Мавзеи Устообид то солҳои наздик яке аз гӯшаҳои ободи деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ буд. Дар гузашта мардум аз он ҷо маҳсулоти зиёди кишоварзӣ, аз қабили ғалладона, ҷуворимакка, анвои полезӣ ва беда ба даст оварда, нақшаи хоҷагиро иҷро ва шароити зиндагиро беҳтар мекарданд. Соли 1980 собиқ хоҷагии «Ӯзбекистон» бо дарназардошти дар оянда баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, ғанӣ гардонидани дастархони мардум барои тахту ҳамвор ва обёрӣ намудани 18 гектар замини бекорхобидаи дашти Устообид ва бунёди пойгоҳи обкашӣ 250 ҳазор рубли шӯравӣ ҷудо намуд. Сохтмони онро меъморони СПМК -14 — и шаҳри Панҷакент ба уҳда гирифта, корҳои сохтмонӣ бо ҷӯшу хурӯш оғоз ёфтанд.
Пойгоҳ то соли 1985 гоҳ кор мекарду гоҳе бо сабабҳои техникӣ аз фаъолият мемонд. Банда соли 1985 оид ба дуруст кор накардани он дар рӯзномаи «Правда» мақола нашр намудам . 22 феврали соли 1985 бо имзои мудири шуъбаи мактубҳо В. Шпаткова фишурдаи мақолаи банда барои чораҷӯӣ ба Кумитаи назорати халқии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ирсол гардид. Баъди санҷиш камбудиҳои ҷойдошта пурра ошкор гардиданд. Як сабаби кор накардани пойгоҳ нарасидани шиддати барқ буд. Бинобар ин, аз зеристгоҳи барқии Кошонаи шаҳри Панҷакент ба масофаи 25 км хатти барқ кашида, насоси обкашӣ иваз карда шуд. То соли 1988 насос мунтазам кор кард. Мутаассифона, бо сабаби баланд шудани оби дарёи Зарафшон пойгоҳи обкашӣ зери об монда, боиси қатъ гардидани фаъолияти иншоот шуд.
Такроран мақолаи банда ба рӯзномаи «Правда» равон шуд. Баъди чоп барои чораҷӯии такрорӣ 22 июли соли 1988 мақола ба Кумитаи назорати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.
Камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи Кумитаи назорати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонии канали ёрирасони обтаъминкунӣ анҷом ёфт. Ба ҷои насоси қаблӣ насосе, ки тавоноиаш дар як дақиқа 250 литр буд, насб гардид. Бо харҷи 18000 рубл хатти барқии 25 — километра аз зеристгоҳи барқии Кошона кашида шуд. Канали 80- метра сохта шуд, ки он ба стандарти каналҳои обкашӣ ҷавобгӯ набуд. Сабаб он аст, ки дар канали 70 — 80 — метра сохтани «аванкамера» барои таҳшин шудани қуми дарёи Зарафшон имконият надорад ва боиси тез-тез аз кор баромадани муҳаррики насос мегардад. Алҳол 60 га замини кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии «Урметан» ва «Лангар» тавассути ҷӯи калони Беморғуд аз сойи Вашан обёрӣ мешавад, ки талаботи кишоварзонро қонеъ намекунад.
Раисони хоҷагиҳои деҳқонии «Урметан» ва «Лангар» Н. Наҷмиддинов ва И. Азимов, саҳмдорони хоҷагӣ С. Абдуллоев, Б. Шералиев, Қ. Қулов, С. Авезов, М. Шарифов, Т. Турдиев, Ф. Нодиров, Н. Эров, собиқ бригадирҳо Б. Нуриддинов, А. Қурбонов ва дигарон иброз намуданд, ки омили асосии хуб кор кардани пойгоҳи обкашӣ ба мавзеи дигар кӯчонидани насос ё аз тариқи чоҳҳои амудӣ ба насос оби соф додан мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани ду — се ҳосилро ҳамеша таъкид мекунанд. Тавре маълум аст, яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тараққӣ додани соҳаи картошкапарварӣ мебошад. Савол ба миён меояд, ки кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии «Урметан» ва «Лангар» бе оби полезӣ чӣ гуна метавонанд соҳаи картошкапарвариро ривоҷ диҳанд?
Мирзо ҚУЛОВ, ноҳияи Айнӣ