Чанде пеш бахшида ба ҳаштсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокчиёни семинари ҷумҳуриявӣ расонд. Мавсуф доир ба қабул шудани қонунҳои миллӣ — қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва нақши онҳо доир ба танзим даровардани расму оини мардумӣ, беҳтар ба роҳ мондани тарбияи насли нав-рас сухан ронд. Зикр намуд, ки таъсири мусбии ин қонунҳо ба ҳар оила расидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ду маротиба бо зиёиёни кишвар вохӯрӣ доир намуд. Ҳангоми таҳия ва қабули ин қонун назари мардум, таклифу пешниҳодҳо ба эътибор гирифта шуд.
Ҷиҳати татбиқ ва назорати иҷрои қонуни мазкур дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохтори махсус таъсис ёфт. Бо вуҷуди ин, ҷиҳати татбиқи қонуни мазкур камбудиҳо ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва масъулини бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро лозим аст, ки камбудиҳои мавҷударо ислоҳ намоянд.
Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 – «Соли оила» эълон шуд ва он бори дигар аз ғамхориву таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба маърифати оиладорӣ, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила шаҳодат медиҳад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид намуд, ки ҳадаф аз семинари имрӯза дар ҳамбастагӣ ва ҳамфикрӣ пеши роҳи зуҳуроти номатлуб ва ифротгароро гирифтан мебошад. Ҷомеаро ҳушдор бидиҳем, ки ба қадри сулҳу субот, оромию осудагӣ, ки пеш аз ҳама, ба шарофати саъю кӯшишҳои Роҳбари давлат ба даст омадааст, бирасем. Барои таҳкими ваҳдату бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ бештар аз ҳар вақти дигар кӯшиш ба харҷ диҳем.
Муовини раиси вилояти Хатлон Шерзода Ситораи Маннон дар суханронии худ зикр намуд, ки дар вилоят давоми ҳашт соли сипаригардида ва панҷ моҳи соли 2015-ум 422 ҳазору 669 маърака гузаронида шуда, хароҷоти умумӣ 908 миллион сомониро ташкил дод. Аз ин шумора 2429 адад тӯйҳои дастаҷамъонаи арӯсию домодии хайриявӣ ва 40 ҳазору 299 адад тӯйҳои дастаҷамъонаи хатнасури хайриявӣ гузаронида шуд. Аз теъдоди умумии маъракаҳои баргузоргардида 844 адад қонуншиканиҳо ошкор гардиданд.
Ҷомеае, ки мо ташаккулу такомул медиҳем, дорои тамоюли иҷтимоӣ мебошад ва татбиқи адолати иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои муҳими он аст. Мавриди зикр аст, ки дар замони шӯравӣ адои маносики ҳаҷ хеле мушкил буд. Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат ҳамасола аз вилоят зиёда аз 1900 нафар зоирин яке аз рукнҳои дини мубини ислом — Ҳаҷи фарзиро бемамоният ба ҷой меоваранд.
Боварии комил дорем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар як фурсати кӯтоҳи таърихӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои онҳо таҳаввулоти бузург ва натиҷаҳои мусбатро ба бор овард, минбаъд низ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши муассир хоҳад гузошт.
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар суханрониаш чунин зикр намуд:
- Тайи ҳашт соли амал кардани қонуни мазкур ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем, аз ҷумла:
1. Қонуни миллии кишвар, қабл аз ҳама, шароити мусоиди баргузории маъракаҳои хурсандиро фароҳам оварда, дар як муддати кӯтоҳ тӯйҳои домодию арӯсӣ якбора ду маротиба афзоиш ёфта, ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки бо сабаби надоштани шароити молиявӣ хонадор шуда наметавонистанд, оила барпо намуданд. Агар дар солҳои 2005-ум 52280, соли 2006-ум 57115 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2007- соли аввали татбиқи қонун 97562 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд.
2. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявии ҷаҳонӣ қонун тавонист манфиати мардуми кишварро ҳимоя намуда, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳо мусоидат кунад. Дар ин замина, давоми шаш соли амали қонун захираҳои пулии мардум дар бонкҳо беш аз 20 баробар афзоиш ёфт.
3. Дастоварди бузург ва асосии қонун озод намудани шаҳрвандон аз маъракаҳои иловагию хурофотӣ буд. Қисми зиёди маъракаҳои нолозим аз байн рафта, қисмати дигар ба низоми муайян дароварда шуданд.
Маросимҳои сол, чил ва тӯйҳои домодию арӯсӣ, дар маҷмӯъ, ба низом даромада бошанд ҳам, вале ҳанӯз баъзе зиёдаравиҳо аз ҷониби соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ашхоси мансабдор ва қисме аз рӯҳониён ба назар мерасад.
4. Дастоварди дигари қонун сарфаю сариштакорӣ ва ҳимояи дороии мардум мебошад. Пеш аз қабули қонун дар баргузории 52 маъракаи манъгардидаи ҷумъагӣ дар як сол барои 109202 нафар шахси фавтида беш аз 3 миллиарду 691 млн. 27 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби миёна дар як маърака тақрибан 650 сомонӣ ё 100 доллари ИМА) зарур меомад. Ҳоло шаҳрвандон бо баргузории маъракаҳои тӯйҳои домодию арӯсӣ, хатнасур, чил ва сол маҳдуд гардида, беш аз 6 миллиарду 619 миллиону 372 ҳазор сомонӣ ба манфиати буҷети оилавии онҳо нигоҳ дошта шудааст.
