Вакилони халқ — иштирокчиёни ҶБВ

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

СССР1Вақте рӯйхати вакилони халқро тайи солҳои 1938 — 2010 аз назар гузаронидем, маълум гардид, ки қисме аз онҳо иштирокчии ҷанги зидди финҳои сафед дар солҳои 1939 — 1940, Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 ва ҷанги зидди Япония буда, бо ордену медалҳои ҷангӣ ба Ватан баргаштаанд. Дар байни онҳо дорандагони  се дараҷаи ордени «Шараф», орденҳои Суворов, «Байрақи сурх» ва унвони олии қаҳрамони Иттифоқи Советӣ низ ҳастанд, ки баъди ғалабаи Армияи Советӣ бо меҳнати ҳалол ва софдилона депутат интихоб шудаанд. Аз байни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ — Саидқул Турдиев ва Ҳодӣ Кенҷаев депутати Совети Олии ИҶШС интихоб шуда буданд.

СССРТурдиев Саидқул Алиевич соли 1912 дар деҳаи Хонободи ноҳияи Балҷувони вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Солҳои сиюми асри ХХ, вақте ки азхудкунии заминҳои бекорхобидаи водии Вахш оғоз меёбад, Саидқули ҷавон ба он ҷо рафта, дар совхоз ба кор медарояд. Баъд аз чанд сол ӯро чун комсомоли  фаъол ба Техникуми пахтаи шаҳри Тошканд мефиристонанд. Се соли таҳсил паси сар мешавад ва Саидқул ба совхози ба номи С. М. Кирови Вахш баргашта, агроном — заминшинос таъин гардид.

33 Турдыев СаидкулСоли 1936 барои ба даст овардани ҳосили фаровони тиллои сафед  агрономи совхози ба номи С. М. Кирови водии Вахш Саидқул Турдиев  бо ордени «Нишони фахрӣ» қадрдонӣ мешавад. Баъдан, барои такмили маҳорат дар Мактаби олии коммунистии хоҷагии қишлоқи Тоҷикис­тон таҳсил кард.

12 декабри соли 1937 сокинони водии Вахш  Саидқул Турдиевро  депутати Совети Олии СССР интихоб ва як сол пас ӯро муовини Комиссари халқии замини РСС Тоҷикистон таъин карданд. Вақте Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт, депутат Турдиев дар қатори аввалинҳо ариза навишта, ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе меравад. Аризааш соли 1942 қонеъ карда шуд ва ӯро барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи ҳарбии Катта — Қӯрғони вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристоданд.

Роҳи ҷангии командири ротаи пулемётии Полки 342-и тирандозии Дивизияи 136-и тирандозии Фронти Воронеж лейтенант С. Турдиев моҳи сентябри соли 1943 оғоз ёфтааст. 3 октябри соли 1943 шабона, ҳангоми убур кардани дарёи Днепр дар назди деҳаи Вишенкии ноҳияи Борисполскии вилояти Киеви Украина  ротаи Турдиев қаҳрамонии бемисл нишон дод. Вале муҳориба шадид буд ва дар натиҷаи он Саидқули диловар ба ҳалокат расид. Бо Укази Президиуми Совети Олии ИҶШС аз 10 январи соли 1944 ба Саидқул Турдиев унвони олии Ватан — Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ  (баъди марг) дода шуд.

Соли 1947 интихоботи депутатҳо ба Совети Олии РСС Тоҷикистон доир гардид. Дар аввалин сессияи Совети Олӣ ҳама дар толор депутат, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ӯрунбек  Ёқубовро диданд. Ӯ аз ҳавзаи интихоботии Ругунд №137, ноҳияи Ӯротеппа солҳои 1947-1951, даъвати дуюм депутат интихоб шуда буд.

50 Якибов УрунбекВай 10-уми майи соли 1917 дар деҳаи Яхтани ноҳияи Ӯротеппаи вилояти Ленинобод (ҳоло ноҳияи Ғончии вилояти Суғд) таваллуд шудааст.

