Ҷаҳонишавии наврӯз

№39-40 (4622-4623) 17.03.2023

Ормоне, ки ба шарофати пешвои миллат воқеият гардид

Фаррух ФайзуллозодаҲамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз дар воситаҳои ахбори оммаи мамлакат маъракаи густурдаи нашри матолиби ба ин ҷашн рабт­дошта шурӯъ мешавад. Намояндагони касбу кори гуногун кӯшиш менамоянд, ки дар ин маврид андешаҳояшонро баён кунанд, то мардум дар шинохту дарки моҳияту муҳимияти ин ҷашн амиқтар сарфаҳм раванд.

Заҳмати онҳо қобили арҷгузорист, вале меҳвар будани умумигӯӣ дар аксар мақолаҳои мавриди назар масъалаест, ки набояд нодида гирем. Аз ин бармеояд, ки ашхоси мавриди назар огоҳии комил надоранд, ки Наврӯз падидаест ҷаҳони маънӣ дар он нуҳуфта ва фарҳангу фалсафаи он пажӯҳиши амиқро тақозо дорад.

Дар аксар матолиби ба Наврӯз рабтдошта сухан аз замони шоҳ Ҷамшед асту қаробати ин ҷашн бо ислом, иқтибос аз шоирону истинод ба далелҳои то андозае обшуста. Ҳол он ки дар чунин таълифот бояд саҳми боризи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз меҳвар бошад, зарурати таҷлили он дар шароити кунунӣ, бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир баён гардад, мардум барои арҷгузории ҷашн ва тав­сеаи бунёдкорӣ дар ин марҳила роҳнамоӣ шаванд.

Вақте дар ин самт иқдом мекунанд, бояд ин таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон сармашқи кор бошад: «Бовар дорам, ки аҳли зиёи мамлакат, олимону донишмандони ҷомеашиноси мо, аз ҷумла муаррихону мардумшиносон, минбаъд ба омӯзиш ва таҳқиқи асолати таърихии ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аҳли эҷод беҳтарин асарҳои ­худро ба ин мавзӯъ мебахшанд ва нақши ҷаҳонии онро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо боз ҳам равшану возеҳ месозанд».

Зимни иншои матолиби марбут ба моҳияти ин ҷашн истинод ба далелу рақамҳои таърихӣ ногузир аст, вале меҳвар бояд рӯйдоди таърихӣ — 23-юми феврали соли 2010 бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид байналмилалӣ эътироф шудани Наврӯз ва аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳанги инсоният ворид шудани он бошад.

Иқдомҳои вобаста ба Наврӯз амалигардида кам нестанд ва дар ин ҷода равашанфикрони мо кӯшиши зиёд кардаанд. Вале эътироф бояд кард, ки маҳз мақому манзалати бениҳоят баланд ва маҳбубияту нуфузи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ замина барои ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз гардид. Моҳиятан ин иқдом идомаи мантиқии ба воқеият табдил додани ормонҳои мардум аз ҷониби фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мебошад, ки бояд беш аз пеш таҳқиқу васф шавад.

Суханони Пешвои миллат: «Наврӯз дар тӯли таърихи ҳазорсолаи худ рамзи эҳё ва бедории табиату ҷомеа, поксозии маънавӣ ва худидоракунии инсон мебошад. Ин ҷашни фархунда некуаҳволӣ, ваҳдат, бародарӣ ва дастгирии мутақобила, инчунин тамоми он арзишҳои фарҳангиву таърихии абадиамонро, ки халқҳои моро муттаҳид месозанд, таҷассум мекунад. Ин мероси бузургро, ки аз аҷдодони умумиамон ба мо мерос мондааст, бояд ҳифз намоем ва онро инкишоф диҳем», — далели таваҷҷуҳи хосаи ин Абармард ба ҷашни мазкур аст.

Наврӯз таърихи беш аз 6000 — сола дошта, айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими киштукор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон арзёбӣ мешавад. Далели бебаҳс аст, ки мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот таркиб ёфта, шаст қарн инҷониб барои мардуми мо ҳамчун омили ҳас­тисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зимни шарҳу тавзеҳи моҳияти ҷашни зикршуда мояи ифтихори Пешвои миллат он аст, ки «мардуми дунё ҳамдигарро бо ибораи зебои тоҷикии «Наврӯз муборак» таҳният мегӯянд».

Баъзан дар мавриди марҳилаи эҳё ва рушди анъанаҳои марбут ба Наврӯз андешаҳое иброз мегардад, ки то андозае ба воқеият мухолифат дорад. Дар ин бобат Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Имрӯз мо бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон Наврӯз – ин оини бебаҳои аҷдодии худро эҳё кардем ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё намудем».

