1 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Лас-Вегаси штати Невадаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, ки аз марказҳои бузурги ҷаҳонии тафреҳ ба шумор меравад, дар маросими анҷоми ҷашнвораи мусиқии «Кантри Route 91 Harvest Festival» Стивен Педдок, сокини 64-солаи Лас-Вегас аз ошёнаи 32-юм тамошобинонро тирборон кард. Дар натиҷа, 58 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 500 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ба қавли муовини роҳбари пулиси шаҳр, ҷинояткор қабл аз содир намудани ҷиноят, бо гузашти муваффақонаи санҷишҳои масъулони мағозаи фурӯши силоҳ теъдоди зиёди тир ва силоҳ харидорӣ ва бо мақсади амалӣ кардани нақшаи худ қабати 32- юми меҳмонсарои «Mandalay Bay»-ро банд намуда будааст. Баъд аз шурӯъ гардидани амалиёти неруҳои интизомӣ Стивен Педдок худкушӣ кард.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, марди дигари 62-соларо ҳамчун тирандози дуюм муайян ва таъқибро шурӯъ намудааст.
Бино ба навиштаи хабаргузории «Амак», масъулияти ҳамларо ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба уҳда гирифта, изҳор доштааст, ки суиқасдро сарбози моҳе пеш исломро пазируфтаи халифат — Стивен Педдок, бо лақаби Абу Абд ал – Барр, бо амри роҳбари ДИИШ ҷавобан ба тадбирҳои давлатҳои паймони зидди ДИИШ анҷом додааст.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»