Ба хотири шоиста истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар барои дастгирии оилаҳои ниёзманд бунёди бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ оғоз гардид.
Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ хоҳад шуд.
Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Эмомалӣ Юсуфзода изҳор намуд, ки бинои мазкур дар маҳаллаи калонтарини шаҳр — Хатлон бунёд шуда, баъди ба анҷом расидани сохтмон хонаҳо ба оилаҳои ниёзманд ройгон дода мешаванд.
Дар маҷмӯъ, дар бино 54 манзили истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 21 манзили 1-ҳуҷрадор, 25 хонаи 2-ҳуҷрадор ва 8 хонаи 3-ҳуҷрадор мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»