Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

Тадбирандешии вакилон барои кам кардани таъсири ғизои зараровар

№70 (3707) 13.06.2017

Бино ба иттилои ҳафтаномаи  «Парламентская газета», узви Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федералии  Федератсияи Россия оид ба ҳифзи тандурустӣ Николай Герасименко  пешниҳод кардааст, ки бояд Барномаи махсуси назорати маҳсулоти  зараровар таҳия ва қабул шавад. Номбурда пешниҳоди хешро бо он асоснок кард, ки алҳол бисёр ғизо ва нӯшокиҳои ташнагишикан бо иловаи маҳсулоти химиявӣ омода мешавад, ки ба саломатии инсон  зарар­овар аст. Пешниҳодро дигар вакилон дастгирӣ карданд ва таҳияи лоиҳаи он оғоз шуд.

image_big_85770Сенатори амрикоӣ Трампро даъват кард, ки русҳоро ҷазо диҳад

Ҳафтаи ҷорӣ палатаи болоии Конгресси Амрико лоиҳаи  қонунеро муҳокима менамояд, ки  ба таҳрим нисбат ба Эрон ва Россия рабт дорад. Дар ин бора намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳон Линдс Грим изҳорот дода, гуфтааст, ки ин давлатҳо демократияро поймол менамоянд. Вай чунин меҳисобад, ки Трамп бояд ба ин қонун имзо гузорад, вагарна ба демократия хиёнат мекунад, — иттилоъ додааст ТАСС.

 Қонуни аз тахт барканоркунии император қабул шуд

Палатаи болоии парламенти Ҷопон 9-уми июни соли ҷорӣ қонун дар бораи аз тахт барканор кардани император Акихито ва интиқоли қуд­рат ба валиаҳдро қабул кард. Дар овоздиҳӣ аз 242 вакил 235 нафар иштирок карда, якдилона  ҳуҷҷати мазкурро дастгирӣ карданд. Мувофиқи қонун, раванди интиқоли қудрат набояд беш аз се солро дар бар гирад. Император Акихито айни ҳол 83 — сола аст ва саломатиаш имкон намедиҳад, ки корҳои давлатдориро пеш барад. Вай мехоҳад оянда писари калониаш Нарухито кори ӯро давом диҳад. Интизор меравад, ки интиқоли қудрат моҳи декабри соли 2018 сурат гирад.

Мувофиқи талаботи қонун баъд аз барканоршавӣ  имтиёзҳои Акихито боқӣ мемонад.

 07fa6aba68c4de55ac79c236f5e90ea4Дар Қазоқистон интихоботи парламентӣ доир мегардад

Дар Ҷумҳурии  Қазоқистон 28 июни соли ҷорӣ интихоботи парламентӣ баргузор мешавад. Бақайдгирии номзадҳо анҷом ёфта, аз 8 июн маъракаи тарғиботӣ оғоз ёфт. Тавре Агентии «Tengrinews.kz.» иттилоъ медиҳад, чанд нафақагир ва ашхоси бекор низ номзадии хешро барои вакили парламент интихоб шудан пешниҳод кардаанд. Барои баргузории интихоботи навбатӣ аз буҷаи давлат 92 миллион танга ҷудо шудааст.

 

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»