-Тавре ҳамватанони гиромиқадр огоҳанд, дар таърихи 16 июли соли 2015 тахминан баъд аз нисфирӯзӣ бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии барфу яхи болои кӯҳ ба деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон сел фуромада, пеши роҳи дарёи Ғундро баста, кӯли сунъии дорои беш аз 15 млн. метри кубиро ташкил намуд. Бо сабаби пай дар пай омадани сел сатҳи оби кӯл баланд шуд ва дар баробари зер кардани хонаҳои истиқоматии наздисоҳилии сокинони деҳаҳои Барсем, Колхозобод ва Бердибекобод хатари зери об монондани НБО-и калонтарини вилоят – «Помир-1»-ро, ки дар болооби дарё воқеъ аст, низ ба вуҷуд овард.
Таъҷилан бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи воқеа комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода омад ва барои бартараф намудани оқибатҳои нохуши ҳодиса ситоди вилоятӣ ташкил шуд. Ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагони офати табиӣ чархболҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардиданд.
Ин ҳодисаи харобиовар дар баробари дигар соҳаҳо ба системаи барқтаъминкунӣ низ хисороти ҷиддӣ ворид намуд. Аз ин лиҳоз, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, ки ба ҳайати комиссияи ҳукуматӣ шомил буд, аз рӯзҳои аввал тамоми корҳои барқароркунии системаи хизматрасонии барқро зери назорати қатъӣ қарор дод. Ҳатто ду шабонарӯз ҳамроҳи барқчиён дар ҷойи хатарзо қарор дошта, корашонро назорат мекард. Супориши Сарвазири мамлакат ин буд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин қувваи барқ барои аҳолӣ барқарор гардад.
- Меҳнати шабонарӯзӣ таҳти сарварии вазир ба мо имкон дод, ки мо сарбаландона аз иҷрои супориши раиси комиссияи ҳукуматӣ бароем, — гуфт директори генералии «Помир Энерҷӣ» Далер Ҷумаев.
Далер Ҷумаев зикр намуд, ки сел беш аз шаш км хатҳои интиқоли барқи 35кВ (занҷирҳои №№1 ва 2-и НБО-и «Помир-1», НБО-и «Хоруғ»), инчунин ду километр хатҳои барқи 10 кВ («Помир-1» – Сучон)-ро, ки тавассути онҳо неруи барқ аз НБО-и «Помир -1» ба шабакаи марказӣ интиқол дода мешуд, пурра хароб намуд. Дар натиҷа, интиқоли қувваи барқ аз НБО-и «Помир -1» ба шабакаи марказии «Помир Энерҷӣ» ғайриимкон гардид ва сокинони шаҳри Хоруғ, ноҳияи Роштқалъа, қисми ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон аз соати 1500-и 16 июл то соати 1805-и 18 июли соли 2015 пурра бе барқ монданд.
Сарфи назар аз ин НБО-и «Помир-1» ҳама вақт фаъол монда, беш аз 1500 хоҷагии (зиёда аз 7,5 ҳазор нафар аҳолӣ) водии Ғунди ноҳияи Шуғнонро бо барқ таъмин менамуд. Дар баробари ин, об бо суръати баланд ба сӯи шаҳри Хоруғ ҳаракат мекард ва сангу хок, дарахтону буттаҳо, тунукаю шиферу ашёи дигарро бо худ мебурд, ки метавонист дастгоҳҳои НБО-и «Хоруғ»-ро низ аз кор барорад. Аз ин рӯ, лозим омад, ки канали обгузари НБО-и номбурда муваққатан баста шавад.
Вале меҳнати шабонарӯзии барқчиёни тамоми шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо бо роҳбарии ситоди вилоятӣ имкон дод, ки дар нимаи дуюми рӯзи 18 июл, баъд аз ба тартиб даровардани сарбанд ва тоза кардани канали обгузар, НБО-и «Хоруғ» ба кор дароварда, таъминоти шаҳри Хоруғ ва қисман ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа бо барқ аз рӯи реҷаи муваққатӣ ба роҳ монда шавад. Гарчанде ин кор басо мушкил бошад ҳам, танҳо тавассути кӯҳ бо сад заҳмат имконпазир шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ хатти интиқоли барқи 35кВ аз рӯи нақшаи пешакӣ барқарор карда шавад. Соати 1635 дақиқаи рӯзи 20 июли соли 2015 интиқоли қувваи барқ аз НБО-и «Помир-1» тавассути хатти барқии муваққатӣ ба шабакаи марказӣ оғоз гардад. Дар натиҷа, шаҳри Хоруғ ва навоҳии гирду атрофи он пурра бо неруи барқ таъмин карда шуд.
Вале, бояд гуфт, ки бо дарназардошти шароиту иқлим вазъият метавонад тағйир ёбад. Дар давоми се рӯзи охир бо сабаби такроран омадани сел ва бо ҳар гуна маводу ҷинсҳои кӯҳӣ пур кардани канали обгузар барқчиён маҷбур шуданд, ки се маротиба НБО-и «Хоруғ»-ро аз фаъолият боздоранд.
Мутаассифона, худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Рӯшон, дар мавзеи Тоғмай ва деҳаи Убағни ноҳияи Дарвоз, дар мавзеъҳои Язгулом, Баравн ва Техарви ноҳияи Ванҷ сел фаромада, хатҳои интиқоли барқро қисман хароб намуд ва ҳоло барқароркунии онҳо аз тарафи кормандони шабакаҳои ноҳияҳо идома дорад.
Инчунин 20 июли соли равон соати 1600-и рӯз ба водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ сел фаромада, сарбанди неругоҳи «Андарбак», 20 метр канали обгузар ва боғи назди неругоҳро пурра зер кард ва бинои асосии неругоҳро зери хатар гузошт.
Боиси зикр аст, ки дар кори барқарор намудани хатҳои интиқоли барқ дар қатори кормандони Ширкати «Помир Энерҷӣ» хурду калони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа саҳми босазо гузоштанд. Бешубҳа, танҳо кумаку дастгирии ҳар яки онҳо имкон дод, ки ҳаҷми хеле зиёди корҳо дар давоми 2-3 рӯз ба иҷро расонида шавад.
- Мо ҳеҷ гоҳ заҳмати ихтиёриёни шаҳри Хоруғу ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъаро, ки ҷон ба каф гирифта, аз болои сел симҳои барқ ва сари китф аз болои кӯҳҳо симчӯбҳоро мекашонданд, ҳамчунин хизмати мардуми шарафманди деҳаи Барсемро, ки тамоми коргарону ихтиёриёнро бо ҷойи хобу хӯроки гарм таъмин менамуданд, фаромӯш нахоҳем кард, — мегӯяд Далер Ҷумаев ва идома медиҳад: — Ин рӯзҳои вазнин ҳамаи моро гирди ҳам овард ва собит сохт, ки дар ҳамдастию ҳаммаромӣ мо мушкилоти пешомадаро осонтару тезтар паси сар мекунем ва метавонем барои худ ва фарзандони худ шароити хуби зиндагиро фароҳам оварем.
Мувофиқи ҳисоби пешакӣ танҳо ба соҳаи барқ дар мавзеи харобшуда тахминан 1,692 ҳазор сомонӣ хисорот ворид шудааст ва барои барқарор намудани он маблағи қариб 2,750 ҳазор сомонӣ лозим аст. Дар баробари ин, барои бо барқ таъмин намудани лагери муваққатии зарардидагон барқчиён чораҳои зарурӣ андешида, дар муддати як шабонарӯз 75 хоҷагиро бо барқ таъмин намуданд.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»