Маҳфили фарҳангӣ дар Академияи ВКД
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва ҳайати устодону донишҷӯёни академия ширкат варзиданд. Сардори академия Ҷурахон Зоиров оид ба моҳияти ин санади муҳим ибрози назар карда, аз ҷумла гуфт:- Бо шарофати Сарқонун ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохт.
Дар рафти чорабинии мазкур Гулназар Келдӣ, муаллифи матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба таърихи қабули Конститутсия ва Суруди миллӣ нақл кард. Дар чорабинии фарҳангӣ ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Қобилҷон Зарипов аз эҷодиёти ин шоири ширинсухан сурудҳо хонда, табъи ҳозиринро шод намуд.
Омӯзгор бояд соҳибтахассус бошад
ЧКАЛОВ (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар мактаби президентии шаҳр ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудирони маорифи шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва директорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ифтитоҳ намуда, вазъи таълиму тарбия ва сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии вилоятро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Нуриддин Саид таъкид дошт, ки имрӯз, мутаассифона, агроном, муҳандис, мироб ба омӯзгорӣ машғул аст. Муаллими фанни физика ба ҷойи химия, ҷуғрофия ба ҷойи таърих ва ғайра дарс мегӯяд, ки ин ҳолат нобахшиданист. Мо ҳамаи онҳоро эҳтиром мекунем, аммо доштани ихтисоси омӯзгорӣ шарт ва зарур аст. Бояд омӯзгорони соҳибтахассус ба таълиму тадрис машғул шаванд.
Тақдими нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба беморхонаҳои вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Барои беҳтарсозии ёрии тиббии фаврӣ ба беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ёвон, Хуросон ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон се нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим гардид. Ин иқдом тибқи барномаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар доираи лоиҳаи «Беҳтарсозии сифати кумаки тиббӣ ба модарону навзодон дар вилояти Хатлон, марҳилаи I — II» амалӣ шуд. Ҳадаф аз ин кор сари вақт расонидани кумаки тиббӣ ба занони ҳомила мебошад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Нақшаи даъват иҷро шуд
ИСФАРА. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр пеш аз муҳлат ва барзиёд таъмин гардид. Аз ин ҷо 212 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд. Боиси зикр аст, ки ба туфайли корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, ташкилу баргузории вохӯрию мулоқотҳои ошкорову судманди роҳбарияти шаҳр бо сокинони шаҳраку деҳот, фаъолнокии гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кумитаҳои маҳаллаҳо ва зиёиён ҳанӯз дар рӯзи дуюми маъракаи баҳоронаи даъват 101 нафар ҷавонон ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гашта буданд. Бори аввал дар давоми солиёни охир ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Ворух ва Сурх ба иҷрои пурраи нақшаи даъват ноил гардиданд.
Ба Бунига оби тоза омад
ВАНҶ. (Шоҳтолиб Шоҳқосимов, «Садои мардум») Сокинони деҳаи Бунигаи деҳоти «Водхуд» -и ноҳия бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.Хати обгузари нӯшокӣ аз рӯдхонаи кӯҳӣ дар масофаи чор километр, тариқи лӯлаҳои полиэтиленӣ, ба деҳа кашида шуд.Ин кор бо дастгирии молиявии Барномаи рушди иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон амалӣ гардид.
Роҳбари шабакаҳои Оғохон дар ноҳияи Ванҷ Саидбек Қосимов гуфт, ки дар натиҷаи ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Барномаи зикргардида давоми сол дар ноҳия боз ҳафт иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.Бунига 28–умин деҳаест, ки давоми панҷ соли охир дар ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардидааст.
Ғолибони озмун қадрдонӣ шуданд
СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бахшида ба 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» дар Муассисаи давлатии Театри драмавии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонов намоишномае, ки аҳли фарҳанги ноҳия омода карда буданд, сурат гирифт. Ба ҳайати ҳакамони озмун кормандони масъули соҳаи фарҳанг, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мудирони китобхонаҳои ноҳиявӣ низ шомил шуда буданд ва аз ҷониби онҳо намоишнома баҳогузорӣ шуд.
Озмун аз рӯйи даҳ шарт: табрикот, хор, хониши якка, байтбарак, суруд аз Шашмақом, рақси якка, навозиши умумӣ, намоиши сару либос, бадеҳа, саҳначаи ҳаҷвӣ гузаронида шуд ва иштирокдорони озмун ба ҳозирин ҳунари волои худро нишон доданд. Ҳакамон ба ҳунарнамоии санъаткорон баҳои сазовор доданд ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Ҳамоиши дӯстии донишҷӯёни тоҷику туркман
ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА,«Садои мардум») Сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон Ишанқули Аманалиев ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо ректори он, академик Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуд. Абдуҷаббор Раҳмонов зимни суҳбат дар бораи фаъолият ва сатҳи дониши толибилмони туркман, изҳори ақида намуда, раванди донишандӯзии онҳоро қаноатбахш арзёбӣ кард. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки донишҷӯёни туркман пас аз хатми зинаи бакалавр, метавонанд таҳсилашонро дар бахши магистратура давом диҳанд. Баъд аз мулоқот дар толори фарҳанги донишгоҳ маҳфил таҳти унвони «Шаби дӯстии донишҷӯёни тоҷику туркман» баргузор гардид.
Озмуни оилаҳои намунавӣ
РАШТ. (Р.ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Саидумрон Абдураҳмонзода дар толори Қасри фарҳанг озмуни оилаҳои беҳтарин ва викторина оид ба фарҳанги оиладорӣ, намоиши маҳсули дасти занҳои ҳунарманд, инчунин озмуни расми беҳтарин гузаронида шуд. Аз рӯйи ҷамъбасти озмун оилаҳои беҳтарин соҳиби туҳфаҳо гардиданд. Ба даҳ нафар навхонадорон ва чор нафар тифли навзод аз оилаҳои ниёзманд шаҳодатнома супорида шуд.
Чемпионати ҷумҳуриявии шоҳмот
КӮЛОБ.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар шаҳри Кӯлоб чемпионати ҷумҳуриявии шоҳмотбозони кишвар миёни мардон ва занон баргузор гардид. Чемпионат як ҳафта идома ёфта, дар он намояндагони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат намуданд. Аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа, шоҳмотбозони дастаҳои мардона ва занонаи шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуданд. Ҷойи аввалро дар байни мардҳо Ҷамшед Исоев ва дар миёни занҳо Мутрибаи Илҳом, ҳар ду аз пойтахти ҷумҳурӣ, ишғол намуданд.
Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91