Ҷанбаи дигаре, ки ба он бояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд, оғозбахши марҳилаи мутеъ гардидани табиат ба инсон будани Наврӯз ба ҳисоб меравад. Ин андеша моҳиятан ва мантиқан асоснок аст. Шоҳидем, ки дар дигар давраҳои сол «муқовимат»-и инсон бо табиат бидуни «созиш» идома ёфта, дар аксар маврид ҳаводиси табиат хилофи хоҳиши инсон рух медиҳад. Вале дар Наврӯз табиати мағрур мутеи инсон мегардад, лутфу марҳаматро арзонӣ медорад. Дар навбати худ, инсон низ бо зудудани кинаву кудурат кору пайкорро дар сатҳи наву сифати баланд шурӯъ карда, ба истиқболи табиат оғӯш мекушояд.

Фазилати дигари ҷашни мазкур он аст, ки хушбин буданро ба мардум талқин менамояд. Вақте шахс дар заминаи зиндагии пурсаодат мутмаин мешавад, ки ӯро Наврӯзи дигар дар пеш аст, рӯҳу илҳоми тоза мегирад, ба зиндагии аз зовияи дигар муносибат ва қаробат мекунад. Биноан, ниёкони мо ниёиш мекарданд:

Эй Худованди замину осмон,

То ба Наврӯзи дигар моро расон.

Падидаи фаромиллӣ будани Наврӯз ҷанбаи нисбатан муҳим ба ҳисоб рафта, аз ягонагии инсон ва табиату кайҳон, инчунин ваҳдати инсоният шаҳодат медиҳад. Вақтҳои охир дар бораи глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) зиёд мегӯянду менависанд. Дар маҳфилу ҳамоишҳо низ аксар масъалаҳоро дар робита ба ин раванд таҳлилу баррасӣ намуда, хулосаҳо низ бо дарназардошти махсусиятҳои он қабул мегардад.

Мутаассифона, на дар ҳама ҳолат масъалаи мазкур ҳамаҷониба таҳлил ва махсусиятҳои он бо истинод ба далелу рақамҳо бозгӯӣ мешаванд. Тавре дар пажӯҳишҳои олимони соҳаи сиёсатшиносӣ зикр шудааст, глобализатсия падидаи нави иҷтимоиест, ки инсоният аз охири асри ХХ ба он мувоҷеҳ шуд. Ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият ва самти тараққиёт он пас аз «ҷанги сард» пайдо шуда, дар минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, пас аз барҳам хӯрдани собиқ ИҶШС доман паҳн кард. Мафҳуми «глобализатсия» аз охири соли 1990 ба илм ворид гардид. Аниқтараш, аввалин маротиба соли 1983 мафҳуми «глобализатсия» барои ифодаи равандҳои иҷтимоии характери умумиҷаҳонидошта истифода шудааст. Пайдоиши ин мафҳум ба калимаи лотинии «глобус» алоқамандӣ дошта, ба забони тоҷикӣ маънои «кураи замин» ё «ҷаҳонишавӣ»-ро дорад.

Истилоҳи «глобализатсия» аз сабаби мазмуни васеъ доштан ва соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятро фаро гирифтан дар доираҳои гуногуни илмӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Коршиносон ба он назаранд, ки глобализатсия ҳамчун раванди муосири иҷтимоӣ ба эъмори «ҷаҳони воҳид» равона шудааст. Аз он нигаронам, ки дар раванди таҳқиқи махсусиятҳои Наврӯз пажӯҳишгарони мо исрор намеварзанд, ки гузаштагони мову шумо заминаҳои ҷаҳонишавиро ба шарофати Наврӯз дар асри панҷи пеш аз мелод гузошта буданд.

Ҳамчунин, омилу сабабҳои қобили қабул эътироф шудани таҷлили ин ҷашн миёни мардуми АвруОсиё то кунун шарҳу тавзеҳ дода нашудааст. Дар ин маврид мухтасар метавон гуфт, ки Наврӯз равобити дӯстона ва ҳамзистии мусолиматомези қавму миллатҳои гуногуни ин қаламрави паҳновару мутамаддинро таҷассум менамояд. Аз ин лиҳоз, бидуни «ҷиҳод»-у таҳмил мардуми ақсои олам онро пазируфта, ин раванд муттасил аст.

