,
прокурори вилояти Хатлон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3