Моҳи майи соли 1939 Ӯрунбек барои хизмати Модар — Ватан ба сафҳои Армияи Сурх даъват шуда, ба Полки тирандозии 31-уми Дивизияи тирандозӣ фиристода мешавад. Оғози Ҷанги Бузурги Ватаниро Ӯрунбек дар шаҳри Таганрог «пешвоз» гирифт. Бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 22 апрели соли 1944 ба Ӯрунбек Ёқубов унвони олӣ — Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд ва солҳои 1947-1951 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб гардид. Солҳои 1954-1960 дар вазифаи директори Заводи шишабарории шаҳри Ленинобод кор карда, минбаъд дар  шаҳри Душанбе дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ва роҳбарии идораву муассисаҳо адои вазифа намуд.

Ҷанговари диловар Ӯрунбек Ёқубов бо медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои мудофиаи Кавказ», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945», ордени «Ситораи сурх» ва ғайраҳо сарфароз гардидааст. Ӯ соли 1989 дар шаҳри Душанбе вафот кард.

Дуюмин шахс, аз қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ, ки депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст, Михаил Максимович Бронников мебошад. Ӯ соли 1911 дар губернияи Витебски Федератсияи Россия  ба дунё омадааст. Миллаташ рус. Дар вазифаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ — фармондеҳӣ низ кор кардааст. Аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо орденҳои Ленин, «Байрақи сурх», ду ордени «Ситораи сурх», ордени «Ҷанги  Ватанӣ» дараҷаи I, медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои хизматҳои шоёни ҷангӣ» ва унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ  баргашт.

Бронников М.М [Оригинальный размер]Ду даъват аз ҳавзаи интихоботии Киров №6, шаҳри Сталинобод, солҳои 1951-1955 ва бори дуюм аз ҳамин ҳавза солҳои 1955-1959 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Геннадий Иванович Вохолков соли 1900 дар шаҳри Нижный Новгороди Федератсияи Россия таваллуд шудааст. Миллаташ рус. Аз ҷанг бо ордену медалҳои Ленин, «Байрақи сурх», Кутузов дараҷаи III,  «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи I, «Барои ишғол кардани Кенигсберг», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» ва унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ баргашт.

Вахолков ГеннадийБаъдан, ба Тоҷикистон омада, дар вазифаҳои масъули ҳарбӣ кор кард. Солҳои 1951-1955 аз ҳавзаи интихоботии Урметан №143-и ноҳияи Заҳматобод (ҳозира ноҳияи Айнӣ) депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон Раҳимбой Раҳматов соли 1906 дар деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш ҳамчун дуредгар аз соли 1920 оғоз ёфт. Солҳои 1924-1941 дар хоҷагии оби вилояти Ленинободи «Гострой»-и РСС Тоҷикистон ва дар Комбинати шоҳибофии Ленинобод дуредгарӣ кардааст.

30 Рахматов  РахимбойСоли 1941 ба ҳимояи Ватан даъват шуд. Дивизияи ҷангие, ки тоҷикписар Раҳимбой Раҳматов дар он хизмат мекард, шаҳрҳои Ҷумҳурии Украина — Харков, Днепропетровск, Кривой Рог ва дигар минтақаҳои аҳолинишинро аз фашистони истилогар озод мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар набардҳои ҷангӣ панҷ маротиба захмӣ шуда, баъди табобат боз ба саф баромадааст.

Баъдан, бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 27 июни соли 1945 ба Раҳимбой Раҳматов унвони олӣ — Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.

Инчунин, дар муҳорибаҳо барои ишғол кардани Германия ва Чехословакия иштирок карда, моҳи ноябри соли 1945 ба зодгоҳаш — шаҳри Ленинобод бармегардад. То хеле вақт ин тоҷикписари ҷасур намедонист, ки ӯро бо унвони қаҳрамонӣ сарфароз гардонидаанд. Баъди ду соли ҷанг, соли 1947, комиссари ҳарбии ноҳия дар вазъияти тантанавӣ ба Раҳимбой Раҳматов  медали «Ситораи тилло», ордени Ленин ва Грамотаи Қаҳрамони Иттифоқи Советиро тақдим кард. Солҳои охир ӯ сардори бригадаи дуредгарони Заводи пахтатозакунии  шаҳри Ленинобод буд.

Раҳимбой Раҳматов аз ҳавзаи интихоботии Люксембург № 185, шаҳри Ленинобод, солҳои 1959 — 1963 ва бори дуюм аз ҳавзаи интихоботии Инқилоб № 58 шаҳри Ленинобод солҳои 1963-1967 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб гардид.

