Тавре маълум аст, бар асари боридани жолаю боронҳои пуршиддати рӯзҳои 11-13 — уми майи соли ҷорӣ, сатҳи оби сойу дарёҳо аз меъёр зиёд гардида, ба сокинони чанд шаҳру навоҳии мамлакат зарари ҷиддии молию ҷонӣ расид. Сокинони деҳоти «Шарора», «Ҳисор» ва «Дурбат»-и шаҳри Ҳисор низ дар натиҷаи офати табиӣ хисорот диданд.
- Тибқи маълумоти пешакӣ, баробари сар задани обхезӣ дар деҳаҳои Ганҷрез, Саричашма ва Сайёди деҳоти «Шарора» ва «Ҳисор» 32 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 7 хона пурра садамавӣ гардида, ҳамчунин, иншооти ёрирасону заминҳои наздиҳавлигии сокинон осеб диданд. — Бо мақсади сари вақт бартараф намудани харобкориҳои офат ва кумак расонидан ба оилаҳои зарардида, аз ҳисоби масъулони идораю ташкилоти дахлдори шаҳр ситоди корӣ ташкил гардид. Алҳол барои пурра барқарор кардани роҳҳои пиёдагузару мошингарди байнидеҳавӣ ҳама қувваю техникаи лозимиро сафарбар кардаем. Барои тозаю поккорӣ намудани хонаҳои истиқоматии сокинони офатзада аз лойу гил кормандони муассисаю идораҳои давлатии маҳаллӣ, донишҷӯёни коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳр ихтиёран ба кумак омаданд, — иттилоъ дод сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Ҳисор Ширин Давлатов.
Бино ба иттилои котиби матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр Ҳидоятулло Холзода, ба ҳар оилае, ки хонаҳояшон осеби ҷиддӣ дида, имкони зиндагӣ дар онҳо намондааст, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 10 ҳазор дона хишт, 10 тонна семент ва 2 куб тахта ёрӣ расонида мешавад. Мутасаддиёни корхонаю ташкилоти давлатӣ, ашхоси саховатпеша ва соҳибкорони бонангу ори маҳаллӣ низ ваъда кардаанд, ки дар таъмини ҷиҳози хона ва ашёи рӯзгор ба зарардидагон саҳм мегузоранд.
Масъулон мегӯянд, дар пайи омадани сел 11-уми май сокини деҳаи Ҳалқадашти деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор Ҳоҷаев Қурбоналӣ Рустамович, соли таваллудаш 1995, ҳангоми чаронидани чорво дар деҳа иттифоқан зери обу гил монда, ба ҳалокат расидааст.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»