То анҷоми мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ як моҳи дигар боқӣ мондааст, аммо аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки мушкилоти сафарбаркунӣ ба сафи артиш ҳанӯз пурра ҳалли худро наёфтааст. Аз ҷумла, дар деҳоти мо иҷрои нақшаи даъват ниҳоят мушкил аст ва ҳамеша боиси ташвиши раисони маҳалла, фаъолону намояндагони маҷлисҳои маҳаллӣ мегардад. Ҳарчанд ба хонаҳои даъватшавандаҳои аз 18 то 27 — сола масъулин даъватнома дастрас карда бошанд ҳам, иддае аз ҷавонон бо сабаби муҳоҷирати меҳнатӣ, қисми дигар бинобар соҳиби ду фарзанд шудан ва ё донишҷӯ будан ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намешаванд. Дар чунин маврид раисони маҳаллаҳо маҷбур мешаванд, ки мувофиқи рӯйхат хона ба хона гашта, дар куҷо будани даъватшавандаҳоро мушаххас намоянд.
Махсусан он ҷавононе, ки мактаби олиро хатм кардаву бекор гаштаанд, аз хизмати ҳарбӣ канор меҷӯянд, ҳол он ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» онҳо бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ як сол хизмат кунанд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ онҳо соҳиби рутбаи ҳарбии лейтенант мегарданд.
Аз ҷониби дигар, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудани ҷавонони маълумоти олидор боиси беҳтар гаштани сифати омодагии низомӣ мешавад. ҳамчунин, хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагию диловарӣ, нангу номус ва ватанпарастӣ буда, ҷавононро рӯҳану ҷисман обутоб медиҳад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки тибқи муқаррарот, ба мақомоти суду прокуратура, андоз ва гумрук мутахассисони ҷавон танҳо баъди адои хизмати ҳарбӣ қабул шаванд. Дар он сурат сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ хоҳад афзуд. Шояд барои баъзе ҷавонони дипломдор хизмат дар артиш барои дигар кардани самти зиндагӣ ва кор мусоидат кунад. Масалан, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев соли 1970 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Азбаски дар базаи кафедраи ҳарбии донишгоҳ маълумоти низомӣ гирифта буд, ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ рафта, дар Округи ҳарбии Сибир хизмат намуд. Хизмати низомӣ мақбулаш гашту то ба рутбаи генерал - полковник расид ва солҳои зиёд вазири мудофиаи ҷумҳурӣ буд.
Ба андешаи ман, яке аз сабабҳои ба хизмати ҳарбӣ кам майл доштани ҷавонон ду сол будани муҳлати он низ ҳаст. Модом ки кишварҳои ҳамсоя ба хизмати ҳарбии яксола гузаштаанд, чаро мо нагузарем? Дар замони шӯравӣ ба аскарон пас аз адои хизмат як миқдор пул медоданд. Ба илова, аскар бо ягон ҳунар ё ихтисос ба хона бармегашт ва зуд соҳиби ҷойи кор мешуд. Имрӯз вазъи иқтисодии аксар оилаҳо қаноатбахш нест, кӣ мехоҳад «нонбиёраки хона» ду сол аз пеши назараш дур бошад? Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки дар қисмҳои низомӣ ба сарбозон мувофиқи лаёқат ҳунарҳои челонгарӣ, барқчӣ, харротӣ, тракторчӣ ва ғайра омӯзонида, сертификат медоданд. Ин ҳунарҳоро ҷавонон дар баробари илми ҳарбӣ дар тайи 3-6 моҳ аз худ мекунанд. Ҳунарҳои зикршуда ҳам дар артиш ва ҳам баъди хизмат талабгори зиёд доранд. Мутаассифона, имрӯз аксари ҷавонон аз пайи гирифтани маълумоти олиянд ва ба ҳунарҳои зикршуда хеле кам таваҷҷуҳ мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълони давлати демократии ҳуқуқбунёд ва эътирофи асноди ҳуқуқии байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардида, дар радифи уҳдадориҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон хизмати интихобӣ (алтернативӣ)- и ҳарбиро низ эътироф намуд. Дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ин муқаррарот зикр гардидааст: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад мутобиқи қонун ба ҷойи адои хизмати ҳарбӣ хизмати алтернативӣ адо намояд».
