Дар мавзӯи муҳим

Аҳмадҷон Ғафуров: «Моҳипарварӣ рушд меёбад, агар…»

№141 (3778) 28.11.2017

DSC00346- Бо дард, бо алам нависед, ки ба дилҳо бирасад, вале касе наранҷад, — пас аз анҷоми суҳбат хоҳиш намуд сарвари КВД «Моҳии Тоҷикистон»,  ихтиолог Аҳмадҷон Ғафуров.

Ин дархост аз нотавонӣ нест, балки нидои дили шахси дилсӯзи соҳа аст, ки ҳадаф аз он бори дигар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ашхоси масъул ва аҳли ҷомеа ба соҳаи моҳипарварӣ, ҳар чӣ зудтар бартараф намудани мушкилоти мавҷуда аст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардааст. Ба ин хотир соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ» ва соли 2008 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 306, аз 2 июли соли 2008 «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009-2015», «Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии моҳипарварӣ дар солҳои 2009 – 2015» қабул гардид. Мутаассифона, корҳои зиёде анҷом дода шуда бошанд ҳам, истеҳсоли моҳӣ нисбат ба солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузаш­та ниҳоят кам аст.

Соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон аслан солҳои 30 — юм ба вуҷуд омадааст. Соли 1936 дар шаҳри Душанбе, дар майдони 35,6 га парваришгоҳи моҳӣ бунёд гардид ва парвариши он бо такя ба дастовардҳои илмии соҳа ба роҳ монда шуд.

Натиҷаҳои бадастомада дар он айём имрӯз ҳам касро ба ҳайрат меоранд.  Маҳсулнокӣ аз ҳар гектар ҳавз ба 15, 6 сентнер расида буд. Вале дертар бо сабаби норасоии замин ҷиҳати ташаккул додани соҳа таваҷҷуҳ камтар гардид ва солҳои 60 – ум парваришгоҳ умуман аз байн рафт. Аз солҳои 50 – ум моҳипарварӣ дар хоҷагиҳои водии Ҳисору Вахш, шаҳри Кӯлоб ва Бадахшон низ ривоҷ гирифт ва солиёни зиёд натиҷаҳо назаррас буданд. Ҳатто давраҳое буданд, ки зарари соҳаи чорводорӣ аз ҳисоби фоидаи соҳаи моҳипарварӣ пӯшонида мешуд. Вале …

Вазъи имрӯзаи соҳа аз касе пӯшида нест. Моҳӣ дар бозорҳо кам, нарх гарон. Дар мағозаҳо асосан намудҳои воридотии «хек», «минтай» ва лаққамоҳӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, ки аз 26 то 32 сомонӣ арзиш доранд. Қариб баробар бо гӯшти гову гӯсфанд…

Чаро чунин ҳолат ба вуҷуд омадааст? Имкониятҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи моҳипарварӣ чӣ гунаанд?

DSC00372Аҳмадҷон Ғафуров дар ин робита гуфт, ки Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Моҳии Тоҷикистон» мақоми ваколатдори соҳаи моҳипарварӣ ва моҳигирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, вале салоҳияту ваколатҳои он зиёд нест. Дар давраи шӯравӣ ин коргоҳ раёсат ё Иттиҳодияи ҷумҳуриявии истеҳсолии моҳипарварӣ дар назди Ҳукумат буд ва ваколати зиёд дошт. Дар сохтори он нозироти соҳаи моҳипарварӣ ва моҳигирӣ («Рыбнадзор») низ мавҷуд буд ва дар 4 вилояти он айём 4 — нафарӣ коргар ва роҳбар дошт. Ҷамъ бо кормандони дастгоҳи марказӣ 24 нафар фаъолият мекарданд. Роҳбарияти бевоситаи соҳа ва корхонаҳои ҳамшакли ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Миёна дар шаҳри Фрунзе (Бишкек) ҷойгир буданд ҳам, корхона аз фаъолият ба раёсати мо низ ҳисобот медод. Раёсат, ҳамчунин, дорои лабораторияи махсуси соҳа буд.

Пас аз пошхӯрии шӯравӣ, соли 1992, ҷумҳуриҳои ҳамсоя  департамент бунёд намуда, раёсатҳои истеҳсолии моҳипарвариро бо сохторҳо ва ваколатҳо нигоҳ доштанд. Афсӯс, мо ин корро ба анҷом нарасонидем ва ҳатто он ду сохтори асосиро, ки зикр гардид, барҳам додем. Метавон гуфт, ки корхонаи мо ҳоло мукаммал нест. Ҳол он ки парваришу беҳсозии зот, ворид ва зиёд кардани намудҳои нави парваришӣ ба ваколатҳои мо дохил мешаванд. Агар нозироти моҳигириву моҳипарварӣ вуҷуд медошт, бо барқ шикор кардани моҳӣ ва навъҳои дигари қочоқ ҳатман камтар мегардид.

