Ҳақбинӣ дар фиреби бегона

№37 (3183) 15.04.2014

Худованд барои инсон бузургтарин неъмати офаридааш — ақлро арзонӣ доштаву имконаш додааст, ки тинату замири хешро бо ин ҷавҳари ноёб бисозад, тақвият бахшад ва идора кунад. Вале, бо вуҷуди ин, иддае ҳастанд, ки ҳарчанд аз худ хирадманду оқилу ҳамадон метарошанд, пой дар пайроҳаи раҳгумӣ мегузоранду фиреби бегонаро ҳақ, тамаддуни аҷнабиро додаи фавқ, ҷаҳолатро хирад, торикиро равшанӣ, худфурӯширо имон, оби дари хонаро лой, духтари ҳамсояро бӯйин ва рушду пешрафти миллатро шикаст нишон доданӣ мешаванд. Дар ҳар оғозе айбу дар ҳама анҷом нуқс меҷӯянд. Дар умри хеш амали солеҳе бар ҷой наовардаанд, лек кори хайру мондагори дигаронро низ таҳаммул карда наметавонанд. Танҳо айб меҷӯянду неш мезананд, зеро хӯй ва феъли ақрабӣ дар тинаташон он қадар ҷой кардааст, ки гӯйӣ муқтазои табиаташон ҳамин бошад.

Ҳар гоҳе ки навиштаеро аз сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» -Ҳикматулло Сайфуллозода мутолиа мекунам, боварам ба андешаи боло фузунтар мегардад. Он гоҳ афсӯс мехӯрам. Афсӯси ҳунари эҷодӣ ва қалами бурро, истеъдоди худододӣ, ки ба як банда ато шудаасту он пайи айбҷӯйиву хӯрдагириҳо, дурӯғбофию туҳматзаниҳо барҳадар меравад. Ҷойи таълифи маводи муфиду коромад, шахсе, ки хешро яке аз пояҳои ақлию зеҳнии ҲНИТ мешуморад, рангу қаламу коғази сафедро баҳри иншои сиёҳномаҳое сарф мекунад, ки аз навиштану хонданашон ҷуз дареғи талафи вақт дигар фоидае намебардорӣ.

12-уми марти соли 2014 Ҳикматулло Сайфуллозода бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр мусоҳиба оростааст.  Мавзӯи суҳбат хеле ҷолиб ба назар мерасад, вале ҳангоми шиносоӣ бо муҳтавои он яқин мегардад, ки хабарнигор боз дар ҳамон нақше бозӣ дорад, ки гӯё якумра барояш додаанд. Маро бо посухҳои дипломати хориҷӣ коре нест, зеро ӯ манофеи кишварҳои хешро ҳимоя дорад ва таҳлили гуфтаҳояшро низ бигузор  коршиносони соҳа анҷом диҳанд. Вале саволҳо тавре дода шудаанд, ки на як журналисти тоҷик, балки нафари барои ин ҷомеа бегона ироа медорад. Боз ҳам талош ҳамон сангпартоӣ ҷониби Ҳукумат асту кӯшиши ҳар чӣ бештар пайдо кардани норасоиҳо дар фаъолияти он. Ҳар пурсишро посух аз қабл маълум аст, зеро саволҳо мувофиқу муносиб бо табъу майли мусоҳиб омода гардидаанд ва дар бораи он самтҳое мераванд, ки Иттиҳоди Аврупо бо баҳонаи онҳо вориди кишварҳои зери таваҷҷуҳаш  мегардад. Сухан боз сари ҳамон «коррупсия» мераваду «худкома»-ҳою «шиканҷа»-ҳою «ҳифзи ҳуқуқи инсон», «демократия», «озодӣ» ва монанди инҳо. Хулоса ,ҳамон шиорҳои забонзадае, ки дар тамоми дунё шунидашон дили ҳамаро гирифтаасту вуҷудро беҳузур мекунад.

