Ҷаҳонишавӣ. Ифодаи равобити байналмилалӣ ё коҳишдиҳандаи унсурҳои иҷтимоӣ?

№107 (4527) 29.08.2022

image002Вақтҳои охир дар бораи глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) зиёд мегӯянду менависанд. Дар маҳфилу ҳамоишҳо низ аксар масъалаҳоро дар робита ба ин раванд таҳлилу баррасӣ намуда, хулосаҳо низ бо дарназардошти махсусиятҳои он қабул мегардад.

 Мутаассифона, на дар ҳама ҳолат масъалаи мазкур ҳамаҷониба таҳлил ва махсусиятҳои он бо истинод ба далелу рақамҳо бозгӯӣ мешаванд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ҷанбаҳои мусбати ҷаҳонишавиро инкор намуданӣ нестем. Вале мадди назар бояд дошт, ки дар баробари паҳлуҳои мусбат, ин раванд аз омилҳои манфӣ низ орӣ нест.

 Вобаста ба таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Ба андешаи ман, натиҷаи аз ҳама нигаронкунанда ва ҳатто хатарноки раванди глобализатсия ва ҷараёнҳои ба он пайванд коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст».

 Қабл аз он ки дар бораи махсусият, муҳимият ва мушкилоти ба ин глобализатсия дахлдошта андешаҳоямро баён намоям, бамаврид медонам дар бораи таъриху заминаҳои пайдоиши он мухтасар маълумот диҳам.

 Тавре дар пажӯҳишҳои олимони соҳаи сиёсатшиносӣ зикр шудааст, глобализатсия падидаи нави иҷтимоиест, ки инсоният аз охири асри ХХ ба он мувоҷеҳ шуд. Ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият ва самти тараққиёти он пас аз «ҷанги сард» пайдо шуда, дар минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, пас аз барҳам хӯрдани собиқ ИҶШС доман паҳн кард.

 Мафҳуми «глобализатсия» аз охири соли 1990 ба илм ворид гардид. Аниқтараш, аввалин маротиба соли 1983 мафҳуми «глобализатсия» барои ифодаи равандҳои иҷтимоии характери умумиҷаҳонидошта истифода шудааст. Пайдоиши ин мафҳум ба калимаи лотинии «глобус» алоқамандӣ дошта, ба забони тоҷикӣ маънои «кураи замин» ё «ҷаҳонишавӣ»-ро дорад. Истилоҳи «глобализатсия» аз сабаби мазмуни васеъ доштан ва соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятро фаро гирифтан дар доираҳои гуногуни илмӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

 Коршиносон ба он назаранд, ки глобализатсия ҳамчун раванди муосири иҷтимоӣ ба эъмори «ҷаҳони воҳид» равона шудааст. Глобализатсия шиддати паҳншавии фарҳангҳои бегонаро нисбатан метезонад. Табиист, ки дар ин раванд фарҳанги пешсафони глобализатсия (аврупоӣ) аз бартарӣ бархӯрдор аст.

 Собит шудааст, ки дар марҳилаи глобализатсия доираи молиявӣ афзуда, саноатикунонии кишварҳои рӯ ба инкишоф ба марҳилаи сифатан нав ворид мегардад. Айни замон 60 фоизи гардиши мол дар бозори ҷаҳонӣ ба давлатҳои пешрафтаи саноатӣ рост меояд, ки дар ин давлатҳо ҳамагӣ 20 фоизи аҳолии сайёра зиндагӣ менамояд.

 Дар бораи ин падидаи тозазуҳур бе раддабандӣ кардани он андешаронӣ намудан мантиқан нодуруст аст. Пажӯҳишгарон дар заминаи таҳлилҳои доманадор ҷаҳонишавиро ба иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва экологӣ ҷудо кардаанд.

 Глобализатсияи иқтисодӣ маънои онро дорад, ки манфиатҳои миллӣ — хоҷагидории ­субъектҳо аз доираи миллӣ — давлатӣ берун меравад. Муҳим он аст, ки ин навъи глобализатсия ба фароҳам шудани глобализатсияи сиёсӣ боис мегардад, зеро вазъи сиёсии як кишвар ба устуворӣ ва ҳолати сиёсии кишвари дигар таъсир мерасонад.