Таҳаммулгароӣ ҷавҳари ин ҷашн ба ҳисоб рафта, авлавият будани посдории обу замин ва оташу бод шаҳодати ин гуфта аст.Чун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бо Наврӯз тавъаманд, таълимоти ахлоқӣ ва маънавии марбут ба он барои ҳама давру замонҳо созгор аст. Ёдгориҳои Тахти Ҷамшед шаҳодат медиҳанд, ки ҷашни мавриди назар дар қаламрави 23 кишвари онрӯзаи ҷаҳон, ки ҳудуди бузургеро аз кӯҳҳои Ҳиндукуш то Мисру Юнон ва аз Россияву Қафқоз то Ҳиндустони кунунӣ дар бар мегирифт, таҷлил мешуд. Дар ин миён рӯзи шашуми ҷашн, ки дар солшумории хуршедӣ Хурдодрӯз ном дорад, манзалати хоса дошта, дар ин рӯз «Наврӯзи бузург» таҷлил мегардад. Шаҳомати ин рӯз ба он марбут аст, ки гӯё дар ҳамин рӯз асоси андешаи бузургии инсон гузошта шудааст.

Ба шарофати дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таълимот тамоюли ҳамагониро касб кард, дар ҷашни Наврӯз мардум кинаву адоватро аз дилҳо дур меандозанд, ба покиву садоқати ботинӣ рӯ меоранд, баҳри беҳбудии фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеа иқдом менамоянд.

Дар заминаи таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба русумҳои нав­рӯзӣ ва талқин намудани онҳо, ҳамватанонамон паймону ростӣ ва покиву садоқатро меҳвару сармашқи кор қарор дода, дар ҳама самтҳо комёбанд, зеро ин арзишҳо инсонро ба ободкорӣ, созандагӣ ва пешрафт ҳидоят мекунад.

Таъмини адолат низ дар ин раванд истисно набуда, оини «Сӯги Сиёвуш» ва такмили минбаъдаи он, чун «Сайри гули сурх» ва «Сездаҳбадар» аз бузургтарин ҷашнвораҳои наврӯзӣ мебошанд, ки пирӯзии ­адолатро бар зулм ифода мекунанд. ­Масъалаи дигаре, ки ба таври бояду шояд таҳқиқу бозгӯӣ нашудааст, фарҳанги Наврӯз мебошад.

Бо ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ин фарҳанг густурда шуда, масъулияти инсонҳоро барои ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фузун кард. Вобаста ба ин масъала таъкиди Сарвари хирадсолори давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон айни муддаост: «Тарғиби фарҳанги Наврӯз метавонад ғоя ва амалияи Роҳи бузурги абрешимро густариш дода, ба эҷоди бозори муштараки кор ва тиҷорат дар минтақа мусоидат намояд. Фарҳанги маърифатпарваронаи Наврӯз ҳамчунин метавонад барои тавсеаи ҳамкориҳои наздик дар соҳаҳои иттилоот, маориф, фарҳанг ва иҷрои тарҳҳои муштараки илмӣ дар бахшҳои гуногун мусоидат намояд».

Ҷузъи дигари фарҳанги Нав­рӯз, ки таваҷҷуҳро ба он бояд афзун намоем, озодагӣ аст. Он баёнгари покии тан ва рӯҳи озодагӣ ва наҷобати пиндор, гуфтор ва кирдори афроди ҷомеа, покиву назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист, сиҳатии инсон, парвариши рӯҳи солим аз меъёрҳои ҳастии инсонист.

Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз қодир аст ба ҳайси маҷмӯи таълимоти нави сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, чун барномаи дӯстиву баҳамойии аҳли сайёра барои ҳалли масоили мубрам ва доғи ҷаҳони муосир саҳмгузор бошад.

Чун ҳамешагӣ дар ин самт низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускор буда, дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд: «Фарҳанги Наврӯз моро ҳидоят мекунад, ки дар навбати аввал роҳҳои иртибот ва коммуникатсияро дар дохили кишварҳоямон барқарор кунем ва онҳоро такмилу инкишоф бахшем ва ба ҳамин васила теъдоди ҳар чӣ бештари омилҳои ҷудоиро дар байни миллатҳо ва давлатҳои ҳавзаи наврӯзӣ аз байн бардорем».

Ба андешаи ин Абармарди дунёи сиёсат, «Барқарор ва бунёд намудани роҳҳои иртиботӣ ва воситаҳои иттилоотӣ дар ҳавзаи фарҳанги наврӯзӣ ба таҳкими ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ва равобити тиҷоратӣ дар байни кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард».

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб барҳақ кишварамонро Ватани Наврӯз гуфтааст. Дар арафаи ин ҷашни ҷаҳонии пурмоҳияту мафкурасоз аз ҳамватанони гиромӣ хоҳишмандем, ки қалбҳои худро аз душманӣ, кудурат, бухлу ҳасад ва гумону шубҳа пок намоянд, меҳру муҳаб­бат ва самимиятро дар дилҳояшон доимӣ маскун намоянд. Бо шукргузорӣ аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба заҳмату ҷоннисориҳои ин Абармард, садоқат ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум ва дурнамои нек кору пайкор намоем.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»