Суханҳо хеле баланданд, рақамҳо низ. Сафир мегӯяд: «Иттиҳоди Аврупо аз мустақил гаштани Тоҷикистон оғоз намуда, дар ду даҳсолаи охир тақрибан ба маблағи 600 миллион евро кумак расонидааст». Вале, мутаассифона, ин маблағ дар самтҳое харҷ шудааст, ки кумакашон ба иқтисодиёти кишвар дар маҷмӯъ ва муътадил нигаҳ доштани он баробари ҳеҷ аст. Зеро ин маблағҳо ҷойе сарф мешаванд, ки ҷудокунандагон худ салоҳ медонанд. Ба қавли ҳамон иқтисодшиноси машҳур, бародарони аврупоӣ барои мо «танҳо моҳӣ гирифта медиҳанд, ки бо як хӯрдан адо мешавад, на шасти моҳигириро, ки мо тавонем онро ҳамешагӣ истифода барем». Онҳо ҳамеша аз кумак дар эъмору сохтани иншооти муҳими стратегӣ, ки метавонанд пойгоҳи қавии таъмини ҳама мушкилоти иҷтимоии ҷомеа гарданд, сар мепечанд ва баҳонаҳои гуногун пеш меоранд. Дастгирию маблағгузориро асосан ҷониби созмону ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ равона месозанд. Тавре воқеаҳои охир, пеш аз ҳама, буҳронҳо ва инқилобҳои ранга дар нуқоти гуногуни сайёра дар солҳои охир нишон доданд, чунин равиши муносибат манфиатҳои дигару мақсадҳои мушаххасеро дар бар мегирифтааст. Таҳлили фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар тамоми кишварҳо нишон медиҳад, ки онҳо ҳамеша тибқи нишондодҳои маблағгузорон фаъолияти хешро роҳандозӣ мекунанд ва ҳар чӣ бештар талош ба харҷ медиҳанд, ки миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории миллӣ мухолифати оштинопазир мавҷуд бошад.  Фаъолияти онҳо дар канори давлат салоҳ дониста намешавад ва тавсия ҳам дода намешавад. Чунин муносибат дар Ҷумҳурии Украина то кадом оқибатҳо кашонид, ҳоҷат ба шарҳ нест. Дар ҳамон ҷо ҳам номҳои хонум Эштон садо медоданд ва маблағҳои барои озодию рушди ҷомеа пешбинишуда тавассути ташкилотҳои ғайридавлатӣ тақсиму сарф мешуданд. Акнун ба ҷойи баромадан аз буҳрони иҷтимоӣ, ки ҳамеша аз ҷониби Аврупои бо Украина ҳамсоя ваъда мегардид, кишвар мустақилияти хешро аз даст дод. Як қисматашро ҳамсояи ҳамхуну ҳамнажодаш аз худ кард, қисмати дигараш таҳти идораи тӯдае аз бозичаҳо раҳгум асту аз ҳар тараф кашокашаш доранд.

Сайфуллозода, минҳайси як рӯзноманигори миллӣ, бояд ҳамин тарафи масъаларо дар мусоҳиба дахл мекард, вале тавре зикр шуд, ӯ  саволҳоеро додааст, ки бояд медод: — дар бораи Зайд Саидов, дар бораи чанд наҳзатии ҷинояткоре, ки тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Вале азбаски барои аз худ кардани маблағҳои ҷудошуда дар самтҳои «ҳуқуқи инсон» ва «шиканҷа»-ю ғайра далелҳо лозиманд, ин гурӯҳро ҷабрдида муаррифӣ мекунанд.

Сайфуллозода бояд суол мекард, ки чаро ҷонибҳои маблағгузор розӣ намешаванд, ки давлат ақаллан дурустии сарфшавии маблағҳоро дар лоиҳаҳои муайяншуда санҷад. Маҳз чунин пешниҳод аз тарафи Ҳукумати Россия дар соли 2012 боиси он шуд, ки аксарияти намояндагиҳои  ташкилотҳои ғайридавлатии дар ин кишвар маблағгузор фаъолияти минбаъдаи хешро қатъ созанд. Пас зери коса нимкосае ниҳон аст?

Вобаста ба айбгириҳо дар «шаффофияти интихоботҳо» ба қазовати Сайфуллозода як мисолеро пешниҳод карданиам, ки интихоботи охирини президентӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки тавре худи шаҳрвандони ин кишвар бо як овоз тасдиқ мекунанд, танҳо дар як кӯчаи шаҳри Кобул, он ҳам зери ҳимояи низомиёни амрикоӣ баргузор гашт, ки он аз ҷониби ИМА ва Иттиҳоди Аврупо шаффоф эълон шуда буд. Ҳамин ки Карзай манфиатҳои мардуми Афғонистонро пеш гузошту талаб кард, ки ба онҳо эҳтиром гузошта шавад, номбурда зери фишорҳои мухталифи онҳо қарор гирифт ва барояшон сиёсатмадори номақбул гардид. Чаро Сайфуллозодаи аз ҳама ҳодисаҳои минтақа бохабар дар бораи «шаффофият»-и чунин интихобҳо аз мусоҳибаш намепурсад? Зеро дар чунин пурсишҳо ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҷой доранд, ки барояш бегонаанд. Баръакс, барояш арзишҳои ҳизбӣ-гурӯҳӣ болотар меистанд, аз ин рӯ дар бораи «шинохт ва эътибори ҲНИТ дар сатҳи байналмилал» таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Посух барояш хеле ва хеле ғайриинтизор аст. Ҷойи таърифу тавсиф аз сафири Иттиҳоди Аврупо ҳамон ҷавоберо мешунавад, ки ҳатто кӯдакони гаҳвора медонанд: «ҲНИТ дар минтақаи Осиёи Марказӣ падидаи беназир буда, ягона ҳизби дорои барномаи исломист, ки дар парлумон ҷой дорад». Яъне, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ҳукумате дар минтақаи Осиёи Марказист, ки фаъолияти як ҳизби исломиро иҷозат додааст ва ин ҳизб ҳатто намояндагонашро дар парлумони кишвар дорад. Вале дар ҷавоб ба ҷойи миннатдорию кумак маҷбур аст чунин сангпартоиҳоро таҳаммул кунад. Назди худиҳо не, пеши бегонагон.

Фаршеди НУРАЛӢ