Дар ноҳияи Хуросон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Сиёсишавии дин ҳамчун омили пайдоиши гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи Тоҷикистон» баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки дар замони муосир хавфу хатарҳо зиёд гардида, ҷавонону наврасон тибқи интернету шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ мешаванд, ки ин омил боиси зиёд шудани ақидаҳои ифротӣ ва гаравидани ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мегардад. Зикр гардид, ки зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки мақсад аз он ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.
Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон зикр намуд, ки хавфи репутатсионӣ яке аз хатарҳои замони имрӯза мебошад.
- «Хавфи репутатсионӣ», яъне аз даст додани боварӣ, эҳтиром ё ин ки нуфузи намояндагони як миллат дар назди ниҳодҳои хориҷӣ, мисли ташкилоти байналмилалӣ, маблағгузорон ва воситаҳои ахбори омма мебошад. Иштирок намудани шаҳрвандони ин ё он мамлакат дар ҳаракатҳои экстремистӣ ва ҳамлаҳои террористӣ ба паст задани мақому мартаба ва имиҷи миллату давлатҳо бурда мерасонад.
Аз ин хотир, барои дур намудани ақидаҳои ифротӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ фаъолон ва қишрҳои дигари ҷомеа, махсусан се ниҳод — мактаб, оила ва ҷомеа бояд дар ҳамбастагии зич кор баранд, — зикр кард Муҳаммад Абдураҳмон.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»