Чанде пеш дар деҳоти «Яхтан»-и ноҳияи Деваштич ба муносибати 100-солагии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ӯрунбек Ёқубов чорабинӣ доир шуд, ки дар он ҳамдиёрон боиси ифтихори на фақат мардуми ноҳияи Деваштич, балки хурду калони собиқ Ӯротеппа (он солҳо деҳаи Яхтан дар итоати уезди Ӯротеппа, губернияи Самарқанд қарор дошт) будани ӯро ёдовар шуданд.
Ҳозирин аз рӯзгори қаҳрамон, ки лабрез аз шуҷоатмандӣ, заҳмату ободкорӣ мебошад, ёдрас шуда, гуфтанд, ки Ватан ҳеҷ гоҳ номи фарзандони қаҳрамонашро фаромӯш намекунад.
Рӯзноманигори шинохта Эгамназари Соҳибназар, ки дар паҳлуи ман менишаст, гуфт:
- Деҳоти «Яхтан» ҳар сол нақшаи ҷалби наваскарон ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мекунад, чунки ҷавонони деҳот пайрави Ӯрунбек Ёқубов мебошанд. Даъватшудагон аввал дар назди нимпайкараи қаҳрамон саф ороста, қасам ёд мекунанд, ки корномаи ҳамдеҳаашонро идома хоҳанд дод. Ӯрунбек Ёқубов дар деҳаи Яхтан ба дунё омадааст ва то ба хизмати ҳарбӣ рафтан дар ин хоҷагии кишоварзӣ, ки ҳоло номи ӯро дорад, деҳқонӣ кардааст.
Дар китоби «Ёдбуди қаҳрамонон» (Хуҷанд, нашриёти «Ношир», 2005) роҷеъ ба корномаҳои ҷангии Ӯрунбек Ёқубов навиштаанд, ки соли 1938 ба хизмати Артиши Шӯравӣ даъват шуда, дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон хидмат кардааст. Сипас, дар ҷанги Финландия ширкат варзида, соли 1941 ба зодгоҳ баргаштааст.
Баробари сар шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун тирандоз- миномётчӣ ба ҷанг фиристода мешавад. Ӯ сардори ротаи миномётчиёни полки 248-уми тирандозии дивизияи 31-уми тирандозии Армияи 46-уми Фронти Степной буд. Аввалин амалиёти ҷангиаш тирамоҳи соли 1941 дар назди Таганрог сурат гирифтааст. Баъд дар муҳорибаҳои шадиди Сталинград иштирок карда, дар озодкунии вилояти Харков корнамоӣ нишон додааст.
27 сентябри соли 1943 яке аз аввалинҳо шуда, дарёи Днепрро гузашта, дар се рӯз бо миномёт чанд ҳуҷуми пай дар паи душманро пас гардонида, фашисти зиёдро маҳв намудааст. Соли 1944 курси лейтенанти хурдро хатм карда, ҳамчун афсар дар муҳорибаҳои Корсун-Шевченковск, озодкунии Лаҳистон ва набардҳои ҳудуди Германия иштирок кардааст.
Бо фармони раиси Президиуми Совети Олии Иттифоқи Советӣ аз 22 феврали соли 1944 барои далерию ҷоннисорӣ ба Ӯрунбек Ёқубов унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст. Дар ин бора дар рӯзномаи «Красная звезда» (22 апрели соли 1945) мақола нашр гардидааст, ки дар он чанд лаҳзаи қаҳрамонии ин ҷавонмарди тоҷикро ба риштаи тасвир кашидаанд.
Моҳи июни соли 1945 дар «Майдони сурх»-и шаҳри Москва ба шарафи Иди зафар расми гузашти ҳарбӣ баргузор шуд, ки Ӯрунбек Ёқубов дар сафи аввали он қадам задааст. Баъди анҷоми он бо сари синаи пур аз ордену медал сарбаландона ба зодгоҳаш бармегардад.
Роҳбарияти шаҳри Ӯротеппа он замон ба уҳдаи ин родмард сарварии шуъбаи мудофиаи шаҳрвандиро гузошт. Солҳои 1946-1948 Ӯрунбек Ёқубов дар мактаби ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳсил кард. Соли 1947 меҳнаткашони шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) ӯро ба Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дуюм депутат интихоб карданд.
Ӯ солҳои 1948-1984 дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ ва хоҷагӣ фаъолият намуда, боқимондаи ҳаётро дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе сипарӣ кардааст.
Ӯрунбек Ёқубов барои хизматҳои ҷангию меҳнатӣ, ҳамчунин бо орденҳои «Ленин», «Ситораи Сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи 1, «Нишони Фахрӣ» ва дигар медалҳо мукофотонида шудааст. Соли 1984 ба нафақа баромада, соли 1989 вафот кардааст. Оромгоҳаш дар шаҳри Душанбе аст.
Барои абадӣ гардонидани номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ӯрунбек Ёқубов дар зодгоҳаш — деҳаи Яхтан, ҳамчунин дар майдони ғалабаи ноҳияи Деваштич нимпайкарааш гузошта шудааст.
Ҳусейни Назрулло,
«Садои мардум»