Шояд ёфт шаванд касоне, ки гӯянд: «Аҷаб саволе». Албатта, зинда будан ё мурдани ӯ бисёр муҳим аст, бахусус, мурда буданаш, чунки шояд бо ҳамин куштори мусалмонон хотима меёбад».
Аммо ман чунин гумон намекунам, аз мавқеъгирии мусалмонон буд, ки онҳо ба садҳо фирқа ҷудо шуда, бозичаи дасти душманони ислом гардидаанд. Бояд гуфт, мухолифати байни мусалмонҳо ҳанӯз аз даврони зуҳури пайғамбар Муҳаммад (с) шурӯъ шудааст. То дар саҳна пайдо шудани Бинни Лодан ва Абӯбакри Бағдодӣ ҳам низои байниҳамдигарии мусалмонон дар Афғонистон, Ироқ ва дигар давлатҳои мусалмонӣ вуҷуд дошт. Агар мафкураи мусалмонон, фаҳмиши онҳо дар мавриди шариати исломӣ, мафҳуми мусалмонӣ ҳамин гуна бошад, ки ҳоло ҳаст, мо боз шоҳиди чанд «Ал –Қойида», «Толибон» — у «Давлати исломӣ» ва лодану бағдодиҳои дигар бо андаке тағйири ному шакл хоҳем гардид. Барои мисол, бо кушта шудани Бинни Лодан вазъ беҳ не, боз ҳам бадтар гардид ва Абӯбакри Бағдодӣ ба саҳнаи сиёсат омад. Кор бурдану таъсиргузорӣ ба одамонро аз ҷониби онҳо қоил нашудан мумкин нест. Ҳол он ки онҳо на домуллову шайх, алломаи Ислом, балки ҷосусу ҷинояткоре беш нестанд, вале суханашон, тарзи корбариашон, дар муқоиса бо мавлавиҳою қориёни ислом, таъсирбахш аст. Магар Бағдодӣ барин мунофиқону ҷинояткорони байналмилалӣ гунаҳкоранд, ки аз пешвоёну алломаҳои маъруфи мусалмон фаъолтару кордон ҳастанд? Наход, ҳоло ҳам вақти он нарасида бошад, ки оид ба ин масъала роҳбарону пешвоёни мусалмонҳо ба хулосае биёянду иллатро на аз берун, балки аз дохил ҷӯё шаванд? Ба ҷойи афсонабофӣ ва эҳсосот ақли солимро кор фармоянд.
Гап сари он меравад, ки рӯзҳои охир дар мавриди гӯё кушта шудани роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» сарусадоҳо хеле зиёд шудаанд, вале касе аниқ гуфта наметавонад, ки ин ҳақиқат аст ё на? Ин бори аввал нест, ки хабари маҷруҳ гаштан ё кушта шудани роҳбари ДИИШ садо медиҳад. Саҳнасозии мазкур айнан атрофи номи роҳбари «Ал Қойида» Бинни Лодан сурат гирифта буд. Бо гузашти қариб як аср, ҳатто баҳсҳо оид ба мурдаву зинда будани Гитлер ҳам қатъ нагардидааст. Бархе андеша доранд, ки бо ишғоли Берлин аз тарафи шӯравиҳо ӯ худро ба қатл расонидааст. Ҷониби дигар мегӯяд, ки ӯ то охирҳои солҳои 50 – уми асри гузашта зинда буд. Имрӯз шоҳид ҳастем, ки зинда ё мурда будани Гитлер ҳам чандон муҳим набудааст, чунки гитлерҳои нав зуҳур карданд ва барои инсоният ягон фоҷиа сабақ нашуд.
Қаблан, расонаи ироқии «Сумария нюс» изҳор дошт, ки манбаъ аз ДИИШ кушта шудани Ал – Бағдодиро эътироф намудаасту гурӯҳи террористӣ дар тараддуди интихоби роҳбари нав аст. Аммо тафсилоте дар мавриди кушта шудани роҳбари гурӯҳ оварда нашудааст, ҳарчанд ки дар Интернет акси шахси кушташудаи хеле монанд ба Ал – Бағдодӣ ҷой дода шуда буд. Бо вуҷуд он шахс бо абрувони ғафсу сиёҳ, вале пайвастаи худ аз роҳбари ДИИШ фарқ мекард.
Аз ин пештар, Вазорати мудофиаи Россия хабар дода буд, ки эҳтимол дорад, ки Ал – Бағдодӣ 28 майи соли равон бар асари зарбаҳои қувваҳои ҳавоӣ – кайҳонии онҳо дар ҷануби шаҳри Раққаи Сурия ба ҳалокат расида бошад. Бар хилофи ин, ҷониби Америка изҳор намуда, ки кушта шудани Бағдодиро эътироф карда наметавонад, чунки ҷасади ӯро касе надидааст.
Баъдан, Агентии «Рейтер», аз номи намояндаи баландмақоми қувваҳои зиддитеррористии курдҳо Лоҳур Талабонӣ ва пеш аз он аз номи роҳбари Раёсати иттилоот ва мубориза бо терроризми ВКД Ироқ Абӯ Алӣ ал – Басрӣ хабар дод, ки роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» Абӯбакри Бағдодӣ зинда асту дар мавзеи ҷанубтар аз шаҳри Раққаи Сурия қарор дорад.
Абӯбакр ал – Бағдодӣ кист?
Ал-Бағдодӣ, ки номи ҳақиқиаш — Иброҳим Авад Иброҳим ал-Бадрӣ буда, миллаташ яҳудӣ мебошад, аввалин маротиба моҳи июли соли 2014, ҳангоми дар масҷиди аз тарафи террористони гурӯҳ ишғолгардидаи шаҳри Мосули Ироқ, бо ташкили «Хилофати ислом» — ро дар Шарқи Наздик эълон доштанаш, аз худ дарак дод. Дар бораи хоҷагон, ҳомиёну маблағгузорони гурӯҳи мазкур низ гап зиёд аст.
Мурда ё зинда будани Абӯбакри Бағдодӣ рӯзе маълум мешавад. Вале боз ҳам ба гуфти нафаре бо номи Марк аз тариқи Интернет: «Умуман, зинда будан ё набудани Бағдодиро чӣ фарқест, дар ҳолате ки курсии роҳат холӣ намемонад. Барои рамаи гӯсфандон ҳама вақт чӯпоне пайдо мешавад. Муҳимаш будани гӯсфандҳо ҳасту бас».
Шунидани ин сухан дар қиболи гумроҳшудагон, асосан мусалмонон, дарднок аст, аммо дар муқобили сухани ҳақ чӣ ҳам метавон гуфт?
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»