 Аз ҷониби дигар, глобализатсия навъи сиёсат ё геополитикае мебошад, ки барои паҳнкунии афкору фарҳанг ва расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷониби давлат ё гурӯҳи давлатҳо равона шудааст.

 Дар илми муосир равишҳои гуногуни таҳқиқи раванди глобализатсия арзи вуҷуд дорад. Масалан, равиши фарҳангӣ глобализатсияро аз ҷанбаи тамаддунӣ шарҳ медиҳад. Ҷонибдорони ин консепсия андеша доранд, ки фаҳмиши ягонаи глобализатсия вуҷуд надорад, зеро файласуфҳо, ҳуқуқшиносон, экологҳо, иқтисодшиносон, сиёсатшиносҳо, физикҳо ва намояндагони дигар қишрҳои гуногуни ҷомеа ин мафҳумро вобаста ба манфиату мақсадҳо ва сатҳи ҷаҳонбинии хеш арзёбӣ менамоянд.

 Бисёр олимон глобализатсияро имконияти дар ҷаҳон паҳн намудани принсипҳои озодии сухан, ҳуқуқи инсон ва демократия, воситаи баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва ғайра номидаанд. Донишманди англис Л. Склер глобализатсияро вобаста ба ҷанбаи сотсиологӣ таҳлил намудааст. Ба андешаи ӯ: «Бисёре аз проблемаҳои муосир дар доираи давлатҳои миллӣ ҳалли худро намеёбад. Ҳалли ин мушкилот дар доираи муносибатҳои байналхалқӣ имконпазир аст. Аз ин рӯ, глобализатсия ифодагари муносибатҳои байналмилалӣ мебошад».

 Донишманди олмонӣ М. Шиман ба он назар аст, ки дар глобализатсияи иқтисодӣ ҳамаи давлатҳо мавқеи якхела надоранд. Дар ин раванд лидерҳо ва тобеин вуҷуд доранд, бозори ҷаҳонӣ ва нархро ташкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо идора ва назорат менамоянд. Ба ибораи дигар, номбурда глобализатсияи иқтисодиро гардиши ҷаҳонии мол, сармоя, хизмат, технология, иттилоот, муҳоҷирати корию меҳнатӣ, ҳукмфармо (монополист) будан дар бозори ҷаҳонӣ ва пайдоиши мушкилоти глобалӣ арзёбӣ кардааст.

 Шоҳиди ҳол ҳастем, ки ба тараққиёти босуръати глобализатсия омилҳои гуногун таъсир расонид. Бесобиқа паҳн шудани технологияи иттилоотӣ ва бениҳоят маъмул гардидани муҳити телекоммуникатсионӣ идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб меравад. Технологияҳои ҷадиди иттилоотӣ имкон фароҳам оварданд, ки одамони дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон маскун бо ҳам зич алоқаманд шаванд. Истифодаи интернет ва телефонҳои мобилӣ барои тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

 Хулоса, глобализатсия марҳилаи нави инкишофи ҷамъият аст, ки аз инқилоби илмию техникӣ ва коммуникатсионӣ маншаъ гирифтааст. Ҳар як фард имкон дорад, ки аз дигаргуниҳо ва навгониҳои тозатарини олам хабардор шавад ва ё иттилооти заруриро дар чанд сония ба нуқтаи дилхоҳи сайёра ирсол намояд.

 Ба андешаи мутахассисони соҳа, аз доман паҳн намудани глобализатсия оқибатҳои хатарнок ва ногувореро низ интизор мебояд шуд, ки аз ин раванд бештар давлатҳои саноатии мутараққӣ бурд менамоянд. Давлатҳое, ки иқтисоди ноустувор доранд, зери таъсири глобализатсия боз ҳам қашшоқтар мегарданд, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва сатҳи бекорӣ афзуда, тамоюлҳои бегона ва аксар маврид носозгор ба маданият ва ҳувияти миллӣ зарбаи марговар мезанад.

 Дар чунин ҳолат саҳми асосиро баҳри ҳалли масъалаҳои глобалӣ давлатҳои пурқудрат бар дӯш гирифта, дар аксар маврид созмонҳои байналмилалиро суиистифода мекунанд.

