67 нафар сазовори стипендияи президентӣ шуданд

№ 10.07.2024

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ҳамоиши гирандагони идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор шуд, ки дар он 67 нафар гирандаи стипендия аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо шаҳодатномаю маблағҳои ҷудогардида аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Тавре аз раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш, инчунин, ҷавонони фаъол, донишҷӯёну омӯзгорон ва афсарону сарбозони  беҳтарин бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода дар ифтитоҳи ҳамоиш зикр намуд, ки ҷудо шудани стипендияи президентӣ ва сол ба сол зиёд гардидани таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози мамлакат ба ҳавасманд шудани ҷавонону наврасон ба таҳсилу омӯзиш ва ташаккул ёфтани маҳорату малака ва истеъдоди онҳо мусоидат менамуд.

Мавриди зикр аст, ки стипендияи президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил доранд, дода мешавад.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»