Онҳоро бояд донем
Чун сухан дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ равад, ҳама аз диловарӣ ва ҷасорати сарбозони шуҷоъ ҳарф мезананд. Вале сарбозони бесилоҳ буданд, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз меҳнат карда, Аскарони Сурхро бо техникаи ҳарбӣ, силоҳ, хӯрокаву пӯшока таъмин мекарданд.
Дар ин матлаб сухан дар бораи сокинони деҳаи Терайи ноҳияи собиқ Даштиҷум ва ноҳияи Шӯрообод меравад.
Дар мавзеи Ҷангалак ва Бедихоҳ, дар дараи Фаркони ноҳияи собиқ Даштиҷуму Шӯрообод солҳои 1925 -1926 Ширкати истеҳсоли тилло таъсис дода шуд. Аз рӯи ҷустуҷӯ ва тадқиқоти Идораи соҳаи ҷустуҷӯ ва геологияи он солҳо танҳо дар Бедихор 10 -15 тонна захираи тилло вуҷуд дошт. Дар дигар мавзеъҳои Ҷангалак ва теппаи Фаркон низ захираи зиёди тилло мавҷуд буд. Аз аввали солҳои ҷанг корхона шабу рӯз дар ду баст кор мекард.
Дар он солҳо барои ёрӣ ба фронт тиллокорӣ ривоҷ ёфт. Раисони аввалини ширкат Мирзо Гулмад, Муҳаммад Орзуев, Сайдалӣ Сайдамиров ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанд. Коргарон, ки аксарияташон занону мӯйсафедон буданд, дар ду баст кор мекарданд. Онҳо ба ғалабаи Армияи Сурх алайҳи душман боварӣ доштанд. Коргарон тиллоро дар халтачаҳо андохта, ба сандуқчаҳои махсус мегузоштанд. Мутахассиси соҳа, марди рус инженер Зверев, дастёронаш Исмоил ва Солеҳ, кормандони пешсаф Мурод Бобоев, Мирзо Гулмадов, Сангинмад, Савлатбӣ, Майна ва Рухсораву Иззатмоҳ буданд. Он солҳо дар деҳоти «Саричашма», «Навобод», «Шӯрообод» (деҳаи Зардолуак) корхонаи оҳангарӣ кушода шуд. Усто Шариф бо писаронаш Носир ва Шароф (охирӣ ба хидмати Ватан рафта, дар фронти Смоленск аз як пой маҳрум гашт) машғули кор буданд.
Дар деҳоти «Саричашма» усто Одина ва усто Марраҳим шабу рӯз дар коргоҳи оҳангарӣ заҳмат кашида, дос, шоҳин, ёғу сипор, шотунароба, ки ба ҷуфти гов баста мешуд ва чигина ном дошт, месохтанд.
Солҳои 1942 — 1943 устоҳои оҳангар усто Шароф, усто Марраҳим ва Одина шабҳои дароз нахуфта, барои аспони дастаи «Горди савораи тоҷик» наъл, зину лаҷом сохтанд. Илова ба ин, зиёда аз 150 саманди бодпо аз хоҷагии «Сотсиализм» ва «Гули сурх» ба ҷанг фиристонида шуданд.
Яке аз шоҳидон, ветерани ҷангу меҳнат Тошмаҳмад Гулмадов чунин нақл кард:
- Дастаи «Гвардияи савораи полки тоҷик», ки сарвараш Сайидаҳмад Каримов буд, душмани ғаддорро саркӯб карда, бо дӯстону ҳамяроқон Рӯзи ғалабаро дар Берлин пешвоз гирифтанд.
Солҳои аввали ҷанг мардуми ақибгоҳ рӯзҳои мудҳиш ва душвору вазнинро паси сар карданд. Яке аз он мушкилиҳо норасоии гӯгирд ва дигар маводи сӯзишворӣ буд. Тирамоҳи соли 1943 ғалла надаравида ва накӯфта монд. Зеро қувваи корӣ намерасид, мардони қобили меҳнат, аз ҷумла, Мадамин Наймов, Назаралӣ Насимов, Зариф Шарифов, Абӯалӣ Холмадов, Солеҳ Бобоев ва дигарон барои кор ба баталёнҳои коргарӣ, ба Сибир рафтанд. 25 нафар аз деҳаи Навобод, 11 кас аз Ғазғарак, 22 нафар аз Зардолуак, Туданӣ, 7 нафар аз деҳаи Зӯғ, 110 нафар ба минтақаи Сибир – шаҳрҳои Красноярск, Омск, Новосибирск сафарбар шуданд. Онҳо дар ҷангалзор чӯб бурида, ба заводҳои коркарди чӯбу тахта равон мекарданд.