 Пандемия, мубориза бо коронавирус, истеҳсол ва фурӯши ваксина нишон дод, ки дар ҷаҳони муосир давлатҳо баҳри ҳалли масъалаҳои глобалӣ муттаҳид набуда, мавқеи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ низ мувофиқи мақсад нест. Садҳо далел мавҷуд аст, ки ба роҳ мондани низоми ягонаи иқтисодӣ ва миёни мамлакатҳои ҷаҳон баробар тақсим намудани сарватҳои табиӣ яке аз ҳадафҳои асосии раванди ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад.

 Таҷриба собит кардааст, ки баҳри таъмини сулҳу ваҳдати байни миллатҳо ахлоқи глобалӣ муҳимияти хоса дорад. Бидуни ахлоқи умумибашарӣ дар ин самт наметавон комёб шуд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ афзалият додан ба гуфтугӯи тамаддунҳо, бо дарназардошти инкишофи ахлоқи глобалӣ, зарур ва ногузир аст.

 Дар шароити феълии бархӯрди тамаддунҳо ва доман паҳн кардани ифротгароии динию мазҳабӣ эмин мондан танҳо ба василаи тақвияти ҳувияти миллӣ, табодули фарҳангӣ ва таҳким бахшидани ваҳдату ҳамбастагӣ имконпазир аст.

 Ба андешаи бархе аз донишмандони тоҷик, ҷаҳонишавӣ бештар ба миллатҳо ва давлатҳои миллии аз лиҳози худшиносиву ҳувияти миллӣ нисбатан заиф хатар дошта, ба миллатҳои дорои фарҳангу тамаддуни устувор чандон таъсир надорад.

 Тавре дар оғози матлаб зикр шуд, коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоӣ ҷанбаҳои манфии ҷаҳонишавӣ маҳсуб мешаванд. Намунаи равшани онро дар кишварҳои Аврупо дидан мумкин аст. Дар шароити кунунӣ бештар корҳое, ки қаблан аъмоли нораво эътироф мешуд, ба як амали матлуб табдил ёфтааст.

 Ба «шарофат»- и ҷаҳонишавӣ ба ахлоқ ва тарбияи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ расида, мутааассифона, ин раванд тавсеа ёфта истодааст. Боиси нигаронист, ки баъди ба камол расидан баъзе фарзандон робитаро аз волидайни хеш мекананд. Илова бар ин, ба хонаи бепарасторон бурда мондани онҳо аз тарафи фарзандон дида мешавад, ки чунин ҳолат ба суннати мардуми тоҷик муносиб нест.

 Бо дарназардошти ҳолати баамаломада, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъулияти фарзандон дар назди падару модар тағйиру илова ворид шуд. Тибқи муқаррароти моддаи 34-уми санади мавриди назар: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Набояд фаромӯш созем, ки инсон ҳамеша ниёз ба тарбия дорад, махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ ин масъала муҳимияти бештар касб карда, садде маҳсуб мешавад, ки намегузорад, то фарҳанги миллӣ рахна гардад.

 Табиист, ки Тоҷикистон низ аз раванди ҷаҳонишавӣ дар канор буда наметавонад ва моро мебояд вобаста ба тамоюли ин падида иқтисодиёт ва сиёсати иҷтимоии хешро пеш барем. Роҳҳои бартараф намудани хатарҳои глобализатсия ва ба манфиати худ истифода бурдани ин равандро ҷустуҷӯ ва истифода намудан зарур ва ногузир аст.

 Бояд фаромӯш накунем, ки вақте моҳияти глобализатсия нодуруст дарк мешавад ва талаботи он риоя намегардад, пайомади ногувор ба бор хоҳад дошт. Мушкилоти экологию демографӣ ва иқтисодӣ, буҳронҳои молиявӣ, хатари азбайнравии фарҳанги миллӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

 Ҳаводиси солҳои охир собит намуданд, ки истодагарӣ дар муқобили ҷаҳонишавӣ кори саҳлу сода нест, вале дар сурати меҳвар қарор додани зиракии сиёсӣ ва арҷгузории бештар ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ метавон дар ин самт комёб гардид.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»