Бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сохтмон дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт, рушд ёфта, ҳар сол даҳҳо иншоот ба истифода дода мешавад.
Раиси ноҳия Зарина Идизода гуфт, ки бинокорон дар ободу зебо гардондани ноҳия саҳми назаррас доранд. Натиҷаи ин аст, ки даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия садҳо мактаб, боғчаи кӯдакон, маркази саломатӣ бунёд гардид.
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтани 307 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ дар назар мебошад. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 39 иншоот, тандурустӣ -15, фарҳанг -10, варзиш- 34 ва ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ 69 иншоот тааллуқ дорад. Боқимонда 17 лоиҳаи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 бинои маъмурӣ, 2 бинои истиқоматӣ, 18 лоиҳаи таъмир ва мумфарш кардани роҳҳо, 36 хати оби нӯшокӣ ва чоҳи амудӣ, 6 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 7 ҳавзи моҳипарварӣ, 3 фермаи мурғпарварӣ, фермаи чорводорӣ, 2 сардхона ва 33 иншооти дигари соҳаи хизматрсонӣ мебошанд. Аз ин шумора 129 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 146 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.