Системаи хизмати алтернативӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон аз соли 2002 амал мекунад. Дар ин кишвар системаи «Сафарбаркунии даъватшавандагони эҳтиётӣ (захиравӣ)» низ амал менамояд. Мувофиқи он, даъватшаванда бар ивази хизмати яксола 300 доллар ба бонк маблағ месупораду дар марказҳои таълимии Вазорати мудофиа як моҳ таълими низомӣ мегирад. Ин рақам дар Гурҷистон 1100 долларро ташкил медиҳад. Дар Ӯзбекистон даъватшаванда 500 доллар ба бонк супурда, курси семоҳаи таълими ҳарбиро хатм мекунад. Маблағи супурдашуда ба суратҳисоби Вазорати мудофиа мегузарад. Баҳравар шудан аз таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ҳам ба манфиати артиш ва ҳам ба манфиати даъватшавандаҳо хоҳад буд.
Баъзе ҷавонон то ба ҳол гумон доранд, ки дар артиш ҳодисаҳои зӯроварӣ ва муносибати ғайриоинномавии афсарон нисбат ба сарбозон ҷой дорад. Ба гуфти сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадалиев, сарбозе, ки нисбат ба сарбози дигар рафтори ғайриоинномавиро раво мебинад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Дар қисмҳои ҳарбӣ телефонҳои «Боварӣ» мавҷуданд. Ҳар як қисми низомӣ аз ҷониби прокуратураи ҳарбӣ сарпараст дорад, ки дар муҳлатҳои муайян тибқи нақшаи пешбинишуда аз аҳволи сарбозон хабар гирифта, суҳбатҳои инфиродӣ мегузаронанд.
Имрӯз фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии аксар шаҳру ноҳияҳо чандон назаррас нест. Кор бо муассисаҳои таълимӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Гузаронидани рӯзи дарҳои кушод, бурдани падару модар, хонандагони мактабу омӯзишгоҳҳо ба қисмҳои низомӣ хеле кам ба чашм мерасад. Дар бештари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба тайёрии ҳарбии хонандагон диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Мутахассисон ва асбобҳои аёнӣ намерасанд. Масъулон шояд фаромӯш кардаанд, ки ба низому тартибот одат кунонидани шаҳрванд аз мизи талабагӣ оғоз мешавад.
Артиш такягоҳу сипари ҳар як давлат аст. Соли 1947, вақте давлати Исроил таъсис ёфт, аксари аҳолии онро муҳоҷирони аз кишварҳои гуногун ҷамъомада ташкил медод. Бисёриҳо забони ҳамдигарро намефаҳмиданд, вале ҳама як ҳадаф доштанд – бунёди давлати низомаш пурқувват. Онҳо ба ҳадафи худ расиданд. Имрӯз Исроили дорои 8 миллион аҳолӣ яке аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодию низомӣ пурқувваттарини минтақаву ҷаҳон аст. Қариб 90 дар сади аҳолии он, аз ҷумла занону духтарон, дарси матонату тартиботро дар артиш меомӯзанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки барои баланд бардоштани иқтисодиёт интизом яке аз шартҳои асосист ва ба он метавон зимни хизмат дар артиш ноил гашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси аҳамияту зарурати хизмати ҳарбӣ чунин иброз намудаанд: «Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номвари мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунад, аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад».
Ба андешаи инҷониб, барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки бо додани имтиёз ба шаҳрвандони хизмати аскариро анҷомдода (зимни кору таҳсил), то ба як сол кӯтоҳ кардани муҳлати хизмат, ташкил намудани мулоқот бо собиқ аскарон, шинос намудани ҷавонон бо шароити қисмҳои низомӣ, ба роҳ мондани хизмати алтернативӣ ҳавасмандии ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ зиёд намоем.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»