5. Дастоварди дигари қонун дар он ифода меёбад, ки мо имкон пайдо намудем, яке аз рукнҳои муҳими ҷомеа — анъана ва ҷашну маросимҳоро ҳисоби оморӣ намуда, динамикаи афзоиш ва пастшавии онҳоро зери назорат қарор дода, ҷиҳати таъмини дурнамои вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар оянда истифода барем. Ба ҳисоби миёна ҳар сол дар ҷумҳурӣ тақрибан 145-150 ҳазор маърака барпо мегардад.
Баргузории ҷашну маъракаҳои мардумӣ аз назари иқтисодӣ инъикоси воқеияти дороии оилаҳои Тоҷикистон аст, вале на аз ҷониби ҳама мақомот ин меъёр ба инобат гирифта мешавад.
6. Амали қонун забҳи чорворо ба муносибати ҷашну маросимҳо бамаротиб кам карда, ба нигоҳ доштани саршумори чорвои калон мусоидат намуд. Давоми амали қонун дар 1158660 маърака 725 ҳазору 127 сар чорво забҳ гардид. Барои ин миқдор маъракаҳо дар давраи то қабули қонун эҳтимолияти забҳи беш аз як миллиону 738 ҳазор сар чорво вуҷуд дошт.
7. Амали қонун ба татбиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи рӯёнидани андоз аз ҳофизон, тарабхонаҳо ва наворбардорон мусоидат кард. Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ҳафт соли охир маблағи андоз аз ин ашхос беш аз 17 миллиону 14 ҳазор сомониро ташкил кардааст.
8. Тайи панҷ соли охир ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани муҳтавои риояи сархати 6 моддаи 9-уми қонун ва эҳёи анъанаи неки ниёгон аз ҷониби Президенти мамлакат ташаббуси баргузории тӯйҳои хайриявӣ ва дастаҷамъона вусъат ёфт. Танҳо дар шаш соли охир хатнасури 70 ҳазору 020 нафар кӯдакон ва тӯйи домодию арӯсии 4139 ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд тариқи дастаҷамъӣ бо дастгирии соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ барпо гардид. Бо шарофати ин иқдоми хайр 78298 оила аз хароҷоти баргузории маърака озод гардиданд.
Дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳою проблемаҳо зимни амалисозии қонуни мазкур ба назар мерасанд. Дар бисёр мавридҳо ваколатдорони соҳа ҳангоми санҷишҳо бисёр қонуншиканиҳоро ошкор намуданд.
Давоми моҳҳои январ — апрели соли 2015 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимӣ ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 112 адад парвандаҳо оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шуда, аз тарафи судҳо баррасӣ шудаанд. Маблағи ҷаримаҳо зиёда аз 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла аз тарафи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Таҳлилу санҷиш, омӯзиши рафти иҷрои қонуни мазкур дар ҷумҳурӣ, фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин шуъбаву бахшҳо нишон медиҳад, ки ҳанӯз аз раванди иҷро ва риояи қатъии қонун қаноатманд шудан мумкин нест, зеро проблемаю мушкилиҳо то кунун дар ин самт ба назар мерасанд.
Аксари аъзои комиссияҳои доимӣ то имрӯз ҳамчун аъзои ифтихорӣ номашон дар рӯйхат мавҷуд аст, вале ҳангоми ба миён омадани ягон масъала бетарафиро ихтиёр мекунанд ва тамоми масъалаҳоро ба зиммаи бахшҳо мегузоранд. Аъзои комиссияҳои доимӣ бояд дар доираи салоҳияту ваколати худ амал намуда, вазифаҳои худро донанд. Дар доираи Нақшаи кории тасдиқшуда уҳдадориҳои худ-ро амалӣ созанд.
Сарвари давлат ба масъалаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, бахусус танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қариб дар ҳар вохӯрию мулоқотҳояшон ишора менамоянд, аз таваҷҷуҳи пайвастаашон ба амалисозии қонуни мазкур, ки ба меъёри зиндагиномаи ҳар як шаҳрванд табдил ёфтааст, гувоҳӣ медиҳад.
- Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳа, махсусан сармутахассисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пайваста дастуру супоришҳо дода шуда буданд. Бо вуҷуди ин, — гуфт дар идомаи суханрониаш Давлатзода Сулаймон, — то имрӯз барои аксарияти кормандони соҳа дар ҷамоатҳо шароити зарурии корӣ фароҳам оварда нашуда, онҳо ба вазифаҳои ба салоҳияташон дахлнадошта сафарбар карда мешаванд. Инчунин ҳолатҳои зуд-зуд иваз намудани кадрҳо ба назар мерасад, ки ба фаъолияти минбаъдаи бахшҳо ва сармутахассисони ҷамоатҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Дар семинар фаъолияти бахш ва комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ҳаматарафа таҳлил шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо тавсияҳо пешниҳод гардиданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»