13 июни соли равон бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 67 хонаводаи аз сели моҳи май зарардидаи деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон 68 тонна семент ҳамчун хайрия дастрас шуд.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар зимни суханронӣ дар ҳузури муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода ва сокинони деҳа дар бораи робитаҳои деринаи дӯстона Покистону Тоҷикистон сухан карда, таъкид намуд, ки мардуми ду кишвар дар лаҳзаҳои шодмонию душвор доимо бо ҳам буданд. Аз ин рӯ мардуми Покистон ба аҳди бародарӣ устувор монда, ҳамеша омодаи кумак ба бародаронаи тоҷик мебошанд.
Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода ба Имрон Ҳайдар аз номи сокинони деҳа изҳори сипос намуда, ин панди Саъдии Шерозиро ёдовар шуд:
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
Кумаки башардӯстонаи сафорати Покистонро тавассути техникаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба ноҳияи Хуросон оварда, бо иштироки намояндагони комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ба осебдидагон тақсим карданд.
Бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мутахассисони соҳаи меъморӣ лоиҳаи сохтмони манзилро барои ҳар як оила таҳия намуда, бинокорон мувофиқи ин тарҳҳо хона месозанд.
С. АМИНИЁН, «Садои мардум»