Бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ҳалима Гадоева маблағеро, ки барои зиёрати хонаи Худо ҷамъоварӣ карда буд, дар корҳои ободонӣ масраф намуд.
Ин зани 62-сола бо маслиҳати фарзандон роҳи мушкилгузари деҳаашро обод намуда, рафтуомади бемамониати ҳамдеҳагонашро таъмин кард.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, Ҳалима Гадоева се километр роҳро тахту ҳамвор намуда, 100 метри онро мумфарш кардааст. Ин оилаи намунавӣ боз мақсад гузоштааст, ки роҳи деҳаро пурра мумфарш намояд.
Ҳалима Гадоева зимни суҳбат гуфт, ки аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар илҳом гирифта, ин кори хайрро ба сомон расондааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»