Ин баҳс дерест, ки идома дорад. Тибқи маълумоти дастрасшуда, гӯё собиқ директори Маркази зидди бемориҳои пӯст ва зуҳравии ноҳияи Восеъ Қурбоналӣ Сафаров ҳангоми дар вазифа буданаш 0,21 га замини беморхонаро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, «Маркази бемориҳои пӯст ва ташхисгоҳ»-и хусусӣ сохтааст. Барои ҳақиқатро рӯи об баровардан ин масъаларо мавриди санҷиш қарор додем.
Баробари вориди Маркази зидди бемориҳои пӯст ва зуҳравии ноҳия шудан, як бинои берангубори навсохт, иборат аз як ошёна ба чашм расид. Нахуст бо директори марказ Худойдод Ҳайдаров мусоҳиб шудем. Мавсуф ҳолати корро ба таври кӯтоҳ шарҳ дод: «Воқеан ҳам дар замини марказ ду иншооти хусусӣ бунёд ёфтааст, ки якеаш ба директори вақти марказ Қурбоналӣ Сафаров мутааллиқ аст. Ҳар ду иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриро доранд. Даъвои ин замин, ба вижа замини соҳибшудаи Қ. Сафаров, то ба суд кашида шуд. Ростӣ, банда аз моҳи декабри соли гузашта ба ин вазифа таъин шудаам. Қ. Сафаров то ба ҳол дар марказ ба ҳайси табиб фаъолият дорад. Рафта аз худи ӯ пурсед, зеро соҳибмулк аст, муфассалтар мефаҳмонад».
Вақте ба назди Қ. Сафаров рафта, худро муаррифӣ кардам, бо асабоният «Журналист ба ман чӣ кор дорад, чӣ мехоҳӣ ?» — гуфта, ғирев бардошт. Ин дар ҳоле буд, ки ба эшон ҳанӯз ҳадафи ташриф оварданамро тавзеҳ надода будам.
- Туро кӣ ба ин ҷо фиристод? Ҳамаи ҳуҷҷатҳои беморхонаи хусусии ман қонунист. Барои гирифтани ин қитъаи замин соли 2012 ба раиси ноҳияи Восеъ муроҷиат карда будам. Раис аризаи маро рад накард. Заминро ҷудо намуданд. Он раис рафту наваш омад ва қарорро беэътибор донист, гӯё хилофи қонун будааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ба суд додам. Суд даъвоямро қонеъ кард. Ман ба шумо ягон ҳуҷҷат пешниҳод намекунам, — хулоса намуд Қ. Сафаров.
Рафтору гуфтори дағалонаю аз маданият дури хешро ӯ паси қонун пинҳон мекард. Тавре муомила намуд, ки гӯё журналист ҳуқуқи пайгирии чунин мавзӯъҳоро надошта бошад.
Таҳқиқ нишон дод, ки ҳақиқатан раиси вақти ноҳия, 26-уми июни соли 2012 таҳти №337 дар бораи додани қитъаи замин барои сохтмони «Маркази бемориҳои пӯст ва ташхисгоҳ» ба Қурбоналӣ Сафаров» қарор қабул намудааст. Вале прокуратураи ноҳия дар ҳуҷҷатгузории замини гирифтаи вобаста ба Қ. Сафаров қонуншиканиро ошкор намуда, соли 2016 ба тафтиши ҳамаҷонибаи қазия пардохтааст. 16-уми июни соли 2016 ниҳоди мазкур ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ нома фиристода, талаб кардааст, ки оид ба мавҷудияти розигии вазорат дар бобати аз ҷониби шаҳрванд Қ. Сафаров сохтани Маркази бемориҳои пӯст ва ташхисгоҳ дар замини Маркази зидди бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ маълумотнома пешниҳод намоянд. Вазири собиқ Нусратулло Салимзода 29-уми июни ҳамон сол ба дархости прокурори ноҳия чунин ҷавоб додааст: «…тибқи муроҷиати раиси ноҳияи Восеъ аз 3-юми июни соли 2011, №1-122, барои сохтмони Маркази солимгардонӣ дар замини бекорхобидаи Маркази бемориҳои пӯст ва зуҳравии ноҳия ба соҳибкор Содиқова Г. бо мактуб аз 7-уми июли соли 2011, №1-3/1305-1744 розигии худро додааст. Оид ба сохтмони маркази зикргардидаи Сафаров Қ. дар вазорат ягон ҳуҷҷат мавҷуд нест».