Бовар кунед, баъди истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон, яъне 25 сол боз мо муҳофизат кардани моҳиро комилан фаромӯш кардаем. Нест мақомоте, ки ин вазифаро бар дӯш дошта бошад.

Ҳоло як қисми ин вазифаро  Кумитаи ҳифзи муҳити зист анҷом медиҳад. Дар ҳоле ки  вазифаи он танҳо назорат аст. Дар ин Кумита сохтори наве созмон доданд -  милитсияи экологӣ. Ин сохтор ҳам ба моҳӣ часпидааст. Дар посгоҳҳо мошинҳои моҳикашонро боздошта, ҳуҷҷат доштану надоштани моҳиро пурсон мешаванд. Агар дар ҳуҷҷатҳо камбудӣ пайдо кунанд, мошинҳоро ба хоҷагиҳои моҳипарвар бармегардонанд. Ҳол он ки вазифаи ин сохтор тамоман дигар бояд бошад. Онҳо парво надоранд ва ҳатто намедонанд, ки моҳифурӯшон моҳиро чӣ тарз шикор мекунанд, бо кадом усул? Мақолае, ки доир ба шикори моҳичаҳо дарҷ гардида буд («Моҳичаҳоро накушед!» «СМ», №96, 12.08.2017 – Н.Н.), беасос нест. Бешубҳа, моҳичаҳоро на ба воситаи  тӯр ва шасти моҳигирӣ, балки ба воситаи неруи барқ шикор мекунанд, ки хилофи қонун аст. Дар Федератсияи Россия барои истифодаи барқ дар шикори моҳӣ шахси гунаҳкор то 5 сол аз озодӣ маҳрум мегардад. Зеро барқ тамоми мавҷудоти зиндаи зери обро несту нобуд месозад. Қочоқчиён ҳатто аз 380 волт қувваи барқ истифода мебаранд.

– Чӣ бояд кард, то мушкил бартараф гардад?

– Моҳипарварӣ дар тамоми дунё соҳаи алоҳида аст ва масъалаҳои ба он алоқаманд дар ҷумҳурии мо низ бояд марбути сохтори мустақил бошад. Вале бештари ваколатҳо ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист дода шудаанд. Чанд маротиба барои мукаммал намудани сохтори КВД «Моҳии Тоҷикистон» ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намудем, аммо то ҳол масъала ҳал нашудааст.

Баъди қабули «Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии моҳипарварӣ барои солҳои 2009 – 2015», дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва Вазорати кишоварзӣ теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 7 то ба 270, ҷойҳои корӣ аз 80 то ба 916, истеҳсоли моҳӣ аз 214 тонна (соли 2008) то ба 10 ҳазор тонна расид, ки пешравии назаррас аст, аммо кифоя нест.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта кофист, ки ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя назар андозем. Дар он ҷо департаментҳои  соҳа аз Буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд. КВД «Моҳии Тоҷикистон» бошад, худмаблағгузор аст.

Чанд муддат 7 коргар доштем. Бо сабаби норасоии маблағ маҷбур шудем, ки ду нафарро ба рухсатии бемуҳлат фиристем. Бо 5 нафар корро ба таври бояду шояд ба анҷом расонидан ғайриимкон мебошад. Барои мубориза бурдан бо қочоқчиён корхонаро мукаммал намудан зарур аст. Дар корхонаи собиқи «Рыбнадзор» як мутахассиси моҳишинос — ихтиолог фаъолият дошт. Ҳоло ягон ихтиолог нест. Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ чунин мутахассис надорад.

- Ҳоло чанд намуди моҳӣ дорем?

- Дар дарёҳои ҷумҳурӣ 65 намуди моҳӣ мавҷуд буд. Мутаассифона, ҳоло 5 намуди он аз байн рафтааст. Масалан, симмоҳӣ (лещь), ки намуди машҳур буд, нобуд шудааст. Дар Қайроққум зағорамоҳӣ нест шуда истодааст.

–  Сабаб чист?

