60 нафар соҳиби дипломи аъло шуданд

№ 19.07.2024

ч2Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор шуд, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ба 60 нафар (47 нафар зинаи бакалавр ва 13 нафар зинаи магистратура) хатмкардагони донишгоҳ дипломи аъло супурд.

Зикр шуд, ки соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро 2327 донишҷӯ ва магистрант (880 рӯзона, 1340 фосилавӣ ва 107 нафар магистратура) хатм намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 477 нафар зиёд мебошад.

Устодон ва кормандони донишгоҳ аз рӯйи 18 равия, 25 масъала ва 28 мавзуъ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шуданд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 14 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Инчунин, донишҷӯёну магистрантон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм -фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» фаъолона иштирок намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»