Пас маълум мешавад, ки Қ. Сафаров ҳангоми директори буданаш, бидуни розигии вазорат дар замини холии муассисаи давлатӣ бинои маркази зидди бемориҳои пӯстро сохтааст. Прокуратураи ноҳия бошад, баъди дастрасии ин ҷавоб кори худро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намуда, пайи ошкорсозии амалҳои ғайриқонунии Қ. Сафаров шудааст. Дар натиҷаи тафтиш муайян мегардад, ки Қ. Сафаров барои дастрас намудани қарори раиси ноҳия ва аз худ кардани 021 га замини марказ, мактуби №1-3/1305-1744 ВТ — ро, ки ба соҳибкор Г. Содиқова тааллуқ дошт, ба манфиати хеш истифода кардааст. Биноан, прокурори ноҳия Ӯ. Пӯлодӣ қарори раиси ноҳияро аз 26-уми июни соли 2012, №337 хилофи қонун дониста, ба он эътироз овардааст. Иқтибос аз эътироз:
« …Бо қарори зикршудаи раиси ноҳияи Восеъ ба шаҳрванд Сафаров Қурбоналӣ барои сохтмони «Маркази бемориҳои пӯст ва ташхисгоҳ» аз ҳисоби заминҳои ҳудуди Маркази зидди бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ дар ноҳияи Восеъ, масоҳати 0,21 га қитъаи замин, воқеъ дар кӯчаи ба номи А. Қараеви ҷамоати шаҳраки Восеъ, барои истифодаи бемуҳлат дода шудааст. Қарори мазкур ғайриқонунӣ буда, бо асосҳои зерин бояд бекор карда шавад…
…Сафаров Қ. барои дастрас намудани қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва истифодаи замини марказ, мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1-3/1305-1744-ро, ки аз 7-уми июли соли 2011 ба шаҳрванд Содиқова Г. дода шудааст, истифода карда, ба ин васила мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияро ба гумроҳӣ андохтааст. Дар асоси қарори зикршудаи раиси ноҳия бошад, ба Сафаров Қ. ғайриқонунӣ қитъаи замин барои сохтани маркази солимгардонии шахсӣ ҷудо карда шудааст.
Қарори мазкур бо дағалона вайрон кардани талаботи қонун, инчунин дар асоси ҳуҷҷати қалбакӣ қабул гардидааст, ки бояд бекор карда шавад…
Дар асоси гуфтаҳои боло, моддаи 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба роҳбарӣ гирифта,
ТАЛАБ МЕКУНАМ:
1. Қарори раиси ноҳияи Восеъ таҳти №337 аз 26-уми июли соли 2012 «Дар бораи додани қитъаи замин ба шаҳрванд Сафаров Қурбоналӣ барои сохтмони «Маркази бемориҳои пӯст ва ташхисгоҳ», бекор карда шавад… ».
Эътирози прокурор ба МҲИД-и ноҳия пешниҳод ва аз ҷониби масъулон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода дар асоси он 1-уми декабри соли 2016 «Дар бораи бекор кардани қарори раиси ноҳияи Восеъ таҳти №337 аз 26-уми июли соли 2012», қарор ба имзо расонд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«1… Қарори раиси ноҳияи Восеъ, №337 аз 26-уми июли соли 2012 «Дар бораи додани қитъаи замин барои сохтмони Маркази бемориҳои пӯст ва ташхисгоҳ» дар қитъаи замини интихобшуда ба шаҳрванд Сафаров Қурбоналӣ бинобар хилофи қонун буданаш бекор карда шавад…»
Беэътибор донистани қарор ба ин қазия нуқта нагузошт. Баръакс, даъвои судиро ба миён овард. Соҳибмулк Қ. Сафаров бекор гардидани қарорро хилофи қонунгузорӣ дониста, бо аризаи даъвоӣ аз рӯи амали раис ба суди ноҳия муроҷиат кардааст. Аз чӣ бошад, ки суди ноҳияи Восеъ аз баррасии ин даъво худдорӣ ва онро ба Суди ноҳияи Фархор ирсол намудааст. Яъне, парвандаи гражданиро бо даъвои Қ. Сафаров суди ноҳияи дигар баррасӣ кардааст. Ҳалномаро, ки 20-уми июни соли 2017, №430/17 таҳти раисии судя З. Раҳимзода бароварда шудааст, дастрас намудем. Ҳалнома пур аз иштибоҳоти имлоӣ буда, дар он одитарин қоидаҳои забон риоя нашудааст, ки албатта, ҷойи нигаронист. Гузашта аз ин, бепарда ва бидуни ғараз бояд гуфт, ки судя зимни баррасии парванда ҳаракат кардааст, ки даъвогарро ҷонибдорӣ кунад. Аз ҳалнома бетаҳрир, яъне айнан иқтибос меорем:
