Проблема ва мулоҳиза

Аҳамияти дар пойтахт мондану зарурати ба зодгоҳ баргаштани ҷавонон

№24 (4607) 13.02.2023

ФИКРЕ, КИ НАМЕХОҲЕМ ИВАЗ КУНЕМ

КоллажИкром 6 сол пеш барои таҳсил дар донишгоҳ ба Душанбе омад. Дар ҳамсоягии мо бо ҳамкурсонаш иҷора гирифт ва тӯли ин солҳо дӯсти хонаводагии мо шуд. Имсол ӯ зинаи магистратураро хатм кард, вале то ҳол кори муносиб наёфтааст. Ӯ медонад, ки дар дилхоҳ кишвари дунё нархи бозор, хизматрасониҳо ва умуман сарфу харҷи зиндагӣ дар пойтахт нисбат ба дигар минтақаҳо гаронтар аст, вале бо вуҷуди ин шикоят мекунаду маконашро иваз кардан намехоҳад. Ҳарчанд ба вай мегӯем, ки метавонад бо дониши андӯхтааш дар зодгоҳ кори муносиб пайдо карда, ба мардум хизмат кунад, вале ҳеҷ розӣ намешавад.

- Ман шаҳр омадам. Маълумоти олӣ гирифтам. Баргашта ба деҳа рафтанам боиси сархамӣ мешавад. Бояд илоҷе карда, ин ҷо монам ва зиндагиро пеш барам, — чун ҳамеша бо ҷумлаҳои кӯтоҳ фикрашро баён намуд ӯ.

Икром хуб медонад, ки дар бозори меҳнат ҳам ихтисосаш ва ҳам донишу малакааш рақобатпазир нест, вале дар ноҳия ба ӯ эҳтиёҷ доранд, балки метавонад нафъи зиёд ба мардум расонад. Мутаассифона, вай ин ҳақиқатро қабул надорад.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло зиёда аз 200 ҳазор донишҷӯ дар макотиби олии мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бешак, қисми зиёди онҳо аз минтақаҳои гуногун, хусусан деҳот, ҳастанд. Пас аз хатм шумораи зиёди онҳо, ки мутахассис шудаанд, монанди Икром ба ноҳияву деҳа баргаштан намехоҳанд, аммо дар маҳалҳо камбудии кадр, норасоии мутахассисони ҷавон эҳсос шуда, аз набудани нигоҳу масъалагузориҳои насли нав танқисӣ мекашанд.

Илова бар ин, бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми кишвар ҳоло дар мактабҳои ҷумҳурӣ 3434 омӯзгор намерасад. Бояд гуфт, ки камбуди норасоии кадрҳоро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид ва аз масъулин талаб кардаанд, ки мушкили мавҷударо ҳар чӣ зудтар ҳал намоянд.

Монанди Икром ҷавонон ­бисёранд, ки баргаштан ва хизмат кардан ба мардуми зодгоҳи худро ор медонанд. Фикр мекунанд, ки хизмат ба давлату миллат танҳо бояд дар пойтахти кишвар анҷом дода шавад.

МУШКИЛЕ, КИ РӮЗ АЗ РӮЗ ЗИЁД МЕГАРДАД…

Барнагаштани қисми зиёди хатмкардагони макотиби олӣ ҳамчун мутахассис ба зодгоҳашон аз ҳар ҷиҳат бар зарари ҷомеа мебошад.

Давлату Ҳукумат дар ҳоли ҳозир бештар ба ҷавонон такя менамояд ва маҳз барои худинкишофдиҳӣ ва аз бар кардани донишу малакаҳои муосир ёрӣ мерасонад, то ки қолабҳои шахшударо ­шикаста, осонкунандаи ҳаёти ҳаррӯзаи мардум гарданд. Иқдомоти бесобиқаву беназиру бешумори роҳбарияти Ҳукумат барои ҷавонон маъноеро дорад, ки бояд ҷомеаро ба тарафи мусбат тағйир диҳанд, зиндагиро осонтар кунанд, роҳҳои нав пешниҳод намоянд, мардумро барои ба пеш ҳаракат кардан ҳавасманд созанд, аммо дар баъзе минтақаҳо ин амр шоиста иҷро намешавад ва сокинон чӣ кор карданашонро намедонанд. Агар ба вазифаҳои раиси деҳаву Ҷамоату билохира ноҳия кадрҳо аз ҳисоби насли нав бираванд ё ҳадди ақал дар сохторҳои гуногун масъулияте бигиранд, итминон дорем, ки кор ранги дигар мегирад.

Мо дар деҳот қариб, ки мубаллиғи ҳақиқӣ надорем. Барои мисол, дар арафаи ҳар иду ҷашн, хусусан идҳои Рамазону Қурбон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташон ба мардуми кишвар зикр мекунанд, ки ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва аз оростани дастархони бодабдаба худдорӣ кунанд, вале бархе «мубаллиғон»-и Ҳукумат дар деҳот раисони маҳалла ва ҷамоатҳо деҳа ба деҳа гашта, мегӯянд «дастархон наороед, мумкин нест!». Баръакс, бояд дар партави суханони Сарвари давлат ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ сокинонро ба сарфаю сариштакорӣ роҳнамоӣ кунем.

Ҳоло ҳам бархеҳо дар деҳоти ҷумҳурӣ аз бисёр қарору фармонҳо ва ҳатто қонунҳои амалкунанда бехабаранд ё маълумоти пурра надоранд. Ин ҳама ба мо мегӯяд, ки бояд ҷавонони манотиқи гуногуни кишварро роҳ нишон диҳем, то ки на танҳо пойтахтро, балки тамоми Тоҷикис­тонро обод кунанд.

Асосан, бояд раиси деҳа додрас, раиси Ҷамоат мубаллиғи сиёсати Ҳукумат ва раисони ноҳия осонкунандаи мушкили мардум бошанд, вале ҳоло ин тавр нест. Агар хоҳем, ки чунин шавад, пас бояд насли навро ба сохторҳои гуногун ташвиқ намоем.

Дар баробари ин, моҳи августи соли гузашта масъулини Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, ки дар як қатор Ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Панҷ, Носири Хусрав, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Фархор, Файзобод, Турсунзода, Варзоб, Рашт, Нуробод, Лахш, Сангвор ва Тоҷикобод ҷавонони то 35-сола фаъолият надоранд. Ин дар ҳолест, ки шумораи ҷавонони шаҳру ноҳияҳои зикршуда дар макотиби олии кишвар кам нест.

ЧӢ БОЯД КАРД?

Барои он ки ҷавонон ба ноҳия ё деҳаашон баргашта, хизмат намоянд, бояд дилгармие дошта бошанд. Албатта, инро талқин карданӣ нестем, ки ҷавононро маҷбурӣ ба деҳот равон кардан лозим аст, балки гуфтанием, ҳар тасмиму иқдоме, ки дар ин самт мегирем, бояд ба дилгарм шудани насли нав мусоидат кунад. Ба ҷои маҷбур кардан роҳнамо бошем. Ба ҷои амр кардан аҳамияти дар пойтахт мондану зарурати ба зодгоҳашон рафтанро бигӯем. Ба ҷои таҳдид кардан талқин кунем. Ва ба ҷои таҳдид имтиёз диҳем.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»