– Соли 1995 аз тарафи ноҳияи Ашт сарбанде сохтанд. Дар натиҷа, 11 км ё 6 ҳазор гектар ҳудуди  обанбор маҳкам ва хушк гардид, ки ҷойи тухмгузории моҳӣ буд. Ҳар сол аз он ҷо 5 миллиард моҳича мебаромад. Табиати моҳӣ чунин аст, ки дар ҳар  ҷое ба дунё ояд, барои тухмгузорӣ боз ба ҳамон ҷой меравад. Ҳозир чунин ҷой мавҷуд нест ва метавон гуфт, ки  дар Сирдарё моҳӣ намемонад. Зараре, ки бо сабаби камшавии моҳӣ ба вуҷуд омадааст, ҷуброннопазир аст, чунки дарёро моҳӣ тоза менамояд. Обсабзҳо ва ҳама гуна кирму махлуқоти хурди обиро мехӯрад. Дар натиҷа, пеши роҳи об баста намешавад, ҷазираҳо ба вуҷуд намеоянд. Мутаассифона, ҳоло ҳам ҷазираҳо ба вуҷуд омадаанду ҳам бо сабаби баста шудани пеши роҳи  об соҳилҳо шуста мешаванд. Бар замми ин, миқдори молюскаву обсабз ва садафакҳо  ба андозае зиёд аст, ки ҳангоми бо насосҳо кашидани об ба  заминҳои кишт ҳам расидаанд.  Вале зарари бештар аз ҳама шикор бо барқ аст. Дар мавсими тухмгузорӣ (аз 1 апрел то 15 июн) низ мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар назди кӯпруки Кофарниҳон — даромадгоҳи шаҳри  Душанбе  5 -  6 кас бо заврақҳои резинӣ бо барқ ғайриқонунӣ моҳӣ  шикор мекунанд. Аммо гӯё касе онҳоро намебинад. Бо дарназардошти ин ҳолат, пешниҳод намудем, ки сохторҳои соҳа барқарор гарданд, то пеши роҳи харобкорӣ гирифта шавад.

Се сол боз (солҳои 2015- 2017) дар обанбори Қайроққум барқарорсозӣ вуҷуд надорад, яъне моҳӣ мегирем, вале такрористеҳсолкунӣ нест, ҳаҷму миқдори моҳӣ барқарор намешавад. Ин ҳолат оқибат ба нестшавии моҳӣ оварда мерасонад. Корхонаи мо ва дар мавриди мукаммал гардидан метавонад ин ҳолатро пешгирӣ намояд.

- Барои рушди моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ чӣ гуна имкониятҳо мавҷуданд?

- 60 фоизи обҳои тозаи Осиёи Миёна аз ҷумҳурии мо сарчашма мегиранд. Аз ин миқдор об ба ҳисоби камтарин бояд дар як сол то 200 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол намоем. Ҳол он ки соли 2016 ҳамагӣ 2 ҳазору 73 тонна моҳӣ истеҳсол гардид. Барои таъминоти 8 миллион аҳолӣ камаш 17 ҳазор тонна моҳӣ бояд истеҳсол кард. Моҳии истеҳсолнамудаи мо бо иловаи 2 ҳазор тонна моҳии воридотӣ ба ҳар сар аҳолӣ 240 граммро ҳам ташкил намедиҳад. Ҳол он ки барои ҳар як нафар дар як сол то 23 кг моҳӣ пешбинӣ шудааст.

Дар давраи шӯравӣ аҳолии ҷумҳурӣ 5 миллион нафар буд ва иттиҳодияи мо якҷоя бо 5 хоҷагии моҳипарварӣ 3, 5 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол мекард. Аз Маскав барои таъмини минималии  аҳолӣ боз 6,5 ҳазор тонна моҳӣ ҷудо мегардид. Яъне, ҷамъ 10 ҳазор тонна моҳӣ истеъмол менамудем.

- Дар матбуоти ҷумҳурӣ асосан доир ба парваришу истеҳсоли гулмоҳӣ мақолаҳо дарҷ мегарданд ва ин бесабаб нест. Чунки нархи он баланд аст ва дар бозори ҷаҳонӣ  харидори зиёд дорад. Айни ҳол барои парвариши гулмоҳӣ имкониятҳо мавҷуданд?