Фаъолияти депутатии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Исобоевич Кенҷаев хеле тӯлонӣ ва пурмаҳсул аст.  Ӯ 7 ноябри соли 1914 дар деҳоти «Қистакӯз»-и ноҳияи Чкаловск (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров)-и вилояти Суғд ба дунё омада, баъди хатми Курсҳои педагогӣ дар шаҳри Ленинград соли 1932 ба факултети биологияи Институти муаллимтайёркунии Тошканд дохил шуда, онро бомуваффақият хатм карда, бо роҳхат ба Омӯзишгоҳи педагогии Қӯрғонтеппа фирис­тода мешавад.

Кенчаев Хочи Исобоевич [Оригинальный размер]Моҳи октябри соли 1938 муаллими ҷавон ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад ва дар мактаби командирони полк нозукиҳои ҳарбиро омӯхта, рутбаи командири хурд мегирад. Полке, ки Ҳодии тӯпчӣ дар он хизмат мекард, дар наздикии шаҳри Лвови Украина ҷойгир буд ва сарбозони он аввалин ҳамлаҳои ногаҳонии фашистонро мегардонанд. Барои ҷасорат ва мардонагӣ тӯпчӣ – артиллерист Ҳодӣ Кенҷаев бо медали «Барои ҷасорат» мукофотонида мешавад.

Барои муҳориба дар Камонаки Курск, гузаштан аз дарёи Днепр, инчунин, тарконидани 8 танки миёна ва «шоҳпаланг»-и фашистҳо 21 сентябри соли 1943 бо Укази Президиуми Совети Олии СССР ба сержанти калон Ҳодӣ Кенҷаев унвони олӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва ордени Ленин дода мешавад.

Соли 1944 ҳайати фармондеҳӣ тоҷикписари қаҳрамонро барои хондан ба Омӯзишгоҳи артиллерии шаҳри Тошканд мефиристад. Як сол баъд, соли 1945, омӯзишгоҳро хатм намуда, ба Шарқи Дур сафарбар мешавад.

Ӯ, ҳамчунин, дар ҷанги зидди миллитаристони Япония  далерона ҷангида, соли 1946 бо рутбаи лейтенанти хурд ба Ватан бармегардад. Баъди ҷанг, солҳои 1946-1948, дар Мактаби партиявии назди КМ ПК таҳсил намуда, чанд сол дар вазифаи котиби дуюми Комитети партиявии шаҳри Душанбе кор кард.

Фаъолияти депутатии ӯ аз соли 1946 оғоз ёфта, солҳои 1946-1962 депутати Совети Олии СССР (даъватҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум) интихоб шудааст.

Ӯ аз ҳавзаҳои интихоботии № 268, ноҳияи Хуҷанд солҳои 1963-1967, № 286, ноҳияи Хуҷанд солҳои 1967-1971, № 294, ноҳияи Хуҷанд солҳои 1971-1974, № 304, ноҳияи Хуҷанд солҳои 1975-1980, № 327, ноҳияи Хуҷанд солҳои 1980-1985 ва аз ҳавзаи интихоботии Қистакӯз № 327, ноҳияи Хуҷанд солҳои 1985-1990 депутати Совети Оли РСС Тоҷикистон интихоб шудааст. Дар маҷмӯъ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев ду даъват мандати депутати Совети Олии СССР ва шаш даъват мандати депутати Совети Олии РСС Тоҷикистонро ба даст оварда, баҳри беҳбудии рӯзгори интихобкунандагон хизмати шоён кардааст.

Барои хизматҳои шоиста дар замони баъдиҷангӣ бо ду ордени «Нишони фахрӣ», ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи I ва медали зиёд низ сарфароз гардидааст. Ӯ аввалин шахсе дар Тоҷикистон буд, ки соли 1984 ба унвони навтаъсиси «Мураббии хизматнишондодаи ҷавонони РСС Тоҷикис­тон» сазовор дониста мешавад.

Солҳои зиёд гузаштаанд, аммо халқи тоҷик корнамоӣ ва бунёдкории фарзандони шарафмандашро дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои баъдиҷангӣ фаромӯш нахоҳад кард.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»