Пахта-2024

60-рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазорони Суғд

№ 10.10.2024

8-уми октябри соли равон дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» маросими ҷамъбастӣ 20-рӯзаи аввали маъракаи ҷамъоварии тиллои сафед баргузор гардид.

Бино ба гуфти сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруф Шарифиён, то имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории пахткори вилояти Суғд 35 ҳазору 420 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 23,6 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар 20-рӯзаи якуми маърака байни ноҳияҳои пахткори вилоят мақоми аввалро ноҳияи Спитамен ва дуюмро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ишғол карданд.

Барои саҳми арзанда ва сари вақту беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил хоҷагиҳои пешқадами пахтакори вилоят- «Абдуқаҳҳор»-и Ашт, ҶСК С.Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Б.Ғафуров, «Ғоибназар»-и Зафаробод, Э. Бойматоваи шаҳри Конибодом, «Масчоҳ-2»-и ноҳияи Масчоҳ ва ғайра бо туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят сарфароз гардиданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»