- Аз ҳамон 200 ҳазор тонна моҳие, ки дар як сол бояд истеҳсол кунем, 55 фоизашро метавонад гулмоҳие ташкил диҳад, ки дар заминҳои ғайрикишоварзии санглохи Бадахшон истеҳсол кардан мумкин аст. Чунки барои парвариши гулмоҳӣ оби тозаи мусаффои то 18 дараҷа ҳароратдошта ва миқдори оксигенаш аз 10 миллиграмм боло лозим аст. Ин гуна об дар Бадахшон бисёр аст. Агар аз 1 гектар ҳавзи моҳиҳои гармидӯст дар давраи шӯравӣ аз 5 то 7 тонна моҳӣ мегирифтем, аз як гектар ҳавзи гулмоҳӣ то 50 тонна гирифтан мумкин аст. Истеъмоли ҳама гуна моҳӣ барои саломатии инсон манфиатнок аст, аз ин рӯ парвариши намудҳои дигари онро низ ба роҳ мондан зарур мебошад. Даҳ аминокислотаи ивазнашаванда, мисли Омега- 3, Омега- 6, витаминҳои В6, В12, рӯҳ, фосфор ва қариб 30 фоизи системаи элементҳои кимиёвии Менделеев дар таркиби гӯшти моҳӣ мавҷуд аст. Бинобар ин, сокинони давлатҳои пешрафта гӯшти моҳиро хеле зиёд истеъмол менамоянд. Ба кӯдакон гӯшти моҳиро бештар медиҳанд, ки солим ва боақл ба воя расанд.

Дар давраи шӯравӣ дар кишвари мо низ ба кӯдакон ба миқдори кофӣ моҳӣ ва равғани моҳӣ медоданд. Равғани моҳӣ ҳатто ба вояи хӯроки гӯсолаҳое низ илова мегардид, ки дар оянда аз онҳо зот гирифтанӣ буданд, вале имрӯз ба ин масъала таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намегардад.

Мо заминҳои санглох бисёр дорем ва дар он ҷойҳо ба роҳ мондани парвариши гулмоҳӣ хеле қулай аст, аммо як душворӣ дорем: барои вояи зарурии хӯроки моҳӣ то 40 – 45 фоиз орди моҳӣ лозим аст, ки онро бояд аз кишварҳои дигар ворид намоем.

Барои ҳалли масъалаҳои соҳаи моҳипарварӣ ва қадаме ба пеш гузоштан, пеш аз ҳама, мутахассис лозим аст, баъд, маб­лағҳои озод.

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барои тайёр кардани мутахассисони соҳа кафедра кушоданд, вале он талаботи ҷумҳуриро қонеъ карда наметавонад. Бинобар ин, факултет кушодан зарур аст. Баъдан, бояд мутахассисони барҷастаро аз мамлакатҳои дигар даъват намоем, чунки олимони соҳаро низ надорем. Ба андешаи ман, мутахассисонро дар Федератсияи Россия тайёр намудан беҳтар аст, зеро он ягона давлатест, ки мутахассисони доираи фаъолияташон васеи соҳаро омода менамояд. Пас аз он ки соҳиби мутахассис гардидем, бояд ҳар чӣ зудтар дар кишвар донишкада ё ҳатто донишгоҳ кушоем.

Давлати Туркия соли 1974  ҳамагӣ 14-15 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол намуд, аммо якуякбора 8 донишкадаи соҳаи моҳипарварӣ таъсис дод. Айни ҳол туркҳо истеҳсоли моҳиро ба 1 миллион тонна расонидаанд. Ҳарчанд ки моҳипарварӣ дар ин кишвар пешаи басо заҳматталаб аст, чунки оби он ҷо дар таркиб оксигени кофӣ надорад ва онро бо нитрогени моеъ коркард кардан лозим меояд.

Аслан, дар соҳаи парвариши ҳайвонот аз ҷиҳати даромаднокӣ моҳипарварӣ дар ҷойи аввал меистад. Дар ҷойи дуюм хукпарварӣ, сеюм мурғ, чорум асп, панҷум гӯсфанд ва шашум-чорвои калон қарор дорад. Аз ин рӯ, ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи моҳипарварӣ таваҷҷуҳи махсус лозим аст.

Замоне ба вилояти Уляновски Россия аз Тоҷикистон моҳӣ содир мешуд. Мо онро бо қатора зинда мебурдем. Нархаш дар Тоҷикистон 1 сӯм буд, барои онҳо 1, 5 сӯм нарх мегузоштем. Бо вуҷуди он ки дар он давра дар Россия аз уқёнусҳо 10-11 миллион тонна моҳӣ сайд мешуд, моҳии моро низ мехариданд, зеро аз ҷиҳати экологӣ тоза буд. Бояд гуфт, ки сифати моҳӣ ба сифати об алоқаманд аст, ҳар қадар об тоза бошад, ҳамон андоза моҳӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мешавад. Таъми моҳӣ ҳам ба об вобаста аст. Об ширин бошад, моҳӣ ширин, шӯр бошад, шӯр мешавад.