« … Аз ҳуҷҷатҳо, баёноти намояндаҳои мақомоти давлати ва ҳуҷҷатҳои парванда муайян карда шуд, ки даъвогар Сафаров Қурбонали дар доираи қонун ва талаботҳои меёрҳои қонунҳои амалкунанда дорои замини баҳси мебошад…
…Ваҷҳи намояндаи ҷавобгар Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Додов Меҳридин дар бораи оне, ки гуё аз тарафи Сафаров Қурбоналӣ розигии Вазорати Тандурусти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтумони «Маркази бемориҳои пуст ва ташхисгоҳ» дар ҳудуди беморхонаи касалиҳои пусти ноҳияи Восеъ гирифта нашудааст, дар маҷлиси суди мавриди санҷиши пурра ва ҳаматарафа қарор дода шуда, суд бо далелҳои дар боло овардашуда ва бо мактуби Вазорати Тандурусти ба унвони Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ирсол кардашуда оиди розиги додан барои сохтмони Маркази бемориҳои пуст ва ташхисгоҳ» дар ҳудуди беморхонаи касалиҳои пусти ноҳияи Восеъ рад намудани онро лозим донист. Зеро намояндаи ҷавобгар — Мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Додов Меҳридин Ҷаборович оиди ин ваҷҳаш ягон далели боэътимод пешниҳод карда натавонист…
…Бо назардошти ҳолати боло суд ба хулоса омад, ки қарори раиси ноҳияи Восеъ №615 аз 01.12.2016-ум-ро бинобар ғайриқонуни буданаш беэътибор намояд…»
Тавре дар боло зикр гардид, ғайриқонунӣ будани сохтмони Қ. Сафаровро дар ҳудуди муассисаи давлатӣ на Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва на раиси он, балки прокуратураи ноҳия ошкор намудаю барои бекор кардани қарораш эътироз овардааст. Гарчанде, Сафаров аз рӯи қарори раиси ноҳия даъво карда бошад ҳам, суд бояд ақаллан намояндаи прокуратураро даъват менамуд, то сабаби эътирози овардаашро бо факту далел исбот намояд. Мутаассифона, тамоми ҳалномаро, ки аз чаҳор саҳифа иборат аст, омӯхтем, вале дар он номи ягон нафар аз кормандони прокуратураи ноҳия дарҷ нашудаасту ширкат накардаанд. — Чаро?
Қабл аз эътирози прокурор, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мактуби ҷавобии худ гуфта буд, ки оид ба Маркази бемориҳои пӯст ва ташхисгоҳи хусусии аз ҷониби Сафаров Қ. бунёдшуда, дар вазорат ягон ҳуҷҷат мавҷуд несту иҷозати сохтмон дар он танҳо ба соҳибкори маҳаллӣ Г. Содиқова дода шудааст. Чаро суд ин мактуби вазоратро, ки дар он ҳолати кор тавзеҳ ёфтааст, аз прокуратураи ноҳия талаб накард?
Нуктаи дигаре низ ҳаст, ки шубҳаовар ба назар мерасад. Раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Ғафурзода дар қарори №615 эътирози прокурорро асос карда, қарори №337-ро хилофи қонун дониста, бекор кардааст. Вале барои ба ҳолати аввала баргардондани замин дар қарор ишора нашудааст. Гузашта аз ин, ягон нафар аз намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз рӯи ҳалномаи Суди ноҳияи Фархор ба суди болоӣ шикоят накардааст. Албатта, ин ҷо зери «коса — нимкоса»-ест, ки ба чашм ноаён аст. Ҳоло танҳо бо дахолати ниҳодҳои марбутаи болоӣ метавон ба адолату ҳақиқат расид.
Сари ин мавзӯъ ҳатман боз хоҳем гашт.
Ёқуби Содиқ,
«Садои мардум»