30 соли созандагию бунёдкориҳо

№ 16.12.2024

ХХДТ МИРЗО 111224Таҳти чунин унвон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ифтитоҳ бахшида, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз таърихи таъсисёбии ҲХДТ ёдовар гардид, ки санаи 10 декабри соли 1994 анҷумани муассисон дар бораи ташкилёбии ҳизб қарор қабул намуда, оиннома ва барномаи онро тасдиқ ва 25 июни соли 1997 дар анҷумани 3-юм номи Ҳизби халқии Тоҷикистон ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон табдили ном кард.

- Бо гузашти 30 сол Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, баҳри беҳбудии ҷомеа фаъолияти пурсамар намуда истодааст, — зикр кард Р. Аҳмадзода.

 Имрӯз аз вилояти Суғд 193 ҳазору 390 нафар аъзои ҲХДТ буда, дар 1711 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд.

- Боварӣ ва эътимоди комил дорам, ки бо аъзои ҳизб такя ба сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри татбиқи нақшаву барномаҳои ҳизбӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолияти босамар намуда, дар ин ҷода аз тамоми неру ва имкониятҳо самаранок истифода хоҳанд намуд,- афзуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар идомаи ҳамоиш ғолибони озмунҳои вилоятии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Беҳтарин тарғибгари Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон» бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудан.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»