Ноҳияи Ҳамадонӣ. Чаро корхонаи оҳану бетонӣ фаъолияти судманд надорад?

№44 (4464) 09.04.2022

КоллажЗамоне Корхонаи оҳану бетонии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолияти пурмаҳсул дошт ва садҳо сокини маҳаллиро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мекард. Ҳоло он дар чӣ ҳол аст?

Ҳангоми ба корхона ворид шудан Аскар Саидов ном мард худро сармуҳосиби корхона муаррифӣ карда, гуфт, ки роҳбарии корхонаро Амрохон Саидов ба зимма дораду дар ҷойи кор нест. Коргарон машғули кор буданд. Яке дарвозаи зангхӯрдаро ранг мекард, дигарон машғули рехтани тахта­сангҳои бетонӣ (болопӯши хона), сутунпоя ва симчӯбҳои оҳану бетонӣ буданд.

Корхона соли 1976 таъсис ёфта, дар он 400 нафар кор мекард. Баъдан аз фаъолият бозмонда, биною иншоот рӯ ба харобӣ оварданд.

Муовини раиси корхона Рустам Саидов зикр кард, ки бо дастгирии соҳибкор Амрохон Саидов корхона дубора ба фаъолият пардохт ва алҳол дар он 35 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Мутаассифона, ду ҳафта боз бинобар надоштани харидор корхона фаъолияти чандон хуб надорад.

- Ҳоло талош дорем, то ин ки болопӯш ва дару тирезаҳои сехҳои корхонаро иваз кунем, чунки фарсуда ва таъмирталабанд. Аз бом ба дохил об мерезад, — афзуд Р. Саидов.

Ба гуфтаи номбурда, феълан, музди миёнаи коргарон 1800 — 2000 сомонӣ муқаррар гардидааст. Он дар минтақаи Кӯлоб ягона корхонаи саноатии оҳану бетонӣ мебошаду масоҳаташ 11 гектарро ташкил медиҳад.

Алҳол дар он як адад сутунпояи оҳану бетонӣ 1300 сомонӣ нарх дорад.

 - Корхона бо Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб шартнома дошта, он аз мо 140 ҳазор сомонӣ қарздор аст, — гуфт сармуҳосиби корхона Аскар Саидов.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»