Солҳои душвори ҷанг мардум аз нокифоягии нон, пӯшок, маводи сӯзишворӣ сахт азоб мекашиданд. Соли 1944 бо ёрии занон киштзорҳоро шабдарав карданд. Аммо тирамоҳ – моҳи октябр барф борид ва ними ғалла нокӯфта монду пӯсид. Дар деҳаи гирду атроф 3-4 мард боқӣ монда буд, яке ба ҳайси раису дигар бригадир ва сеюм хазиначӣ кор мекарданд.
Шоҳидон Аймо Бекназарова, Рухсора Қурбонова ва Сабрӣ Юсуфова чунин нақл карданд: «Зимистони соли 1944 дар деҳаи ҳамсоя — Ғазғарак оташ хомӯш шуд. Занҳо аз деҳаи Ғазғарак бо кафшҳои чӯбӣ, дар барф ғӯтида, ду-се километр роҳро тай карда, ба деҳаи Навобод омаданд. Барф то зону борида буд. Онҳо дар даст сатили куҳна доштанд ва аз ҳар кас пурсон мешуданд: «Апа, алов, дорӣ?». Занҳои Навобод дар сатилҳояшон лахчаи алов андохта, онҳоро гусел карданд. Ҳамин тавр, бо душворӣ оташро дар деҳаи Ғазғарак фурӯзон карданд».
Ягон кадбону дар деҳа рӯзона нон намепухт. Тахминан соатҳои 9-10-и шаб нон ё гардоб пухта мехӯрданд. Занҳо аз омехтаи мағзи пундонаву ғомуки ширинкарда ва ё аз орди ҷав нон тайёр мекарданд. Ғомукро нон пухта мехӯрданд, ки халқро ба дардҳои бедаво гирифтор мекард.
Ба душвориҳо нигоҳ накарда, занони заҳматкаш Розия, Айдмоҳ, Рухсора, Собира, Хосият аз деҳаи Навобод, Иззатмоҳ, Дунёбегим, Кӯлобӣ, Бегимоҳ аз деҳаи Ғазғарак шабона паси сандалӣ нишаста, то саҳар пойпӯш, ҷӯроб, дастпӯшак, сачоқ, дастмол мебофтанд. Ғизои хушк, аз қабили ғулинг, туту мавиз, тутпис (пирқоти) (пирқанд) бодому писта, қоқи себу ноку харбуза, қурут ва талқонро шабона дар халтаҳо ҷой дода, то субҳидам ба ҷамоати деҳоти «Гули сурх» меоварданд.
Соли 1943 дар хоҷаги «Сотсиализм»-и деҳоти «Гули сурх» Бегимоҳ Назарова сарподабон шуд. Шавҳараш дар ҷанг фавтида, падараш ба Сибир рафта, дар баталёни коргарӣ кор мекард. Ӯ бо ду фарзанди хурдсол подаи колхозро дар ҷангалу пуштаҳо мечаронд. Чунки фермаи гӯштӣ-ширии «Гули сурх» вазифадор буд, ки ҳар моҳ аз рӯи реҷа гӯшту пӯст истеҳсол карда, ба фронт фиристонад.
Дар ҷангалу адирҳо либосҳои Бегимоҳ пора шуданд ва ӯ шабона 10-15 км роҳро тай карда, ба хонаи Майрамбӣ расид. Майрамбӣ ба ӯ як куртаву поҷома дод. Бори дувум ҳангоми подабонӣ либосу пойафзолаш дарид. Раиси колхоз Зарифов ба ӯ маслиҳат дод, ки кӯрпаҳои куҳнаашро дар ҳалоҷӣ гузаронда, дар чарха ресида, куртаву поҷома дӯзад.
Ин буд лаҳзаҳо аз ҳаёти душвору вазнини ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945. Солҳое, ки мӯйсафедон ва занони заҳматпеша бо меҳнати самаранок барои расидан ба Рӯзи ғалаба саҳми бориз гузоштанд.
Исматуллоҳ ЯЪҚУБЗОД,
Рӯзноманигор