Ҳар сол дар дунё барои маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза озмунҳо гузаронида мешаванд. Соли 2002 мо  дар Женева барои сифати моҳӣ соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардидем. Солҳои минбаъда низ ҷоиза мегирифтем, агар дар озмун иштирок менамудем. Бо сабаби надоштани маблағ дигар натавонистем дар озмунҳо ширкат кунем. Сифати моҳии Тоҷикистон сазовори ҷоизаҳои баландтарин аст, зеро обҳои мо тозатарин дар ҷаҳонанд.

Ҳафт ё ҳашт сол қабл, як гурӯҳ мутахассисони хориҷӣ омада, хоҳиш карданд, ки ба онҳо барои парвариши гулмоҳӣ дар дохили ҷумҳурӣ иҷозат диҳем. Шарти онҳо ҳамин буд, ки агар 200 тонна моҳӣ истеҳсол намоянд, 100 тоннаашро мебаранд. Дар он вақт нархи ҳама маҳсулот бо доллар муайян мешуд ва ман пурсидам: «Қимати гулмоҳӣ дар кишваратон чанд аст?»

Ҷавоб доданд, ки  5 доллар. Нархи гулмоҳӣ дар мо 15 доллар буд. Ман ба ҳайрат афтодам, намефаҳмидам, ки онҳо аз чунин кор чӣ суд мегиранд. Онҳо гуфтанд, ки моҳии дар обҳои Тоҷикистон парваришгардидаро барои сифат, таъм ва тозагиаш 20–долларӣ фурӯхтан мумкин аст.

– Дар дарёҳо низ моҳипарвариро ривоҷ додан мумкин аст?

– Не. Барои он ки моҳӣ дар як ҷой намеистад, дар як рӯз то сад километр масофаро тай мекунад. Бегоҳӣ дар Душанбе бошад, пагоҳӣ дар Шаҳритуз мешавад. Шабошаб меравад. Аммо мо дар обанборҳои Нораку Бойғозӣ ва обанборҳои дигар моҳӣ парвариш карда метавонем.

– Пас, чаро ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳи соҳибкорон ба моҳипарварӣ камтар аст?

– Соҳибкор бе мутахассис коре карда наметавонад. Баъзе соҳибкорон кӯшиш карданд, вале бо сабаби надонистани нозукиҳои соҳа зарар диданд. Маблағи хароҷотро боз­пас гирифта натавонистанд.

Барои рушди соҳа, тавре зикр кардем, аввал мутахассис, баъд маблағҳои имтиёзнок ва ниҳоят, дастгирии давлат зарур аст. Мисол, солҳои пеш нархи об 0,01 дирам буд, имрӯз 150 фоиз баланд шудааст, ки барои соҳибкори моҳипарвар зарари ҷиддист. 97 фоизи обе, ки ба ҳавз ворид мешавад, боз баромада меравад, ҳамагӣ 3 фоизи об бухор мегардаду халос. Вале соҳибкор бояд барои 97 фоизи дигар ҳам маблағ супорад. Нархи барқ низ барои моҳипарварон гарон аст. Бо вуҷуди он ки мо сохтори кишоварзием, мисли корхонаҳои саноатӣ маблағи барқ месупорем. Тавре маълум аст, моҳӣ бе об зиста наметавонад ва мо маҷбурем дар фасли зимистон тавассути насосҳо аз ҳар ҷо ба ҳавзҳо об кашем, ки ниҳоят гарон меафтад. Илова бар ин, мо барои нигоҳ дош­тани моҳӣ яхдонро истифода мебарем.

Мушкили дигар баланд будани андоз аст, 18 фоиз андози иловашуда (НДС) месупоранд соҳибкорон. Вале касе фикр намекунад, ки маҳсулоти онҳо дар ду соат сифати худро гум карда, вайрон шуданаш мумкин аст.

Барои воридоти техникаву технология ҳам аз боҷи гумрукӣ озод нестем. Бинобар ин, мо бо таҷҳизоти фарсудаи давраи шӯравӣ кор карда истодаем. Соҳибкор ба як доллар хӯроки гулмоҳӣ мехарад ва то ба ин ҷо меорад, ки се доллар хароҷот мешавад.

Чунин омилҳо ба пешравии соҳаи моҳипарварӣ монеа мегарданд, аммо эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ин монеаҳо ба зудӣ бартараф гардида, моҳипарварӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромадтарини хоҷагии халқ табдил меёбад. Барои расидан ба ин мақсад, дар марҳилаи аввал лозим аст, ки ба моҳипарварон дар масъалаҳои зикргардида лоақал имтиёзи 5-сола дода шавад.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»