Дар Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати XII, ки чанде пеш доир гардид, раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода вазъи иҷрои талаботи қонуни мазкурро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври муфассал шарҳ дод.
Ӯ баробари зикри манфиати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти сусти комиссияҳои танзими расму оин дар маҳалҳоро зери тозиёнаи танқид гирифт. Зикр кард, ки дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилоят зимни гузаронидани маъракаву маросим ба забҳи барзиёди чорво роҳ додаанд. Чунин ҳолат, хусусан, дар шаҳру навоҳии Истаравшану Бӯстон, Панҷакент, Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ ба назар мерасад.
Мушкили дигаре, ки вакилони халқ нисбат ба ҳалли он андешаронӣ карданд, нархи гарону осмонкафи тӯйхонаҳо, ҳунармандон ва нақлиёти дар маросими ақди никоҳ хизматрасону либоси аврупоии арӯс буд. — Маълум мегардад, ки нархи истифодаи як либоси арӯсӣ (фата), ки 2,5-3 соат арӯс ба бар мекунад, то 8000 сомонӣ арзиш доштааст, — гуфт раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ. Нархи хизматрасонии тӯйхонаҳо дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд ва Конибодом аз 8 то 10 ҳазор сомонӣ будааст, ки аз ин мардум ба дод омадаанд. Беҳуда нест, ки дар мулоқоти масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу эзоҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим мардум аз ин бобат сахт шикоят карданд. Ба ҳамин монанд, нархномаи хизматрасонии ҳофизонро низ бояд мавриди бознигарӣ қарор дод, зеро онҳо барои 3 соати ҳунарнамоӣ то 8000 сомонӣ музд талаб мекардаанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ пешниҳод кард, ки дар назди шуъбаҳои ақди никоҳи шаҳру навоҳӣ марказҳои махсуси хизматрасонии иҷтимоӣ ташкил карда шавад. Аниқтараш, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ нақлиёту дастгоҳи наворбардорӣ харидорӣ ва ҳатто ҳунармандонро сарҷамъ намоянд, то ки ба мардум аз рӯи инсоф хизмат расонанд. Дар мавриди либоси арӯсӣ таклиф намуданд, ки минбаъд дар тӯйҳо ба бар кардани либоси миллиамон-атлас бояд анъана шавад.
Абдураҳмон Қодирӣ ба прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов супориш дод, ки пешниҳодоти мазкурро дар доираи қонунгузории амалкунанда бубинад.
Дар интиҳо нисбати раисони ҷамоатҳо ва комиссияҳои танзими расму оин дар маҳалҳо эроди ҷиддӣ гирифта шуд. Ба гуфти вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии «Қайроққум 15»-и шаҳри Гулистон Матлуба Амонзода, комиссияҳои танзими расму оин ба андозае нисбат ба адои вазифа бепарво шуда буданд, ки бо баҳонаи маъракаи хатнатӯй, маъракаҳои домодталбону домодсалом ва ҳатто ҳоҷиошӣ ҳам ошкоро гузаронида мешуданд.
Вакилони Маҷлиси вилоятӣ, раисони ҷамоатҳову комиссияҳои танзими расму оин дар шаҳрак ва деҳоти вилоят бори дигар муваззаф гардиданд, ки раванди татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба таври ҷиддӣ назорат кунанд. Дар акси ҳол нисбати онҳо чораҳои қатъӣ, то ба дараҷаи аз вазифа сабукдӯш гардидан, андешида мешавад.
Дар ин робита қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»